Menu
ДОНИШМАНДИ ҲУНАРМАНД ВА ҲУНАРМАНДИ ДОНИШМАНД
Ҳиммати мард чун баланд бувад,
Дар ҳама кор арҷманд бувад.
Ҷомӣ
Дар таърихи илму адаби тоҷик мо ба шахсиятҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки онҳо ҳам адибанду ҳам муҳаққиқ, аз ҷумла Малик-уш-шуарои Баҳор, Алиакбари Деҳхудо, Шафеъии Кадканӣ, Халиллуллоҳи Халилӣ, Аскар Ҳаким ва дигарон, аммо ба олиму овозхон ва овозхону олим бо нудрат вомехӯрем. Устод Ҷӯрабек Назрӣ яке аз ҳамин гуна шахсиятҳои миллии мост, ки ҳам дар қаламрави илм ва ҳам ҳунари овозхонӣ шуҳрат пайдо кард. Ӯ ки аз даврони ҷавонӣ ҳамнишини бузургони миллат буд, камоли ҳамнишинӣ бар вай асар намуд ва бо заҳмату талош худро дар сафи. Ба қавли шоир: шахсиятҳои миллию мондагор қарор дод
Ҳар ду олам қимати худ гуфтааст,
Нарх боло кун, ки арзонӣ ҳанӯз.
Фаъолияти илмии устод Ҷӯрабек Назрӣ барвақт шурӯъ шуда бошад ҳам, он асосан бо ҳимояи рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Мактабии Шерозӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» тавсиа пайдо менамояд. Ногуфта намонад, ки ин рисола, ки соли 1983 аз тариқи нашриёти «Дониш» нашр шуда, ба яке аз мавзӯъҳои муҳим, аммо камомӯхташудаи адабиётамон ихтисос мегирад. Устод Ҷӯрабек Назрӣ дар Тоҷикистон нахустин касест, ки ҳаёт ва фаъолияти шоири нимаи дувуми асри XV ва ибтидои асри XVI Мактабии Шерозӣ ва достони машҳури «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯро мавриди таҳқиқ қарор дод ва ҷойгоҳи шоирро дар мактаби адабии хамсасароӣ, ба вижа эҷоди достони «Лайлию Маҷнун» ва муносибати он бо асарҳои ҳамноми Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, ба хонандагон нишон дод ва бад-ин тартиб худро ҳамчун муҳаққиқи ояндадор ба аҳли илму адаби кишвар муаррифӣ намуд.
Муаллиф дар боби аввал, ки ҳаёт ва мероси адабии Мактабӣ» ном дорад, рӯзгору осори шоирро ба доираи тахқиқ кашида, аз ҷумла дар бораи тахаллуси ӯ-«Мактабӣ» низ таваққуф менамояд, ки ба касби мактабдорӣ иштиғол варзиданашро нишон медиҳад. Барои исботи қавлаш ин гуфтори Муҳаммадалии Табрезиро аз китоби «Кайҳонат-ул-адаб»-и ӯ меорад: «Дар Шероз шуғл ва омӯзгориии атфол дошта, худро ба «Мактабӣ» тахаллус менамуда». Ӯ дар ин бахш дар бораи фазилату камолот, сайру сафарҳои шоир, ба Арабистон рафтану дидани кӯҳи Наҷд ва оромгоҳи Лайлӣ ва Маҷнун, шунидани нақлу ривоятҳо дар бораи Лайливу Маҷнун, ба даст овардани нусхаи асле аз ишқномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» ва баъди баргаштан ба ватан ба риштаи назм кашидани он, бо Шоҳ Исмоили Сафавӣ вохӯрдани шоир, вафот ва осори ӯ ва ғайра маълумот дода, ба ҷуз аз маснавии «Лайлию Маҷнун», дорои девон будани Мактабӣ (Бертелс) ва ашъори лирикӣ, ғазал сурудани вай (Лутфалибеки Озар, Ризоқулихони Ҳидоят)-ро бо овардани абёти пароканда тасдиқ менамояд. Аз ҷумла ин байти машҳурро аз «Гулзори адаб»-и Ҳусайни Маккӣ меорад:
Хамида пушт аз он доранд пирони ҷаҳондида,
Ки андар хок меҷӯянд айёми ҷавониро.
Боби дувуми китоб, ки «Достони «Лайлию Маҷнун»-и Мактабӣ» унвон дорад, боби асосӣ буда, дар он муҳаққиқ роҷеъ ба таърихи иншои асар, вазни маснавӣ, ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф, дар пайравии Низомию Хусрав эҷод шудани он, фаслҳои асар (46 фасл), тибқи суннати достонсароӣ бо ҳамду наът, васфи шаби меъроҷ, тавсифи хулафо оғоз шудани достон таваққуф менамояд.
Соҳиби рисола дар боби савум, ки «Муносибати достони Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ бо асарҳои ҳамноми Низомӣ ва Амир Хусрав» ном дорад, дар бораи умумият, ҳамсонию ҳамоҳангии достони Мактабӣ «Лайлию Маҷнун» бо достонҳои «Лайлию Маҷнун»-и Низомию Амир Хусрав (аз лиҳози шакл, мавзӯъ, баёни рухдодҳо ва ғайра) ва фарқу тафовутҳо, бозсозиҳо, навовариҳо, иловаву изофаҳои шоир дар навиштани ин достон батафсил сухан меронад. Ба қавли ӯ, «дар достони «Лайлию Маҷнун»-и Мавлоно Мактабӣ як силсила образҳои ба тарзи романтикӣ тасвиршуда табиӣ ва ҳаётӣ баромадаанд. Шоир ҳамчун фарзанди замони худ мундариҷаи достонро аз рӯи воқеаҳои ҷамъиятӣ, характер ва афкору ҷаҳонбинии замонаш маънидод кардааст».
Боби чаҳорум, ки боби вопасини китоб аст, «Баъзе хусусиятҳои ғоявию бадеии достони Мактабӣ» ном дошта, дар он маҳорати шоирии Мактабӣ, нерӯи тахайюл, корбурди сувари хаёл дар шеъри шоир, аз ҷумла ташбеҳ, истиора, кинояву маҷоз, зарбулмасалу мақол, салосату нафосат, содагию равонӣ, ширинию назокати сухан ва бо як сухан, забону баёни шоир таҳлилу баррасӣ гардидааст.
Устод Ҷӯрабек Назрӣ дар хулосаи рисолаи хеш бори дигар дар пайравии Низомию Хусрав навишта шудани маснавии ӯ, баҳои баланди сарчашмаҳо, тазкираҳо, муҳаққиқони таърихи адабиёт, мазмуну ғояи баланд ва пешқадамонаву инсондӯстонаи асар, васфи ишқу муҳаббати самимии инсонҳо дар он, маҳорати нигорандагӣ, овардани панду андарз, суханони тарбиявӣ, ҳакимона, сувари хаёл, аз ҷумла ташбеҳ, истиора, муболиға, ҷинос, тазод, тавсиф, зарбулмасалу мақол, суханони омиёнаро гӯшрас намуда, аҳамияти афкори мутараққии ӯро на танҳо барои замони шоир, балки барои тамоми замонҳо таъкид менамояд ва суннати ҷавобнависӣ ба «Хамса»-и Низомӣ, ба вижа лайливу маҷнунсароиро дар поёни асри 15 ва 16 аз ҷониби Мактабӣ нишон дода, дар қатори беҳтарин сарояндагони достони «Лайлию Маҷнун» қарор гирифтани шоирро ёдовар мешавад.
Мо дар бораи матни мухтасари достони «Лайлию Маҷнун», ки дар рисола ҷой дода шудааст, сухан намегӯем, зеро ин мавзӯи дигар аст ва пажӯҳиши алоҳидаро тақозо менамояд. Аммо дар поёни суханони иҷмолии худ доир ба рисолаи устод Ҷӯрабек Назрӣ-«Мактабии Шерозӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» ҳамин қадар мегӯем, ки ӯ танҳо муаллифи ин китоби пурарзиш нест, балки дорои китобу мақолаҳои зиёд мебошад, ки ҳанӯз ҳамаи онҳо ҷамъовариву ковида нашудаанд. Ба вижа мақолаҳояш ҳанӯз гирдоварӣ ва мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Инро ҳам бояд гуфт, ки агар аз устод Ҷӯрабек Назрӣ танҳо ҳамин китоби «Мактабии Шерозӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» боқӣ мемонд, боз ҳам ӯ дар сафи беҳтарин олимони адабиётшиноси мо қарор мегирифт…
II
Акнун рӯ меорем ба фаъолияти ҳунарӣ, яъне овозхонии устод Ҷӯрабек Назрӣ, ки ҳунарманд ва овозхони соҳибмактаб аст. Воқеан, мо ҳунармандон ва овозхонҳои машҳуреро медонем, ки соҳибшуҳратанд, аммо соҳибмактаб нестанд, пайравони хоси худро надоранд, аммо устод Ҷӯрабек Назрӣ пайравони вижаи худро дорад, пайравоне ки худ ба дараҷаи устодӣ расидаанд. Шогирдони ӯро дар дохилу хориҷи кишвар мешиносанд ва ҳунармандоне овозадоранд ва мухлисони сершумор доранд. Албатта, устод Ҷӯрабек Назрӣ низ устодони худро дошт ва маҳбубияти хешро бо заҳмату талоши фаровон ба даст овардааст. Устодони ӯ Шариф Ҷӯра, Чоли Сулама, Ёрмуҳаммади Ишқӣ, Пири Садир, Абдулло Назрӣ, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Иброҳими Кобулӣ ва дигарон будаанд.
Ба заъми адиб:
Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,
Дар чандин вақт он фуруд омадааст.
Таврот набуд, то бигӯям, ки ҳама
Якбора зи осмон фуруд омадааст.
Аммо овозхонии устод Ҷӯрабек Назрӣ ва сабки сарояндагии ӯ ба ҳеҷ кадоме аз ин устодон монанд нест, балки ба худ монанд аст, яъне ӯ дар дунёи ҳунар муқаллид нест, балки муҳаққиқ аст, лиҳозо, шуҳрати хос на танҳо дар замони худаш дошт, балки имрӯз ҳам дорад ва дар оянда ҳам хоҳад дошт. Ҳамон тавре ки огоҳ ҳастем, то даҳҳаи 70-и асри 20 дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон бештар сабки наътхонӣ, шаҳдхонӣ ва мадҳхонӣ ривоҷ дошт. Дар маъракаву маҳфилҳои мардумӣ ҳунармандони тоҷик то дили шаб бо ҳамин равия ҳунарнамоӣ мекарданд. Бо зуҳури мусиқии эстрадӣ дар Ғарб ва густариши он ба олами Шарқ ҳунари овозхонии шарқӣ низ таҳти таъсири он қарор гирифт. Яке аз хидматҳои муҳими Ҷӯрабек Назрӣ ин буд, ки дар ин марҳала муқаллиди маҳзи мусиқии эстрадаи Ғарб нашуд, балки бо огоҳӣ ва ҳушмандӣ мусиқии суннатии тоҷикро бо арзишҳо ва дастовардҳои эстрадаи ғарбӣ омезиш дода, мактаби нави ҳунарӣ дар Тоҷикистон эҷод кард. Яъне Ҷӯрабеки ҷавон, ки донандаи хубӣ мусиқии суннатии тоҷик буда, дар мактаби ҳунарии кӯҳистон (Дарвоз, Хатлон, Бадахшон...) тарбият ёфта буд, бо маҳорати хос суннати мусиқии куҳанро бо мусиқии муосири замони хеш пайванди ногустастанӣ дод. Бинобарин, аз талфиқи суннату навоварӣ, мактабаи ҷадиде дар фазои ҳунарии тоҷик падид омад, ки бунёнгузораш устод Ҷӯрабек Назрӣ буд. Маҳз зуҳури ҳамин падидаи тозаи ҳунарӣ буд, ки аксарияти мардуми тоҷик рӯ ба сабки тозаи Ҷӯрабек оварданд ва ӯро ҳамчун ҳунарманди тозагӯву тозасаро пазируфтанд. Ҳамагон воқифанд, ки маҳбубияти баланде, ки Ҷӯрабеки ҷавон касб кард, бархоста аз сабк ва мактаби наве буд, ки овозхон ба тарзи наве онро иҷро мекард. Бо як сухан, устод Ҷӯрабек Назрӣ бо сабки тозаи худ дар саросари кишвар ҳамчун ҳунармандӣ навгаро эътироф гардид.
Ба қавли шоир Сайёд Ғаффор:
Бикшод мактаби хеш,
Бикшод мактаби пеш!
Эй, пеш аз ӯ набуде,
Эй, беш аз ӯ набуде!
Ҷон масти ҳар навое,
Ҷон масти ҳар ҳавое!
Ҷон масти хушнавоӣ,
Ҷон масти хушҳавоӣ!»
Қобили зикр аст, ки мактаби тозаэҷоди Ҷӯрабек дар қаламрави Тоҷикистони мо маҳдуд намонд, балки вижагиҳои сабки нави мусиқӣ ва ҳунари овозхонии ӯ то марзи кишварҳои ҳамсоя низ доман густаронид. Намунаи ошкори таъсиргузорӣ ва таъсирпазирӣ аз сабки нави мусиқии тоҷикӣ, робитаи дӯстона ва ҳамкориҳои ҳунарии ситораи тобноки мусиқии Шарқ Аҳмад Зоҳир ва ҳунарманди маҳбуби Тоҷикистон Ҷӯрабек Назрӣ мебошад. Аҳмад Зоҳир пас аз ошноӣ бо ҳунари хунёгарӣ ва ромишгарии устод Ҷӯрабек ба ӯ эҳтироми зиёде қоил шуда, аз андешаву назариёти эшон барои сайқали ҳунари овозхонии хеш истифода намудааст. Дар баробари ин, устод Ҷӯрабек Назрӣ низ аз ҳунари овозхонии Аҳмад Зоҳир ҷиҳати такмили ҳунари овозхонии худ баҳра гирифтааст. Ҳамкориҳои судманди онҳо дар заминаи мусиқӣ ва овозхонӣ барои ҳамагон маълум аст. Устод борҳо дар мусоҳибаҳояш аз ошноиву ҳамкорӣ бо Аҳмад Зоҳир сухан дар миён оварда аз ҳунари баланди овозхонии ӯ ситоиш кардааст. Ин ду ҳунарманд аз якдигар омӯхтанд, аммо дар сабки хоси худ содиқ монданд. Ин намунаи беҳтарини ҳамкории ҳунарӣ ва ба дур аз тақлид барои насли ҷавони ҳунармандони ду кишвар метавонад бошад.
Устод Ҷӯрабек Назрӣ, ки худ суханшинос буд, шеърро хуб мешинохт ва дар интихоби он ба душворӣ мувоҷеҳ намешуд. Ӯ на танҳо ҳунарманд, балки овозхон, оҳангсоз ҳам буд, бинобар ин, ба мусиқӣ, шеър, мазмуну муҳтаво, ғояи он дармерасид ва аҳамияти зиёд медод. Ӯ ошиқи зиндагӣ, Ватан, миллат ва шеър буд. Хусусан ба шеъри Мавлоно ишқ меварзид. Мо ин ишқи зиёди ӯро на фақат дар сурудаҳояш бар матни шоир, балки дар мақолаҳояш, аз ҷумла мақолаи «Мавлонопажӯҳӣ дар Тоҷикистон»-и ӯ, ки дар китоби «Офтоби маърифат» омадааст, равшан боздид менамоем, ки мегӯяд: «Тадқиқоти аввалине, ки хонандагони Тоҷикиситонро бо рӯзгор ва осори Мавлоно ошно сохт, асари «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ»-и Нодир Одилов (Душанбе, 1964, 107 саҳ.) буд. Муаллиф дар қисмати тадқиқоти асари хеш, ки аз 86 саҳифа иборат аст, кӯшиш ба харҷ додааст, ки хонандагонро ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, дараҷаи омӯхта шудани Мавлоно ва осори ӯ, шӯҳрати Мавлоно дар Ғарб, сабки эҷоди Ҷалолиддин, мавқеи илоҳиёт дар эҷодиёти Мавлоно, ақоиди Мавлоно дар бораи мазҳаб, озодии ирода дар илоҳиёти Ҷалолиддини Румӣ, назарияи Мавлоно доир ба ахлоқ, афкори фалсафии Мавлоно ошно созад. Инчунин, дар қисмати мулҳақот 15 ғазал ва 126 байти «Маснавӣ»-ро намуна меоварад. Албатта, қисмати таҳқиқот баҳси зиёдеро талаб мекунад, вале 15 ғазали намуна овардаи муаллиф ба ҳунармандон-овозхонони солҳои 60 рӯҳи тоза бахшид ва имконияти ошношавӣ бо назми Мавлоноро фароҳам овард».
Ногуфта намонад, ки яке аз овозхононе, ки аз ин ғазалҳои намуна овардаи муаллиф «рӯҳи тоза» гирифт, худи устод Ҷӯрабек Назрӣ буданд, ки чанде аз он ғазалҳоро ба оҳанг дароварданд ва овозхонӣ намуданд. Албатта, ӯ ба осори Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Сайидо, Амирхусрави Деҳлавӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Халилӣ, Турсунзода, Қаноат, Гулрухсор ва соири адибони пешину имрӯз низ ихлосу дилбохтагӣ дошт ва ба ашъорашон оҳангҳои марғуб мебаст ва овозхонӣ мекард. Шеърҳои «Синаам з-оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт» (Ҳофиз), «Ошӯби ҷонӣ, шӯхи ҷаҳонӣ» (Камол), «Як табассум кун» (Боқӣ Раҳимзода) ва ғайра, ки аз ҳанҷараи ӯ берун омадаанд, дилро ба тапиш ва рӯҳро ба навозиш меоранд. Гузашта аз ин, вай ашъори ин шоиронро на танҳо мавриди овозхонӣ қарор додааст, балки дар бораи онҳо мақолаҳои алоҳида ҳам навиштааст. Масалан, дар бораи Сайидо, ки алоқаи хос ба ӯ дошт, рисолаи муфассале ба муносибати 400-солагии вай ба номи «Сайидо-суханвари нодиргуфтор» менависад, ки аз иртиботи вижаи ӯ ба ин адиб дарак медиҳад. Ӯ дар ин рисола аз пешинаи сайидопажӯҳӣ, нашри осори ӯ, сабаби фаромӯшии шоир, набудани давлати миллӣ, рӯзгори адиб, мероси адабӣ, нусхаҳои осори вай, ғазалиёт, қасоид, маснавӣ, рубоиёт, мухаммасҳояш изҳори назар карда, фақат дар асри гузашта, баъд аз инқилоби Октябр ба хонандаи тоҷик дастрас гардидани осори Сайидо, ба барномаҳои омӯзишӣ ворид шудани осори ӯ, мавриди овозхонӣ қарор гирифтани ғазалҳои шоир ба хонанда чунин хабар медиҳад: «Чун нек нигарӣ, мушоҳида мекунӣ, ки Сайидо мисли бисёре аз шоирони соҳибистеъдоди ҳавзаи адабии Мовароуннаҳру Хуросон дар гӯшаи фаромӯшӣ монда будааст ва танҳо баъди Инқилоби Октябр ашъори ин бузургмардро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Бори аввал академик А. Мирзоев сари ин мавзӯъ изҳори назар карда буд. Яке аз тартибдиҳандагони осори мунтахаби Сайидои Насафӣ, донишманди шеършинос марҳум Ҷамшед Шанбезода низ ҳамин андешаро ҷонибдор аст, ки мегӯяд: «Шахсият ва мероси адабии ӯ (яъне Сайидои Насафӣ – Ҷ.Н.) баъд аз Револютсияи Октябр чунонки бояду шояд мавриди тадқиқ қарор гирифт ва осораш дастраси хонандагон гардид».
Мо медонем, ки устод Ҷӯрабек Назрӣ на танҳо ба фаъолиятҳои илмӣ, ҳунарӣ, яъне овозхониву оҳангсозӣ, балки бо фаъолиятҳои иҷтимоиву фарҳангиву милливу минтақавию байналмилалиаш низ ном бароварда буд. Ба ҳарфи дигар, ӯ танҳо як шахсияти илмӣ, ҳунарӣ набуд, балки шахсияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳам буд. Дар ин бора дар китоби «Менигарему меравем» чунин навишта шудааст: «Доираи фаъолияти илмии Ҷӯрабек Назриев басо васеъ буда, соҳаҳои гуногуни шарқшиносӣ, матншиносиву адабиётшиносӣ, аз қабили таърихи адабиёти форсу тоҷик, таърихи санъати мусиқии тоҷик, робитаҳои адабӣ-фарҳангии халқи тоҷик бо халқҳои ҳамҷавор, маъхазшиносӣ, нусхашиносӣ ва назарияи адабиётро дар бар мегирад. Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ, адабӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, ки ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар хориҷ аз он ба нашр расида, мавриди таваҷҷуҳи донишмандони дохиливу берунӣ қарор гирифтаанд. Махсусан, рисолаи «Мактабии Шерозӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт», китобҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ, «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ ва рисолаи фундаменталии «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Қиссаи Сулаймону маликаи Сабо дар назми форсу тоҷик»-ро метавон ном бурд, ки аз тарафи таҳқиқотчиёну адабиётшиносони варзида мавриди қабул қарор гирифта, роҷеъ ба ҳар кадоми онҳо дар матбуоти даврӣ чандин тақриз ба чоп расидааст”.
Тавре ки гуфтем, хидмати устод Ҷӯрабек Назрӣ барои илм, ҳунар, мусиқӣ, овозхонии миллати тоҷик ва шуҳрати хоси ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар барои ҳамагон маълум аст. Вай як падидаи хос, як шахсияти чандбуъдӣ, миллӣ, инсонӣ буд, ки тамоми фаъолияти худро барои хидмат ба халқу Ватани хеш бахшид ва дар ин роҳ ҷоннисорӣ намуд. Маҳз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва хидмат ба миллат буд, ки устод Ҷӯрабек Назриро ҳамчун олим барои таҳияи ганҷинаи осори бузургон ташвиқ мекард. Таваҷҷӯҳи хосаи ӯ ба осори дорои рӯҳияи миллӣ бештар буд. Аз ин рӯ, бо талошу заҳматҳои бевоситаи эшон дар даврони истиқлолияти мамлакат осори пурарзиши адибони миллии мо, ба монанди “Наводир-ул-вақое”-и Аҳмади Дониш, “Таърихи ҳумоюнӣ”-и Содиқхоҷаи Гулшанӣ ва даҳҷилдаи “Захираи хоразмшоҳӣ”-и Исмоили Ҷурҷонӣ таҳия ва нашр гардиданд. Ин гуна фаъолияти хастагинопазири ӯ дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, дар вазифаҳои гуногун, то вопасин нафасҳои зиндагияш идома ёфт ва ӯро ҳамчун роҳбари ғамхор ва ташкилотчии моҳир муаррифӣ кардааст. Воқеан, саҳми ӯ дар матншиносӣ, нусхашиносӣ, маъхазшиносӣ, нигаҳдории нусхаҳо, коркард, муаррифии ин осор ба донишмандони дохилию хориҷӣ, баргузории маҳофилу ҳамоишҳои мухталиф дар ин макон, бо як сухан, ба як маркази қавии илмӣ, матншиносӣ, нусхашиносӣ табдил додани Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ хеле бузург мебошад. Барои исботи ин амр, ҳоло суханони нусхашинос Амрияздон Алимардоновро ба хониш мегирем, ки дар ин боб гуфта: «Ҷӯрабек Назриев, ки дастпарвари Институти шарқшиносӣ буд, аз аҳамияту арзиши зиёди дастнависҳо ҳамчун сарвати маънавию миллӣ ва махзани тамоми донишҳои асрҳои миёна хуб огоҳӣ дошт… Аз ин ҷост, ки ӯ аз рӯзҳои нахустини ба ихтиёри Пажӯҳишгоҳи осори хаттӣ гузаштани ганиҷинаи дастнависҳои шарқӣ ба масъалаи нигоҳдорию муҳофизат ва ба танзиму омӯзиши ганҷина диққати ҷиддӣ дода ва назорати махсус ҷорӣ сохта, ба анҷоми чунин корҳо шахсони боэтимоду ғамхорро сафарбар намуд. Ба андешаи мо, дар вазъияти ниҳоят мушкилу пурихтилоф ва ноорому пурмоҷарои солҳои 90-ум барои муҳофизати дастнависҳо, ки «шикорчиёни» онҳо ҳар рӯз меафзуданд ва мутаассифона, то кунун ҳам кам намешаванд, сарвари ғамхору огоҳеро чун Ҷӯрабек Назриев ёфтан амри муҳол буд. Ӯ ҷавонмарди суханшиносу нуктасанҷ, соҳибдилу боҳиммат, ватандӯсту аз арзишҳои миллӣ воқиф ва бо ҳамкорон самимию дастрас мебошад ва бо одамони гуногунхулқ зуд забон меёбаду муносибати ҳасана барқарор менамояд. Ҷой доштани чунин хислатҳои неку шоиста ба Ҷӯрабек Назриев имконият доданд, ки ӯ, бо вуҷуди танқисию норасоиҳо ва нооромию нороҳатиҳои солҳои 90-ум, мутахассисони заруриро ба Институти осори хаттӣ ҷалб созад ва онҳоро ба кори илмию таҳқиқ саргарм намояд. Дар ин давраи ниҳоят мушкил, ки дар дигар институтҳои тадқиқоти Академияи илмҳо 5-10 кормандро сари кор пайдо кардан номумкин буд, дар Институти осори хаттӣ (баъдтар бо талошу саъю кӯшиши Ҷ. Назрӣ номи «Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ»-ро гирифт) ҳамарӯза кормандон ба кор меомаданду ба пажӯҳиш шуғл меварзиданд. Натиҷаи ҳамин роҳбарии оқилонаву дурусти сарвари институт ва дилгармию заҳматкашии кормандони илмии ин маркази таҳқиқотӣ буд, ки дар ин солҳои ногувор ҳам пажӯҳишгоҳи мазкур як силсила асарҳои муҳими тадқиқотӣ ва матнҳои мукаммали осори гузаштаро ба табъ расонид. Маҳз дар ҳамин давра бо ташаббуси роҳбари Институти осори хаттӣ Ҷӯрабек Назриев нусхаҳои дастнависҳои зиёде ройгон ба Ганҷинаи дастнависҳо ворид гардиданд… Дар хусуси китобҳои чопии ба китобхонаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ туҳфашуда ва воридгардида ҳоҷати сухан ҳам нест… Чунин амал ё кори хайре пеш аз ин ҳеҷ гоҳ дар ҳаёти ин марказ рӯй надода буд». Суханони Амрияздон Алимардонов шахсияте, ки ҳастии худро сарфу вақфи илми нусхашиносии тоҷик кардааст, дар бораи заҳматҳои устод Ҷӯрабек Назрӣ дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ намунаи ошкори хидматгузории як фарзонафарзанди миллат барои халқаш мебошад. Алоқамандони ҳунари устод Ҷӯрабек барои дарёфти маълумоти мукаммал дар ин бора метавонанд ба китоби “Посдори мероси ниёгон” муроҷиат кунанд ва бо паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти илмию ҳунарии ӯ ба хубӣ ошно гарданд. Қадрдонӣ аз шахсиятҳои фарҳангию адабӣ вазифаи ҳар як тоҷики боору номуси Ватан аст. Дар ин замина ҳамаи мо бояд аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат бигирем, ки фармуда: «Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.
Мо бо номи нек ва осори эҷодкардаи бузургони гузаштаамон ҳамеша ифтихор мекунем. Эҷодкорони мо, яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо низ дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад».
Ҷӯрабек Назрӣ дар ҳақиқат як донишманд ва ҳунарманди миллии Тоҷикистони муосир буд, ки андешаву ҳунараш аз андешаҳои ноби миллӣ сарчашма мегирифт. Бинобарин, меарзад, ки яке аз марказҳои илмии кишвар, бахусус Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии устод Ҷӯрабек Назриев ба мувафаққиятҳои арзанда ноил гардид, ба номи ӯ гузошта шавад. Устод Ҷӯрабек Назрӣ-ин фарзонафарзанди миллати тоҷик, ки аз оғози фаъолияти илмӣ то поёни умр дар ин муассисаи пажӯҳишию таҳқиқотӣ кор мекард, ба ин гуна қадрдонӣ ҳақ дорад ва сазовор аст, зеро, ба қавли шоир:
Ҳунар камёб бошад, зар басе ҳаст,
Ҳунар чизест, к-он бо кам касе ҳаст.
Ҷамолиддин САИДЗОДА
ДОНИШМАНДИ ҲУНАРМАНД ВА ҲУНАРМАНДИ ДОНИШМАНД