logo area

Мақолаҳои забоншиносӣ


Вожаномаи алифбоӣ-басомадии девони Рӯдакӣ


Соли 2007 дар арафаи ҷашни 1150 солагии Абуабдулло Рӯдакӣ дар торнамои интернетии Кумитаи истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.termcom.tj пайкараи Рӯдакӣ бунёд гардид. Ин аввалин пайкараи интернетии осори Рӯдакӣ ба хатти кирилӣ буда, ки сохта шуда буд. Он бар пояи нусхаи осори Рӯдакӣ, ки дар пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон соли 2000 (Душанбе, “Пайванд”, 2000) таҳия ва интишор гардида буд, бунёдгузорӣ шудааст.

Бар мабнои матни ин девон бо истифода аз равишҳои навини забоншиносии компютерӣ шаш вожанома таҳия шудаанд ва барои дастарасии умум дар торнамо дарҷ гардиданд. Кулли матн бо 4126 вожа мураттаб шудааст.

Бо истифода аз технологияҳои нави забоншиносии компютерӣ шаш вожаномаи девон сохта шуданд ва дар торнамо ҷой дода шуданд. Онҳо аз ду вожаномаи алифбоӣ, ду вожаномаи басомадӣ ва ду вожаномаи з-онсу (чаппа) иборатанд. Ҳар кадоми онҳо дар пажӯҳиши осори Рӯдакӣ корбурди хос доранд.

Имконоти технологияҳои нави электронӣ сохтан ва истифодаи луғати коркондарсро хеле осон гардонидааст. Масалан, бо фишурдани навишти “агар 35” луғати конкорданс ҳамзамон тамоми 35 шоҳиди корбурди ин калимаро меоварад.

Дар ин ҷо танҳо вожаномаи алифбоӣ-басомадӣ оварда шудааст. Дар он вожа ва теъдоди истифодаи он оварда шудааст. Вожаҳо ба тартиби алифбои тоҷикӣ омадааст. Дар қатори вожаҳои маъмули забонӣ вожаҳои “имлоӣ-техникӣ” дар он шакле, ки дар нусхаи тоҷикии китоб омадааст оварда шудааст.*

Илова бар ин, вожаномаи пешниҳодшуда аз ғалатҳои имлоӣ-техникӣ низ холӣ нест. Ин ғалатҳо аз ҷониби таҳиягарони китоб содир шудааст ва ҳадафи сохтани вожаномаи мазкур тавассути технологияҳои компютерӣ ислоҳи ин навъ ғалатҳо набудааст.


Толиб Розӣ