logo area

Мақолаҳои забоншиносӣ


100 – СОЛАГИИ “КУРСИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ”-И ФЕРДИНАНД ДЕ СОССЮР


Фердинанд де Соссюр (1857-1913) бунёнгузори мактаби ҷомеашинохти забоншиносӣ (онро низ мактаби франсавӣ меноманд). Бо вуҷуди ин, бисёре аз мавридҳои назарияааш поя ва асосгузори равиши дигар, ки пас аз он шакли забоншиносии сохторгароӣ ба ваҷуд овардааст. Ба ҳамин далел ва бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки теъдоде аз мавридҳои аз ҷониби ӯ матраҳшуда доктринаи забоншиносии Фердинанд де Соссюр фаротар аз ҳар мактаби хос аст ва иртибот мустақим бо худи Фердинанд де Соссюр ( ҳамчун "сосюргароӣ дар забоншиносӣ" маъруф гардидааст), натанҳо ба унвони як намояндаи ҷудогона аз мактаби забоншиносии ҷомеашинохтӣ, балки онро ба дурусти ба таври ҷудогона ҳамчун як падида дар назар гирифтан мебояд.

Фердинанд де Соссюр - падида бисёр беназир ва қобили таваҷҷӯҳ дар забоншиносӣ, дар рушди илми забон таъсири амиқ ва қудратманд гузоштааст.

Дар синни 21 солагӣ, дар ҳоле, ки ҳанӯз як донишомӯз дар донишгоҳи Лейпсиг - "Таҳқиқиоти системаи аслии ҳарфҳои садонокро дар забонҳои ҳинду аврупоӣ» анҷом додааст (муаллимони ӯ олимони шинохта шуда навдстуриён - - А. Лескин, Г. Остгоф ва К. Бругман буданд). Ӯ бо чопи ин асар, ки арзиш илмии он хеле бузург буд, нақши умдае дар ин таҳқиқ ва мутолиаи овошиносии ҳинду аврупоӣ гардида буд. Дар натиҷа баро густариши равиши муқоисавӣ-таърихӣ дар забоншиносӣ ифо кардааст. Дар солҳои баъд, аввалин бор дар Париж, ва аз 1891 дар зодгоҳ худ - Женева (дар сол 1896 ҳамчун профессори забони санскрит ва ҳинду аврупоӣ ба донишҷӯён дарс гуфтааст, ва дар сол 1907 мудири кафедраи забоншиносии умумӣ кор кардаст). Ӯ нисбатан кори каме мунташир кардааст (ҳама онҳоро ба як ҳаҷм воҳид дар ҳудуди 600 сафҳа, пас аз марг дар соли 1922 дар Женева мунташир шуд), вале коре дар ҷавониаш навишта хеле боарзиштар будааст.

Аз соли 1906 то соли 1912, Ф. де Соссюр се бор дар донишгоҳи Женева «Курси назария умумии забон» дарс гуфтаст. Ў худаш барои омодасозии чопи ин давраи омӯзишӣ фурсат пайдо накард ва онро интишор накард, ва танҳо пас аз марг ӯ, ду нафар аз шогирдонаш - А. Сешэ ва Ш. Балли - аввалин бор дар сол 1916 бо истифодаи навиштаҳои худашон "Давраи забоншиносии умумӣ"-и Фердинанд де Соссюрро мунташир карданд (баъдан чандин бор чоп шудааст). Дар сол 1931 тарҷумаи олмонӣ "Grundfragen der allgemeinen Sprachwissenschaft", ва дар соли 1933 тарҷумаи русӣ - "Курс общей лингвистики" бо вироиши Р. Шор чоп шудааст. Ин китобдорои таълими аслии Фердинанд де Соссюр мебошад, ки то имрӯз боиси баҳсҳои пурҷӯшу хурӯш гардидааст.

Дар ин ҷо аз чанд мавриде аз ин китоби Фердинанд де Соссюрро ҳамчун натиҷагирӣ ёдовар мешавем. Вале бояд дар назар дошта бошем, ки ҳеҷ гуна хулоса ба таври комил як системаи пайдарпаи мантиқиро фаҳмонда наметавонад.

Пояи фалсафаи назарияи забонии Фердинанд де Соссюр як докторинаи ҷомеашинохтӣ аст, дар ибтидо ва ниҳоят ба фалсафаи Кант мепайвандад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин масоили мубрами мавзӯъи ин китоб, изҳороти Фердинанд де Соссюрро метавон ба таври зер хулоса ва шарҳ дод.

Ф. де Соссюр байни забон (langue), гуфтор (баён- parole) ва фаъолияти гуфторӣ (langage) фарқ (фосила) мегузорад. Фаъолияти гуфторӣ бисёрҷиҳата мебошад. Вай ба физика, физиология, равоншиносӣ сару кор дорад, яъне чанд шаклӣ мебошад. Гуфтор - падидаест фардӣ буда, ва забон - "як маҳсули иҷтимоӣ мебошад, ки аз тавоноии гуфторӣ, маҷмӯае шароитҳои лозим, барои мардум таъмин месозад то ин афрод тавоноии гуфторӣ ба даст оваранд". Забон ба унвони як "системаи воҳиди равобити комилан забонӣ аст," ва танҳо онро бояд забоншиносон омӯзанд ва мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. “Ягона объекти аслӣ ва воқеъии забоншиносӣ худи забон аст, ки дар худ ва барои худ баррасӣ мешавад.” Барои тавсиаи ин андеша Фердинанд де Соссюр миёни забоншиносии хориҷӣ (берунӣ) ва забоншиносии дохилӣ марз мегузорад. Забоншиносии хориҷӣ ба муносибатҳои дар ҷомеа барқароршуда ва шароити мавҷуди таърихӣ вобаста мебошад. Дар айни замон ин муносибатҳо берун аз худи забон ҳастанд ва донистани он, ки забон дар кадом шароити таърихӣ амал мекунад зарурате вуҷуд надорад. Чун забон як системаст бо тартибу қонунияти худаш амал мекунад. Маҳз бо назардошти ин гуфтаи охир забон назар гирифта ва барои худ забон чизест шиносии дохилӣ ("чизҳои дохилӣ ҳама он чизе аст, ки ба ин ё он дараҷа системаро тағйир медиҳад").

Ҷудосозии дигари Ф. де Соссюр байни ду ҷанбаи забоншиносӣ ҷанбаи диахронӣ (ҷанбаи таърихӣ ва ё пӯё) ва ҷанбаи синхронӣ (ҳамзамонӣ (статикӣ, забон дар системаи худаш). Ҳар ду ин ҷанба аз Фердинанд де Соссюр на танҳо аз якдигар ҷудо мешавад, балки дар тазод мебошанд ( "муқобилгузории ин ду дидгоҳ дар забон - ҳамзамонӣ ва таърихӣ - мутлақан созишнопазир ва ғайритаҳаммул мебошанд"). Дурӣ аз баррасии таърихӣ, ҷанбаи ҳамзамонӣ иҷоза медиҳад то муҳаққиқ бо тамаркуз бар рӯйи мутолиаи як системаи бастаи забон, "дар худ ва барои худ" амал кунад. Нигоҳи таърихӣ ба забон (diachrony) системаро аз байн мебарад, онро ба маҷмӯае аз ҳақоиқи гуногуни бепайван табдил месозад.

Забонро Ф. де Соссюр бештар ба унвони як низоми нишонаҳои (аломатҳо) дилхоҳ (табиати намодини забон) мебинад, ва онро дар қатори ҳар гуна системаи нишонаҳо дигар қарор медиҳад. "Забон як системаи нишонаҳое мебошад барои баёни идеяҳо, ва бинобар ин, метавон онро бо навишторӣ, бо алифбои ношунавоён, бо маросимҳои намодин, ба рафторҳои расму одобӣ, сигналҳои низомӣ, ва ғайра муқоиса кард "). Ӯ пайдоиши улумро, ки “зисти аломатҳоро дар ҷомеа (нишонашиносӣ-семиология) мебинад”, забоншиносиро бахше аз ин раванд медонад.

Аломати забон барои Ф. де Соссюр, аз як тараф, онро комилан озод аст, аммо, аз сӯи дигар, барои ҷомеаи мушаххас аломати забонӣ ҳатмист. ( "Агар барои маънигузории аломат (яъне нишона) озод бошад, вале барои аҳли ҷомеаи соҳибзабон чизест ғайриозод, иҷборӣ ва таҳмилшуда.") Ф. де Соссюру барои нишонаҳои забонӣ тасвири зеринро дар шароити иҷтимоӣ мефармояд: "Гӯё ба забон мегӯянд:" Интихоб намо! " баъд меафзояд: "Шумо метавонед танҳо ин яке аз нишонаро интихоб кунед, ва на дигарро". Мулоҳизаҳои дар боло зикршуда дар муқарарот умумӣ таъйин мешаванд, тавсиа ёфта дар мавқеиятҳои хос дар назарияи забонии Фердинанд де Соссюр инкишоф меёбанд.

Фердинанд де Соссюр бисёре аз масоил ҷадидро дар забоншиносӣ матраҳ мекунад, теъдоде аз ҷанбаҳои муҳимми фаҳмиши ҷузъиёти забонро кашф мекунад, ба дарки амиқтар забон кумак кардааст. Аммо дар айни замон дар таълимоти худ бисёре аз таноқузот дарунӣ холӣ нест. Ҳамчунин ба унвони як низоми равобити холис, бо тасаввуроти зидди таърихӣ дар мутолиаи забон, ба мафҳумҳои метафизики забон мусоидат кардааст. Маҳз ҳамин андеша ва мулоҳизоти ӯ бо назарияи забоншиносиаш боиси тавсеаи бархе аз равишҳои забоншиносии сохторгароӣ шудааст.

Фердинанд де Соссюр як муаллими қобили таваҷҷӯҳ буд, як гурӯҳ аз забоншиносони мумтоз ва барҷастаро (А. Мейе, М. Граммон, Ш. Балли) омӯзиш додааст. Шогирдони бевоситаи Фердинанд де Соссюр ва касоне, ки аз назария забоншиносии ӯ сабақ гирифтанд, пас аз вай назарияи меросияшро дар се ҷараён густариш доданд. Беҳтаринашон А. Сешэ ва Ш. Балли буданд. (Кори асосии Ш. Боли ба забони русӣ тарҷума шуда: "Забоншиносии умумӣ ва масоил забони Фаронса," ", Москва, Издательство иностранной литературы, 1955). Ба ҷараёни дигар забоншиносоне, ки аносир аз омӯзаҳои ҷомеашинохти Фердинанд де Соссюрро ривоҷ доданд А. Мейе, Ж. Вандриес, Э. Бенвенист ва дигарон буданд. Ва, дар ниҳоят, ҷараён севум шомил бисёре аз забоншиносон (беҳтарини дар миён онҳо шинохта шуда В. Брёндаль ва Л. Ельмслев) ҳастанд, ки ба инкишофи забоншиносии функсионалӣ, яъне забоншиносии сохторгароии равиши дигар мусоидат карданд.

Толиб Розӣ
декабри соли 2016