18 Sep 2022

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ОСОРХОНАИ АДАБӢ-ЁДГОРИИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ

Шоири бузурги зодаи инқилоб Абулқосим Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон дар оилаи гевадӯз Ҳаким Аҳмад Илҳомӣ ба дунё омадааст. Шоир соли 1922 ба Иттиҳоди Шуравӣ паноҳ бурда, сипас ба Тоҷикистон ҳиҷрат мекунад. Аз ӯ мероси гаронбаҳо боқӣ мондааст. Абулқосим Лоҳутӣ 16 марти соли 1957 дар шаҳри Москва дунёи фониро падруд гуфтааст.

Яке аз маконҳои муҳимму боарзиши адабӣ, ки ба хонандаи муҳтарам муаррифӣ мешавад, ин осорхонаи адабӣ-ёдгории Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Осорхонаи мазкур дар шаҳри Душанбе кӯчаи Истаравшан 4, ҳуҷраи 1 ҷойгир аст.

Соли 1987 хонаи истиқоматии А. Лоҳутиро Ҳукумати Тоҷикистон барои қадрдонӣ аз хидматҳои арзишманд дар арафаи ҷашни 100 солагӣ ба осорхона табдил дода, ба хидмати тамошобинону мухлисони шоир гузошт. А.Лоҳутӣ Тоҷикистонро ватани дуюуми худ медонист. Ин аст, ки дар Тоҷикистон истиқоматро ихтиёр кард. Ӯ барои рушди адабиёту фарҳанги Тоҷикистони навбунёд ва хусусан халқи тоҷик хизматҳои шоистаю мондагоре кард. Бинобар ин, А. Лоҳутӣ дар ин хона аз соли 1941 то 1943 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ин макон қадамҷои ӯст. Аз ин рӯ, барои тарбияи насли наврас, бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ хидмат кардаистодааст.

Бояд зикр намуд, ки осорхонаи адабӣ-ёдгории А. Лоҳутӣ то соли 1981 тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, баъди соли 1981 ба осорхонаҳои муттаҳидаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд. Осорхонаи мазкур, аз даромадгоҳу 5 толор иборат аст.

Дар толори аввал маводу аксҳо аз овони ҷавонӣ ва наврасӣ, муборизаи миллӣ-озодихоҳии шоир, нигораҳои марбут ба ин давра, инчунин яке аз шумораҳои маҷаллаи «Форс», ки худи шоир онро таъсис дода буд ва солҳои 1918-1919 фаъолият дошт ба намоиш гузошта шудааст. Аксҳо аз шуришҳои Сатторхон дар Эрон, муҳорибаи Табрез ва мағлубияту ғолибияти онҳо, қадамҳои аввалини шоири инқилобӣ бар зидди истилогарони озодихоҳи халқ маълумот медиҳад.

Толори дувум утоқи корӣ ном гирифтааст, ки дар он мизу курсии корӣ, ҷевони китобмонии шоир, сару либос, пойафзол ва баъзе нигораҳои рассомони номии тоҷикро дар бар гирифтааст. Дар гӯшаи дигари ҳуҷра акси кандакории Лоҳутӣ дар болои ҷӯб, ки амали кандакор Нуриддинов С. аст гузошта шудааст.

Толори сеюм аз аксҳо, нигораҳо, китобҳо, ашёҳои шахсӣ ва баъзе нигораҳову экспозитсияи рассоми тоҷик иборат мебошад. Ҳамчунин, ҳаёти Лоҳутӣ баъди ба Иттиҳоди Шуравӣ ва сониян ба Тоҷикистон омаданаш дар ҳамин толор муаррифӣ мегардад. Гузашта аз ин, солҳои 50-уми асри 20 фаъолияти тарҷумонии Лоҳутӣ, вохуриҳо бо ҳунармандон, адибон, бо баҳрнавардони киштии «Марат» ва туҳфаву асбобҳои шахсии устод, дар як лавҳа аксҳои оилавии шоир, дар лавҳаи дигар матни Суруди миллии аввалаи Тоҷикистон, ки Лоҳутӣ онро эҷод кардааст, намоиш гузошта шудааст.

Толори чорум аз мизу курсӣ ибрат аст ва ҳамчун нигораи арзишманд ба ҳисоб меравад, ки Лоҳутӣ солҳои дароз ҳангоми котиби Иттифоқи нависандагони СССР буданаш аз онҳо истифода кардааст. Мизу курсии шоир аз тарафи оилааш ба Осорхона супорида шудааст.

Дар толори панҷум хотира, ҳуҷҷатҳои шахсӣ, ордену нишонҳо, портретҳои шоирон ва китобҳои бо дастнависи туҳфашуда гузошта шудааст. Дар як ҷевон баъзе суратҳову китобҳои ба осорхона туҳфашуда нигаҳдорӣ мешавад.

Шеъру достонҳои Лоҳутӣ бо забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр шудааст. Ҳамчунин, шеърҳои устод Лоҳутӣ ба оҳанг дароварда шуда, аз тарафи овозхонҳо суруда мешавад.

Чунончи худи шоир гуфтааст:

Дар ҷабҳаи мубориза умрам тамом шуд,

Даврони оташу хун буд замони ман.

Мақолаҳо