Абдуқодир Маниёзов на фақат дар Тоҷикистон ҳамчунин берун аз марзҳои он низ ба ҳайси донанда ва хонандаи шеъри тоҷикӣ шинохта шудааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ фаъолияти таҳқиқоти илмӣ ва шеършиносиву сухансанҷиву хониши шеърро тавъам анҷом додааст. Ашъори бисёр шоирон, намунаҳои эҷодиёти шифоҳии халқӣ ва осори нависандагони тоҷикро тавассути овози марғуладор ва хониши зебо ба самъи миллионҳо мардумони олам мерасонид. Маҳорати хосаи гӯяндагии Абдуқодир Маниёзов ба овози дилнишин ва маънирасиву адофаҳмии ӯ матни бадеӣ алоқа мегирад. Шахсоне, ки бо ӯ перомуни шеър ва шеърият, масоили арӯз ва санъати сухан ҳамсуҳбат шудаанд, аз ин давлати бузурги маънавӣ ва шахсияти ҷозиби ӯ баҳраҳо бурданд ва шаҳодат медиҳанд, ки ӯ ҳунари нотакроре дошт.
Як паҳлуи фаъолияти илмии ӯ ба тадқиқи масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик, ҳусни сухан ва маҳорати суханварӣ, тарғибу пуштибонӣ аз забон ва фарҳанг, зарурати таърихии омӯзиш ва бузургдошти забонҳо алоқа мегирад, ки дар ин ҷабҳа низ ӯ мақола ва гузоришҳои ҷолиб дар нашрияҳои Тоҷикистон ва Русияву Эрону Афғонистон ба табъ расонидааст. Зиёда аз 150 маҷмуаи осори хурду бузурге, ки тартибу таҳриру тадвинашон бо ширкати ӯ анҷом ёфтаанд, дар солҳои гуногун аз тариқи нашрияҳои Тоҷикистон чоп шудаанд.
Доираи фаъолияти Абдуқодир Маниёзов факат ба таҳқиқи масъалаҳои мухталифи адабиёт ва гӯяндагӣ, корҳои маъмурӣ ва созмондиҳӣ маҳдуд намешавад. Ӯ тадқиқи масъалаҳои тарҷумаи бадеиро бо амали бевоситаи тарҷумонӣ якҷоя анҷом дода, дар ин соҳа низ ба ҳайси муҳаррир, мураттиб ва мутарҷим шинохта шудааст. «Хамсат-ул-мутайирин»-и Алишери Навоӣ аз ҷумлаи намунаи тарҷумаҳоест, ки аз ҷониби Абдуқодир Маниёзов бо дарки масъулият, маҳорат ва ниҳояти забондонӣ анҷом додааст. Асари мазкур ду маротиба (солҳои 1961, 1989) бо тавзеҳ ва пешгуфтори ӯ чоп шуда, дар байни хонандагони Тоҷикистону Ӯзбакистон шуҳрат ёфтааст. Абдуқодир Маниёзов «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро низ бо ҳамқаламии Нисор Холмуҳаммадов тарҷума кардааст, ки он дар ду ҷилд (солҳои 1983,1985) чоп шуда буд. Аз рӯи нашри мазкур соли 1985 дар Кобул ба форсии дарӣ ва ба муносибати ҷашни навадумин зодрӯзи академик Б. Ғафуров соли 1997 ба ҳуруфи форсӣ ва соли 1998 ба тоҷикӣ аз тарафи нашриёти «Ирфон» интишор ёфт.
Ҷойи таъкид аст, ки 6 феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари академик Б. Ғафуров «Тоҷикон» интишор гардида, дар соли 2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи Тоҷикистон тақдим гардид. Нашри мазкур низ тарҷумаи А. Маниёзов ва Н. Холмуҳаммадов мебошад. Ҳамчунин, тарҷумаи як қатор қиссаву романҳои нависандагони халқҳои гуногун, ба мисли «Тоҷикистон»-и П. Лукнитский (1959, бо ҳамқаламии М. Шукуров), «Саргузашти Руал Амундсен»-и А. Яковлев (1960, бо ҳамқаламии Н. Холмуҳаммадов), «Безабон»-и В.Г. Короленко (1965), романи «Шоир» (дастнавис)-и Афандӣ Капиев ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Тайи солҳои сарварии Абдуқодир Маниёзов Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Шурои дифои рисолаҳои доктории он садҳо олимони соҳаи филологияро тарбия карда ва дар ин муддат худи Институт ба як маркази бузурги илми филологияи тоҷик табдил ёфт, ки дар ин ҷабҳа низ ӯ хизматҳои бедареғ барои халқ ва маърифати ҷомеа анҷом додааст.
Хизматҳои шоистаи Аблуқодир Маниёзов дар рушли илму фарҳанг ва пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ бо орденҳои Шараф, Нишони Истиқлол, медали «Барои меҳнати шуҷоатмандона» қадрдонӣ гардидаанд, Ҳамчуннин, ӯ бо медали ҷашнӣ ба шарафи 100-солагии таваллуди В.И. Ленин, ифтихорномаҳои Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номаҳои ифтихории Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Иттиҳоди Шуравӣ бо кишварҳои хориҷӣ, Кумитаи Муҳофизати сулҳ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.