РАҲИМ ҲОШИМ
Муносибати роҳбарияти донишгоҳ ба ӯ (ҳамсари «душмани халқ» !) тағйир ёфта, ба гӯши домулло Айнӣ миш-миши эҳтимолияти аз кор сабукдӯш шудани ҳамсари Раҳим Ҳошим расидааст. Он замон устод Айнӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба шарофати аллома Бобоҷон Ғафуров мавриди меҳрубониву ғамхории хосса қарор гирифта, мошини хизматии сабукрав низ доштааст. Ҳамон рӯзҳо дар донишгоҳ ҷаласаи тантанавие баргузор мегардаду устод Айнӣ ба он ба сифати меҳмони ифтихорӣ даъват мешавад. Ӯ аз ҷойи нишасти раёсат мебинад, ки дар толор Фаина Борисовна бо духтарчааш ҳузур доранд. Баъди ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ устод Айниро то берун мегуселонад. Устод барои савор шудан ба мошин саросема нашуда, аз ину он суҳбат карда, ноаён баромадани Фаина Борисовнаву духтарашро интизор мешавад. Вақте ки мебароянд, бо онҳо хеле гарм салому ҳолпурсӣ мекунад ва ронандаашро даъват карда мегӯяд, ки «Фаинаву духтарашро ба хонаашон бурда расону зуд биё». Ҳамин муносибати устод Айнӣ кофӣ буд, ки Фаина Борисовна дар ҷойи кораш монд ва рӯзгори худу фарзандонашро таъмин намуд. Дилбастагии Раҳим Ҳошим ба шахсияти инсонӣ ва адабиву илмии устод Айнӣ ба андозае буд, ки ҳангоми тарҷума аз забони ӯзбекӣ ва ба нашр омода кардани китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» мекӯшид тамоми нозукиҳои навиштори устодро риоят намояд ва агар кас надонад, ки матни ин китоб тарҷума аст, гумон мекунад, ки худи С. Айнӣ онро ба забони тоҷикӣ навиштааст. Бо хоҳиши устод Раҳим Ҳошим, ки навиштан ба хатти форсӣ барояш осонтар аз навиштан ба кириллӣ буд, ман матни ин китобро аз хатти форсӣ ба кириллӣ баргардонида, нусхаи тасҳеҳии онро низ хонда будам. Дар баъзе мавридҳо пешниҳод мекардам, ки ҷумлаеро дар таҳрири дигар нависем ва ё таъбиреро иваз бикунем, лекин устод розӣ намешуд ва бо далел исрор мекард, ки агар чунин шавад, ба манзари услуби Айнӣ бегонагӣ роҳ меёбад. Раҳим Ҳошим то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ меҳри дӯстиву бародариро бо шоири шаҳири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ пос медошт. Эссеҳои «Ёдат ба хайр, Пайрав», «Гуфтор аз аҳвол ва ашъори Пайрав», мақолаҳои ҷудогонаи Раҳим Ҳошим оид ба шахсияти адабӣ ва инсонии Пайрав гувоҳи ин садоқати беандозаи дӯстиву бародарӣ мебошанд. Дар мақолаи «Суҳбат бо рафиқони ҷавонам» ӯ аз як мусоҳибааш бо Пайрав чунин ёдовар мешавад: «Боре дар аснои суҳбат шӯхикунон ба Пайрав гуфтам: - Биё, ҳунари шоириатро ба ман ёд деҳ, то ки ҳар шаб сад, дусад мисраъ шеър сохта, онҳоро дар се-чор ҷой чоп кунонда, мадади маош кунам. Пайрав хеле ҷиддӣ гуфт: - Ту ҳунари шоир шудан надорӣ, ҳамон тилмочиатро (тарҷумониатро - А.А.) кардан гир! Барои як дараҷа дуруст шеър гуфта тавонистан, ба ғайр аз чизҳои дигар, камаш ду-се ҳазор мисраъ шеър аз ёд донистан шарт аст, ҳол он ки ту ақаллан дусад мисраъ ҳам шеър дар ёд надорӣ... Аз шоироне, ки ман мешинохтам, дар шеърдонӣ касеро намедонам, ки ба Пайрав баробар шуда метавониста бошад...» Дар ин пора, ки ёде аз Пайрав аст, ҳадаф талқини нозуку бидуни малоли хотири ҷавонон ба ҳар чи бештар аз ёд кардани шеър ва ба ин васила таҳрики онҳо ба дарки мусиқиву оҳанги арӯз, таносуби сухан, қоидаҳои радифу қофия ва дигар назокатҳои шеъри тоҷикӣ мебошад, ки бе аз ёд кардани шеъри бисёр ва ҳосил кардани малака даст нахоҳад дод. Раҳим Ҳошим тарҷумони беназире ҳам буда, романи «Модар» ва ҳикояҳои М. Горкий (1937, 1950, 1969), «Шоҳу гадо»-и М. Твен (1937, 1953, 1957), «Сафар аз Петербург ба Маскав»-и А. Радищев (1949), «Мусиқачии нобино»-и В. Короленко (1949, 1977), «Мсири»-и М. Лермонтов (1948), «Гвардияи ҷавон»-и А. Фадеев (1955, 1969), «Ҳодисаи оддӣ»-и И. Гончаров (1959), «Анна Каренина»-и Л. Толстой (1960), «Чингизхон»-и В. Ян (1962), «Абри ишқ»-и Н. Ҳикмат (1972), «Эзоп»-и Г. Фигейредо (1973), «Чаманоро»-и Р. Нурӣ (1965) ва ғ. аз биҳин тарҷимаҳои ӯ ва адабиёти тоҷик мебошанд. Дар таҳияи «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1933, таҳти роҳбарии Устод Айнӣ), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; Маскав, 1969), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат доштааст. Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1991). Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 24 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.
ш. Душанбе, 734025, хиёбони Рӯдаки 21
(+992 37) 227 29 07, 227 11 70.
www.facebook.com/www.iza.tj.
iza.rudaki@gmail.com.
Моро дар харита ёбед.
consectetuer adipiscing elit et sit amet Lorem ipsum dolor sit amet.