Шамсиддин Муҳаммадӣ ходими пешбари шуъбаи таърихи адабиёти Институт
Шахсият ва пайкори илмии Бобобек Раҳимиро метавон дар ҷумлае иброз дошт: ишқу алоқаи поённопазир ба рӯзгор ва корномаи беназири адабии Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720)- маънии зиндагии ӯ гардидааст. Ва чаро Бедил? Воқеият ин аст, ки дар таърихи адабиёти форсӣ осори Бедил бо пӯшидагии маъно, печидагии баён, ҷилваҳои тозае дар забон ва мураккабии сабки нигориш ҳанӯз аз замони худи шоир диққати аҳли адаб ва тазкиранигоронро ба худ кашида будааст. Биндробиндоси Хушгӯ, яке аз муосирон ва шогирдонаш мегӯяд:
Мирзо Бедил, ки раҳнамои сухан аст,
Пайғамбару ғавсу пешвои сухан аст.
Яктост дар офаридани тарзи калом,
Биллаҳ, ки пайи сухан худои сухан аст.
Гузашта аз ин худи шоир ҳам борҳо аз баландии мақоми ашъораш, душвории дарки маъниву мазмунҳои борики он сухан ба миён оварда, бо тафохур на ҳар табъро шоистаи дарки он медонад:
Машқи маъниям, Бедил, бар табоеъ осон нест,
Сар фурӯ намеорад фикри ман ба ҳар зону.
Шеъри “ тӯфонзада ва ҳазортӯи Бедил, ки худ хештанро “ҷунуниншо” ва “ҳайратофарин” мехонад” (Ҳасани Ҳусайнӣ, “Бедил, Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ” ) на танҳо муосиронаш, балки адабиёти форсии Мавороуннаҳру Ҳинд ва Афғонистонро тайи дусад сол таҳти тасарруфи сабкиву эҷодии хеш қарор додааст, ҳарчанд ки ҷараёнҳову равияҳои дигар ҳам дар ин даврон вуҷуд доштаанд. Назми “шарардунбола”- ву “тарзи каломи нозук” ва сабку мактаби эҷодии ин шоир мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқони барҷастае чун Садриддин Айнӣ, Е.Э. Бертелс, Абдулғанӣ Мирзоев, Халилулоҳи Халилӣ, Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ ва дигарон гардидааст. Бобобек Раҳимӣ низ ба дунболи устодони фавқ равон гардида, андӯхтаву омӯхтаҳои хешро дар ҷодаи шиносонидану дарёфтан ва таҳқиқи осору рӯзгори ин шоири бузург аз овони донишҷӯияш шуруъ намуда, баъдан дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст. Мавсуф ба хотири омӯхтани нусхаҳои қаламии осори шоир дар китобхонаҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба ганҷинаи дастхатҳои китобхонаҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав, Тошканд мусофиратҳои хидматӣ анҷом дода, онҳоро бо он чи аз ин шоир дар китобхонаҳои Душанбеву Кобул маҳфуз мондаанд, муқоисаву муқобала намудааст. Натиҷаи тадқиқотҳои ӯ дар мақолаҳое чун “Сохт ва мундариҷаи “Чор унсур”-и Бедил, “Мулоҳизаҳо дар бораи дебочаи “Куллиёт”-и Бедил”, “Мулоҳизаҳо роҷеъ ба маънои тахаллуси Бедил”, “Маъхази як ҳикояти Бедил”, “Нусхаи аслии маснавии ”Муҳити аъзам”, “Назаре ба “Тури маърифат”-и Бедил”, ”Тилисми ҳайрат”- маснавии нахустини Бедил”, “Як маснавии рамзии Бедил”, ”Баёзи Бедил”, “Забони модарии Бедил” хулоса гардида, дар нашрияҳову маҷмӯаҳои илмии Тоҷикистон ва хориҷ чоп шудаанд. Дар соли 1993 маснавиҳои “Тури маърифат”, ”Тилисми ҳайрат” ва “Муҳити аъзам”-и шоирро дар Куллиёти осори ӯ, ҷилди панҷум, аз тариқи нашриёти “Адиб” бо муқаддимаву тавзеҳоти муфассал ба чоп расонид. “Мунтахаби “Чаҳор унсур”, бахше аз “Никот”-и Бедилро ҳам дар ҳамон солҳо тавассути маҷаллаҳои даврӣ пешкаши хонандагон намуд.
Ковишҳо ва ҷӯйишҳои Бобобек Раҳимӣ дар роҳи муайян намудани сабк ва ҷойгоҳи эҷодиёти ӯ дар адабиёти форсӣ низ шоистаи сутудан аст. Баъдан дар мавриди Бедил ва ҷойгоҳи эҷодиёти ӯ дар матбуот ва маҷаллаҳои бонуфузи илмии ватаниву хориҷӣ мақолаҳои зиёде таълиф ва ба чоп расонид, ки муҳимтарини онҳо ба ин қарор мебошанд: “Як нашри “Куллиёти Бедил”, ”Маълумоти тазкираҳо дар бораи Бедил”, ”Бедил ва сабабҳои дар Эрон шуҳрат наёфтани ӯ “, ”Мирзо Бедил”, ”Тарҷумаи туркии як ғазали Бедил”. Дар ҳар кадом аз ин мақолаҳо як муаммои рӯзгор ё осори шоири бузург баррасӣ ва таҳқиқ шудаанд.
Бузург тарин асари назмии Бедил “Ирфон” мебошад, ки Б. Раҳимӣ роҷеъ ба он таҳқиқоти алоҳида анҷом дода, матни комили онро соли 2005 аз тариқи нашриёти “Адиб” ба чоп расонидааст.