08 Nov 2022

Дирӯз, 7-уми ноябр, дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон, ки бо харҷи 4 млн сомонӣ сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Манбаъ гуфтааст, дар ин маросим, Қоҳир Расулзод, сарвазири Тоҷикистон ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, ки маҷмааи мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба шахсияти устод Мӯъмин Қаноат сохта шудааст.

“Пайкараи шоир бо баландии 4 метр ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳои саноатии ноҳия оро дода шудааст”, - гуфта мешавад дар иттилоия.

Ҳамчунин, дар осорхона тамоми маҳсули дасти устод, асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди устод Мӯъмин Қаноат нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд.

Қоҳир Расулзода ва ҳайати расмиро ҳунармандони ноҳия бо композитсияи адабӣ, ки аз эҷоди эҷодиёти Муъмин Қаноат гулчин шудаст, пешвоз гирифтаанд.

Зимни боздид аз осорхона Қоҳир Расулзода ба сохтмони он баҳои баланд дода, онро намунаи олии сиёсати маърифатпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон унвон карда, чун нишони эҳтиром дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштааст.

Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи устод Муъмин Қаноат дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон, қуллаи Маяковский дар ВМКБ расман ба номи Муъмин Қаноат гузошта буданд.