05 Oct 2022

5-уми октябр бо ибтикори Раёсат ва ҳайати илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-ҳомии забон” доир гардид.

Конференсияро президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи забон ва зодрӯзи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона табрик намуд.

Баъдан маърузаи узви вобастаи АМИТ, д.и.ф., сарходими шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот Мирзо Ҳасани Султон дар мавзуи “Забон ва Истиқлол” ироа гардид. Табрикоти ректори ДДЗТ Жило Гулназарзода ба ин муносибат шунида шуд. Гулназарзода аз тарҷумаи китоби арзишманди “Забони миллат-ҳастии миллат” ба забонҳои русӣ, хитоӣ ва англисӣ хабар дода, ба китобхонаи илмии АМИТ ва Институти забон ва адабиёт аз ин китобҳо тақдим намуд.

Гузориши д.и.ҳ. Акмал Неъматов ба “Заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол” оид буд. Дар суханронии узви вобастаи АМИТ, д.и.ф., мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот Сайфиддин Назарзода “Пешвои миллат ва фарҳангнигории тоҷик” баррасӣ ва аз чопи ҷилди 2 (ҳарфи Б)-и "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" хабар дода шуд.

Гузориш ва рӯнамоии китоби “Гиёҳу рустаниҳои шифобахши Яғноб”-ро мудири шуъбаи забон н.и.ф. Сайфиддин Мирзозода ва магистри соли аввали Институт Аманда Проос (Австралия) пешниҳод намуданд. Барномаро созу сурудҳои донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ҳусни дигар бахшид.