logo area

Навидҳо


Тибқи Нусха аз протоколи маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 10 январи соли 2017, № 10-1 ҷиҳати дар вазорату идораҳо њар рӯзи душанбе доир гардидани маҷлисҳои пагоҳирҳзии кӯтоҳмуддат роҳандозии тадбирҳо талаб карда шудааст.

Дар мувофиқат бо ин қарор ҳар рӯзи душанбе соати 9-00 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ маҷлиси пагоҳирӯзии кӯтоҳмуддат назди директор баргузор мегардад. Имрӯз 13-уми феврали соли ҷорӣ нахустҷаласа бо иштироки муовини директор Қаландариён Ҳ. ва нозири калони кадрҳо Муродова С. бо мудирони шуъбаҳо Сатторзода А., Назриев Ҷ., Қосимов О., Мирзоев С., Абдураҳимов А., Маҷнунов А. дар назди директори Институт Сахидод Раҳматуллозода баргузор гардид. Дар ҷаласа асосан дар масъалаи мактубҳои воридотӣ ва тарзу усули ҳаллу фасли онҳо дар давоми ҳафта баррасӣ гашта, талаби қатъии иштироки ҳаррӯзаи кормандони илмӣ дар мадди аввал гузошта шуд. Мудирони шуъба вазифаҳои мушаххас гирифта, барои ҳалли саривақтӣ ва босифати ин вазифаҳо андешаҳои ҷолиб ироа намуданд.



Имрӯз 10-уми феврали соли 2017 соати 15-00 назди Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ муҳтарам Раҳматуллозода Сахидод ҷаласаи навбатии комиссияи тадорукотии ҷашнӣ бахшида ба 140-солагии устод Айнӣ ва 130-солагии устод Лоҳутӣ баргузор гардид. Дар чаласа асосан масъалаи омодасозии куллиёти Айниву Лоҳутӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, фикру мулоҳизаҳои айнишиносону лоҳутишиносони ҷумҳурӣ Маҳмадаминов А., Кучаров А., Сатторзода А., Раҳмонов Ш., Муллоҷонов С. ва Набавӣ А. шунида шуданд.

Дар марҳилаи аввали кор феҳристи осори устод Айнӣ мураттаб гардида, барои ба чоп омода кардани куллиёти комили ӯ андешаҳои ҷолиб ироа шуданд ва барои ҷалби мутахассисони соња пешниҳоҳои мушаххас баён шуданд.


Ҷаласаи Шӯрои илмии Институт

3 феврали соли 2017.




  



    Рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Шӯрои илмии навбатӣ баргузор гардид. Аз рӯи рӯзнома дар масъалаи якум, ки ба ташвиқу тарғиби ғояҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд, кормандони илмии Институт – Раҳматуллозода С., Қаландариён Ҳ., Сатторзода А., Искандаров Қ., Мирзоев С., ки дар кори тарғиботии Паём мустақиман ширкат доштанд, гузориши мухтасар доданд. Директори Институт Раҳматуллзода С. аъзоёни Шӯрои илмиро ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси олии ҶТ шинос намуда, аз он ҷумла таъкид намуд, ки дар Паёми имсолаи роҳбари давлат дар баробари таҳлилу натиҷагирии рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, масъалаҳои рушди минбаъдаи илми ватанӣ низ таҳлилу баррасӣ гардиданд. Директори Институт аз сафари хидматиаш ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳли маҷлисро бо беҳтарин дастовардҳои бадастомадаи ин ноҳия дар давоми 25 соли охир ошно намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки сокинони заҳматкашу ватандӯсти ин ноҳияи зебову хуштабиат маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тақдирашонро ба дасти худ гирифта, дар ободу бунёди як гӯшаи дурдасти кишвар саҳми арзандаашонро гузошта истодаанд. Сокинони ноҳия аз баракати Истиқлолият ва фазои озоду суботи ҳукмфармо дар кишвар изҳори сипос менамоянд ва ҷиҳати таъмин намудани рушди ноҳия ҳамарӯза пешниҳодҳои муфиду тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар охир муҳтарам Раҳматуллозода С. кормандони Институтро ба заҳмати софдилонаву содиқона ва ҳалолкорона даъват намуда, дар рушди минбаъдаи илми филологияи тоҷик тавфиқу барори кор орзу намуданд.

    Инчунин донишмандони Институт А.Сатторзода, Ҳ.Қаландариён, Қ.Искандаров, С.Мирзоев, ки ба ноҳияҳои Ҳисор, Бохтар, Дарвоз ва Бӯстон сафар карда буданд, гузориш доданд. Онҳо низ бо тамоми ќишрњои ањолї, аз љумла љавонон, занон, занони хонанишин, зиёин ва фаъолони њудуди љамоату шањрак вохўрињои судманд баргузор намуда, дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии кишвар бо такя ба асноду далелњои баргирифта аз матни Паём изњори назар намуданд.


Мизи мудаввар дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ

Дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулху ваҳдати миллї, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ доир ба «омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт, забон ва фарҳанги миллати тоҷик» рӯзи 03-02-2017 дар толори Институти забон, ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ мизи мудаввар дар бораи масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик доир гардид. Ҷаласаи мазкур бо супориши президенти АИ ҶТ муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ ва таҳти раисии директори Институт Раҳматуллозода Сахидод баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш масъалаҳои зерин муҳокима ва баррасӣ гардиданд:

  1. Омода ва чоп намудани асари «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш;
  2. Омода ва чоп намудани осори устод С.Айнӣ дар 30 ҷилд;
  3. Омода ва чоп намудани ҷилдҳои 3,4,5,6,7-и куллиёти устод А.Лоҳутӣ;
  4. Омода ва чоп пешниҳод намудани китоби «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои 2, 3, 4) дар соли ҷорӣ.

Дар ин љаласа олимону коршиносони соҳа – Олимов К., Маҳмадаминов А., Кучаров А., Сатторзода А., Набавӣ А., Қаландариён Ҳ., Ализода С., Мубашшири Акбарзод, Муҳаммадиев Ш. иштирок намуда, ҳар кадом баҳри пешрафт ва сари вақт иҷро гардидани масъалаҳои номбурда фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Инчунин доир ба ҳар як бахш ҳайати гурӯҳи корӣ ва муҳлати муайян муқаррар ва пешниҳод гардид.

Дар охир директори Институт Раҳматуллозода С. ҳозиринро барои ширкат ва изҳори андешаҳои ҷолибу судманд миннатдорӣ намуда, дар корҳои дар пешистодаашон муваффақият таманно намуданд.