30 Sep 2022
Submitted by Admin
484

30 сентябр бо ибтикори кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба Рӯзи Мавлоно нишасти илмию адабии “Шеъри Мавлоно ва мусиқӣ” доир гардид.

Нишастро директори Институти забон ва адабиёт, профессор Фарангис Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, дар бораи мероси арзишманд ва баъзе нуктаҳои барҷастаи забони осори Мавлоно маълумот дод.

Баъдан ноиби Президенти АМИТ Наврӯз Муҳаммад дар бораи бузургии осори Мавлоно суханронӣ намуд.

Гардонандаи маҳфил, профессор А.Сатторзода дар бораи пайванди ашъори дилангези Мавлоно бо мусиқӣ, нотакрории баён ва сабки сухани Мавлоно нуктаҳои ҷолиб баён намуд.

Доктори илмҳои филологӣ, директори Китобхонаи илмии АМИТ ба номи Индира Гандӣ – Шодимуҳаммад Сӯфизода дар мавзуи “Пажӯҳишҳои Мавлавишиносӣ дар Ғарб” гузориши илмӣ намуд.

Д.и.ф. Умриддин Юсуфӣ дар суханронияш, ки “Баҳс дар бораи вазни шеъри Мавлоно” унвон дошт, пиромуни вазни ашъори Мавлоно суҳбат намуда, навовариву тозакориҳои ин шоири орифро дар ин боб таъкид намуд.

Ровии хушқареҳа, ҳунарманди маҳбуб Ортиқи Қодир аз ашъори Мавлоно намунаҳо қироат намуд, ки писанди табъи аҳли нишаст гардид.

Овозхони Консерваторияи миллӣ Зоиршо Ҳайдар бо сурудҳои дилангези классикӣ хотири аҳли нишастро болида сохт.

Дар охир профессор, мусиқишиноси маҳбуби тоҷик Аслиддин Низомов дар бораи пайванди ашъори Мавлоно бо мусиқӣ ва хусусан сирри найи Мавлоно андешаҳои ҷолибу тоза баён намуд!