logo area

Мақолаҳои забоншиносӣ


Бузургдошти устод Садриддин Айнӣ


Рӯзи 14 апрели соли 2017 дар маҷлисгоҳи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ маҳфили Солонаи Айнӣ таҳти унвони “Бузургдошти устод Садриддин Айнӣ” бо иштироки Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб, рӯзноманигорон, унвонҷӯён ва маеҳмонони хориҷӣ иштирок доштанд.

Гардонандаи маҳфил профессор Абдунабӣ Сатторзода дар ибтидо аз мақому мартабаи устод Айнӣ дар таърихи мардуми тоҷик, шуҳрати вай дар миёни форсизабонон ва тасвири бадеии ӯ дар адабиёти тоҷик ҳарф зад. Сипас, нависанда Кӯҳзод аз кору рӯзгор ва фаъолияти гуногунҷабҳаи устод Садриддин Айнӣ ва омилҳои ба сифати як абармарди таърихи навини адабиёту фарҳанги тоҷик расидани он бардоштҳои худро муфассалан изҳор дошта, ба саволу пурсишҳои иштирокдорон посух дод.

Дар баррасии масъала олимони илми суханшиносӣ Абдухолиқи Набавӣ, Олимҷон Хуҷамуродов, Рӯзӣ Аҳмадов, Ғаффор Ҷӯраев, Ҷумъабой Азизқулов иштирок ва дар атрофи масъалаҳои гуногуни фаъолияти устод Садриддин Айнӣ сухан гуфтанд. Баҳсҳо то як андоза масоили куллии адабиёту забон, пайванди наслҳои адибон (Айнӣ ва Кӯҳзод) ва шинохти бештари устодро фаро гирифт. Хонум Амина Шарофиддинова (Узбекистон) аз мақоми устод Айнӣ дар Ӯзбекистон, бахусус, шаҳри тоҷики бунёди Самарқанд, хона-музейи эшон ва бузургдошти ӯ нақлҳои ҷолибе кард.

Ҳамин гуна маҳфили ёдбуд дар хона-музейи устод Садриддин Айнӣ, дар рӯзи мавлуди эшон (15 апрел) низ баргузор гардид.