Menu
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таҳқиқи Тоҷиддин Мардонӣ
Умриддин Юсуфӣ
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Рӯдакишиносӣ, бешубҳа, дар Тоҷикистон, ки зодгоҳи шеъри оламгири форсии тоҷикист, ба яке аз самтҳои муҳимми таҳқиқи адабӣ табдил ёфтааст. Таълифоти устод Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Иосиф Самуилович Брагинский, Абдураҳмон Тоҳирҷонов, Расул Ҳодизода, Саъдоншо Имронов, Аълохон Афсаҳзод, Худоӣ Шариф, Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмад, Абдулманнони Насриддин, Абдулқодири Рустам ва Тоҷиддин Мардонӣ аз ҷумлаи беҳтарин дастовардҳои илмӣ дар ин замина аст. Аз ин миён, таҳқиқоти арабшиноси номии тоҷик ва донишманди гавҳаршиноси фарзона Тоҷиддин Мардонӣ бо мухтассоти худ аз дигар пажӯҳишҳо тафовут дошта, дар он аҳволу осори Одамушшуаро Рӯдакӣ бар мабнои мадорики арабӣ ба силки таҳқиқ кашида шудааст, ки дорои мулоҳиза ва андешаҳои тоза мебошад. Ин пажӯҳиш бо номи «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» (Душанбе, Ирфон, 2010) мақолаҳои дар солҳои гуногун навиштаи муаллифро фаро мегиранд.
Яке аз мазоёи китоби мазбур дар ин аст, ки он бар мабнои навиштаҳои рӯдакишиносони араб таълиф гардида, ки онро метавон барои ҷомеаи илмӣ ва мадании тоҷик ҳамчун падидаи нав номзад кард. «Бурди ин донишманди пуркору пухтакор дар он аст, ки – менависад донишманди тоҷик Абдунабӣ Сатторзода, - ӯ илова ба матраҳ намудани масъалаи муҳимми илмӣ – таҳқиқи муносибати Рӯдакӣ бо адабиёти араб ва мушаххас сохтани саҳми муҳаққиқон, ноширон ва мутарҷимони араб дар муаррифии осор ва афкори шоир дар кишварҳои арабӣ – бори нахуст аз сарчашмаҳои арабӣ ба таври мукаммал истифода кардааст» [6, 60].
Бар ин мабно, маохизеро, ки дар ин китоби нафису арзишманд истифода шудаанд, аз рӯи моҳият ва замони таълифашон метавон ба ду даста тақсим кард:
а) сарчашмаҳои асрҳои миёна, ки дар бораи аҳволу осори Рӯдакӣ матлабе доранд, аз ҷумла «Ятимат ад-даҳр фӣ маҳосин аҳл ал-аср» (дар ду ҷилд ва чаҳор қисм) ва «Симор ал-қулуб фӣ-л-музоф ва-л-мансуб» ва «Ғурар ахбор мулук ал-фурс ва сияруҳум»-и Абумансур ас-Саолибӣ, «Вафаёт ал-аъён ва анбо абно аз-замон» (дар 8 муҷаллад)-и Ибни Халликон, «Китоб ал-ансоб»-и Абусаъд Абдулкарим ибн Муҳаммад ас-Самъонӣ ал-Марвазӣ, «Муъҷам ал-булдон» (дар панҷ муҷаллад)-и Ёқут ал-Ҳамавӣ, «Иҳё улум ад-дин»- и Абуҳомид Муҳаммад ибн Муҳаммад ал-Ғаззолӣ ат-Тусӣ, «Кашф аз-зунун ан асомӣ-л-кутуб ва-л-фунун» (дар ду ҷилд)-и Ҳоҷӣ Халифа, Ҳусайн ибн Аҳмад аз-Зузанӣ (ваф. 486/ 1093-94), «Маҷмаъ «Китоб ал-амсол» (дар ду ҷилд)-и Абулфазл ал-Майдонӣ, «Тоҷ ал-масодир фӣ-л-арабия» (дастхат)-и Абуҷаъфар Аҳмад ибн Алӣ ал-Байҳақӣ (ваф. 544/1149), «Изоҳ ал-макнун фӣ-з-зайл ъала «Кашф аз-зунун» (дар чаҳор муҷаллад)-и Исмоил-пошо ал-Бағдодӣ, «Думят ал-қаср ва усрат аҳл ал-аср» (ҷузъи аввал ва сонӣ)-и Абулҳасан Бохарзӣ, «Харидат ал-қаср ва ҷаридат ал-аср» (дар се муҷаллад)-и Имомуддин ал-Исфаҳонӣ, «Девон»-и Зиёуддин Абурризо Фазлуллоҳ ал-Ҳусайн ал-Косонӣ ар-Ровандӣ, «ал-Лубоб фӣ таҳзиб ал-ансоб» (дар се ҷилд)-и Ибн ал-Асир, «Ҷавоҳир ал-адаб ва иншо луғат ал-араб» (ҷузъ ал-аввал ва-с-сонӣ)-и Сайид Аҳмад ал-Ҳошимӣ ва ғ.
б) рисола ва китобҳои муътамади илмии муосир, ба шумули «Таърих ал-адаб ал-арабӣ» (дар чаҳор муҷаллад)-и Фаррух Умар, «Асар ал-луға ал-арабия фӣ-л-луға ат-тоҷикия» (дар ду ҷузъ)-и Маҳфуз Ҳусайн Алӣ, «Мин таърих ал-адаб ал-арабӣ. Ал-Аср ал-аббосӣ ал-аввал (ал-қарн ас-сонӣ) (дар ду муҷаллад)-и Тоҳо Ҳусайн, «ал-Адаб ал-муқоран»-и Нада Тоҳо, «Таърих ал-луға ва-л-адаб ал-арабӣ» (ду ҷилд)-и Ҳанно ал-Фохурӣ «Паҳнкунандаи шуҳрати Рӯдакӣ дар Шарқи Араб»-и Ҳасан Иброҳим Наққош, «Мухторот мин-аш шиър ал-форсӣ», «ал-Адаб ал-муқоран» (Адабиёти татбиқӣ. Таърих ва таҳаввул, асарпазирӣ ва асаргузории фарҳанг ва адаби исломӣ. Тарҷумаи, таҳщия ва таълиқ аз д-р Саййидмуртазо Оятуллоҳзодаи Шерозӣ)-и Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол, Муҳаммад Муҳаммад Юнус, «Дор кутуб Фаластин ва нафоис махтутотиҳо»-и Асъад Тлас, «ал-Муъҷам ал-муфаҳрас ли алфоз ал-Қуръон ал-карим»-и Абдулбоқӣ, М. Фуод, «Музаккарот рассала ал-алим ва раҷул ад-давла ва-ш-шаъир ал-Муаййад фӣ-д-дин аш-Широзӣ»-и Ферена Калим, «Диросот фӣ-ш-шиър ал-форсӣ ҳатта-л-қарн ал-хомис ал-ҳиҷрӣ»-и Муҳаммад Нуриддин Абдулмунъим, «ал-Маҷмуъа ал-форсия» ва «Ҳавла-л-адаб фӣ-л-аср ас-салҷуқӣ»-и Муҳаммад Алтунҷӣ, «ал-Қисса фӣ-л-адаб ал форсӣ» -и Амин Абдулмаҷид Бадвӣ, «Шуаро фурс фӣ-л-адаб ал-арабӣ»-и Юсуф Ҳусайн Баккор, «ал-Мунҷид фӣ-л-луға ва-л-адаб ва-л-улум»»-и Луис Маълуф, «Силот байн ал-араб ва-л-фурс ва-т-турк»-и Муҳаммад Муҷиб ал-Мисрӣ, «ал-Адаб ал-муқоран»-и Довуд Саллум, «Тайёрот сақофия байн ал-араб ва-л-фурс»-и Аҳмад Муҳаммад ал-Ҳуфӣ, «ал-Адаб ал-форсӣ фӣ-л-асар ал-ғазнавӣ»-и Алӣ аш-Шобӣ.
Ба яқин ва бо итминони комил метавон изҳор дошт, ки ин ному асарҳо маҳз тавассути нигоштаҳои Тоҷиддин Мардонӣ вориди рӯдакишиносии тоҷик гардида, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф аз онҳо барои дақиқ кардани масъалаю мушкилаҳои аҳволу осори Рӯдакӣ огоҳона истифода кардааст.
Ҳадафи усулӣ, ки ҳамзамон мазияти дигари ин китоби муфид ба шумор меояд, пеш аз ҳама, дар он аст, ки Тоҷиддин Мардонӣ бо равиши таҳқиқӣ-муқоисавӣ шинохти устод Рӯдакиро аз зовия ва диди тазкиранигорону донишмандони муътабари асрҳои миёна ва муҳаққиқони машҳури муосири араб пажӯҳида, ки дар навбати худ ҳар кадоми онҳо бозёфтҳои тозаи илмӣ ба ҳисоб рафта, паҳлӯҳои то кунун норавшани аҳвол ва афкори устоди шоиронро ба хонандаи тоҷик ошно месозад. “Номи Рӯдакӣ ба арабҳо низ шинос буд, -менависад муаллиф, - зеро он дар баъзе манбаъҳо ба монанди “Китоб ал-ансоб”-и Самъонӣ, “Муъҷам ал-булдон”-и Ёқути Ҳамавӣ, “Ятимат ад-даҳр”-и Саолибӣ, ки ба забони арабӣ таълиф шуда, миёни доираҳои илмиву адабии араб машҳур буданд, омадааст” [3, 19]. Аз ҷумла, гуфтаи машҳури вазири донишманди Сомониён Абулфазли Балъамиро дар бораи Султони шоирон аз “Китоб ал-ансоб”-и Абусаъд Абдулкарим ибн Муҳаммад ас-Самъонӣ нақли қавл мекунад: “Рӯдакиро дар Арабу Аҷам назир нест” [3, 8] ва таъкид месозад, ки шеъри устоди шоирони порсӣ дар замони зиндагияш, на танҳо дар Хуросон, балки дар хилофати араб иштиҳор дошт. Чунонки Хоқонии Шарвонӣ дар ин маврид мефармояд:
Гарчи будаст пеш аз ин дар Арабу Аҷам равон,
Шеъри Шаҳиду Рӯдакӣ, назми Лабиду Буҳтурӣ.
Албатта, ин нукта дар шеъри Рӯдакӣ, он ҷо, ки дар бораи зиндагии хеш шиква мекунад, омадааст:
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвашт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд [5, 42].
Вале, муҳимтар аз ҳама, Тоҷиддин Мардонӣ барои исботи ин ақида тарҷумаи арабии шеъри Рӯдакиро, ки аз ҷониби шоири арабизабони тоҷики нимаи дувуми асри чаҳоруми ҳиҷрӣ (асри даҳуми мелодӣ) Абулҳасан Аҳмад ибн ал-Муаммил анҷом шуда, онро ас-Саолибӣ дар «Ятимат ад-даҳр фӣ маҳосин аҳл ал-аср» дарҷ кардааст, меорад:
تصور الدنیا بعین الحجی لا بالتی انت بها تنظر
الدهر بحر قاتخذ زورقا من عمل الخیر به تعتبر
Дунёро ба чашми хирад тасаввур намо,
На бо он чашме, ки ба он менигарӣ.
Дунё баҳрест ва ту аз корҳои нек,
Заврақе бисоз, то он баҳрро бигзарӣ.
Се нуктаи бисёр зарифро ас-Саъолибӣ пеш аз зикри ин пораи шеърӣ таъкид кардааст, ки ҳамчун бурҳони қотеъ ба Рӯдакӣ тааллуқ доштани он муҳим мебошад. Нахуст, ду байт будани онро таъкид месозад ва муҳимтар аз ҳама номи Рӯдакиро зикр мекунад ва ҳеч шубҳа боқӣ намемонад, ки онро ба шоири дигаре, ба ҷуз Рӯдакӣ баршуморем ва ин, аз сӯи дигар, ба шуҳрати шеъри Рӯдакӣ дар ҷаҳони араб далолат дорад ва солисан дар баҳри сареъ эҷод шудани ин пораро ёдовар мешавад: "و له و قد نقل معناه من بیتین للروذکی و هما من السریع" (Тарҷума: Ӯрост ва ин маъноро аз ду байти Рӯдакӣ нақл кардааст. Дар вазни сареъ).
Чунонки аз таҳқиқи Баҳром Сирус бармеояд, дар ашъори боқимондаи устод Рӯдакӣ 6 пораи шеърӣ вуҷуд дорад, ки ба «навъҳои гуногуни баҳри сареъ» эҷод шудаанд [7,124]. Ба занни қавӣ метавон ҳадс зад, ки Абулҳасан Аҳмад ибн ал-Муаммил, дар тарҷумаи худ вазнеро, ки Рӯдакӣ аз он истифода бурда, нигоҳ доштааст.
Баъдан ин абётро Саъид Нафисӣ бо сабки хуросонӣ, ки бунёдгузори он устод Рӯдакист, бори дигар моҳирона ба порсӣ баргардон кардааст:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Аммо бо ин ақидаҳо Тоҷиддин Мардонӣ иктифо намекунад. Ӯ бар асоси мулоҳизаи адабиётшиноси араб Тоҳо Нада, тарҷумаи Абулҳасан Аҳмад ибн ал-Муаммилро ба ин байти Рӯдакӣ мансуб медонад, ки воқеан дуруст аст:
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон [3, 40-41].
Зикри ин нукта низ муҳим аст, ки муаллиф барои исбот кардани андешаи хеш аз ашъори шоири арабизабони маҷҳулулмуаллиф се байти дигарро далел меорад, ки маҳз аз лиҳози маъноӣ бо абёти Рӯдакӣ шабеҳанд:
ان الله عباداً قطنا طلقوا الدنیا و عافوا الفتنا
فکروا فیها فلما عملوا انها لیست لحی وطنا
جعلوها لجة و اتخذوا صالح الاعمال فیها سفنا
Тарҷума:
Дар ҳақиқат Худованд бандагони бохираде доштааст,
Ки дунёро раҳо ва фитнаҳои онро дур кардаанд.
Дар моҳияти он андешаҳо рондаву донистаанд,
Ки он барои одами зинда ватани доимӣ нест.
Он гоҳ онро баҳре донистаанд ва аз корҳои
Нек барои аз он гузаштан киштиҳо сохтаанд [3, 44-45].
Ба назар мерасад, ки Тоҷиддин Мардонӣ масъалаҳои ҳалталаби абёти Рӯдакиро, ки ба арабӣ тарҷума шудаанд, бо донишмандони маъруфи замони худ ва рӯдакишиносони барҷастаи ҷаҳон мавриди баҳс қарор дода, барои равшан шудани онҳо ҷустуҷӯҳои илмии худро пайгирона идома бахшидааст, то гавҳари мақсуд ба даст ояд. Аз ҷумла, дар мавриди байти мазбури Рӯдакӣ бо донишманди номии эронӣ доктор Саййидмуҳаммад Дабири Сиёқӣ гуфтугӯҳо анҷом дода ва аз қавли ӯ оварда, ки: «…олими бузургвор Алиакбар Деҳхудо низ ин ду байтро аз арабӣ ба форсӣ ба шеър тарҷума кардаанд» [3, 45], вале муаллиф бо таассуф арз мекунад, ки «…ин тарҷума то имрӯз ҳам дастраси бандаи камина нашудааст» [3, 45].
Чунин мулоҳизаҳои муфиду муътамади назарӣ дар китоби «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки арзиши илмии онро баланд мебардорад.
Сирри комёбии Тоҷиддин Мардонӣ дар он аст, ки ӯ дар баробари дар сатҳи олӣ донистани забони модарии худ, инчунин забонҳои арабӣ ва русиро дар ҳамин сатҳ яксон балад мебошад.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар ин китоб мавриди баҳс қарор гирифтааст, масъалаи таъсир ва таассури адабӣ мебошад. Се мақолаи ин китоб “Оид ба як суратхаёли муштараки шоирона”, “Перомуни чанд маънии муштарак дар осори Ибн ал-Муқаффаъ ва Рӯдакӣ” ва “Як пайравӣ аз шеъри Рӯдакӣ” ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд.
Дар мақолаи аввал, муаллиф бо далоили муътамад собит сохтааст, ки устоди шоирон дар пораи шеърии:
Ман мӯи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сиёҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ –
аз Ибни Румӣ таъсир пазируфтааст.
Бисёре аз муҳаққиқони шеъри Рӯдакӣ ба ин ақидаанд, ки ин қитъаи устод Рӯдакӣ гӯиё ҷавобия ба таънаи зери шоир Абӯтоҳири Хусравонӣ мебошад:
Аҷаб ояд маро зи мардуми пир,
Ки ҳаме мӯйро хизоб кунанд.
Бо хизоб аз аҷал ҳаме нараҳанд,
Хештанро чаро азоб кунанд?!
Вале дар ин маврид, Тоҷиддин Мардонӣ ду ақидаи навро баён мекунад, ки ҷолиб мебошад.
Нахуст, ӯ бо такя ба андешаҳои муҳаққиқони эҷодиёти Рӯдакӣ, аз ҷумла У.М. Даудпота ва И. С. Брагинский ба ин бовар аст, ки: «ин қитъаи ӯ тарҷумаи бевоситаи шеъри арабии Ибн ар-Румӣ мебошад” [3, 51].
Далели ӯ қитъаи зери Ибни Румист, ки дар мазаммати хизоб кардани риш гуфта:
اذا دام للمز السواد و اخلقت شبیبته ظنّ سواد خضابا
فکیف یظنّ الشیخ أنّ خضابه یظنّ سوادا أو یخال شبابا
Агар сиёҳии (мӯи) мард, ки офаридаи ҷавонияш аст, дер боқӣ монад,
[Мардум] онро рангкардашуда мепиндоранд.
Вале чи тавр марди пир умед мебандад, ки мӯи рангкардаашро (одамон) сиёҳии аслӣ пиндошта, худи ӯро ҷавон хаёл мекунанд?
Барои боварбахш шудани ин нукта ва боқӣ намондани ҳеч гуна шубҳа муаллиф ақидаи Ибни Халликонро, ки аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ал-Ҳамадонӣ дар бораи шеъри болои Ибн ар-Румӣ (836-896) нақли қавл карда, ҳамчун санад иқтибос меорад: “Ин маъниро [хизоб кардани риш –У. Ю.] пеш аз ӯ касе баён накардааст ва касе беҳтар аз ӯ дар ин мавзӯъ шеър наёфаридааст” [3, 50]. Фузун ба ин, қитъаи дигари Ибни Румиро, ки ба ҳамин мавзӯъ марбут аст, оварда, сареҳан нишон медиҳад, ки таъсири шеъри арабӣ дар саргаҳи адаби форсии тоҷикӣ ба назар мерасад. Аммо, ба назари ин ҷониб, устод Рӯдакӣ аз қитъаи дувуми Ибни Румӣ бештар таъсир пазируфтааст:
لم أصبغ الشعر للغوانی أبغی به عندها وِدادا
بل الخضاب علی شبابی البست من بعده حِدادا
Ман (мӯи) пиронаамро баҳри соҳибҷамолон ранг накардаам,
Ки бо ин назди онҳо меҳру муҳаббат хоҳам.
Балки ранг карданам ба ёди ҷавониям аст, ки
[Чун гузашт] либоси мотам ба бар кардам [3, 50-51].
Ҳамзамон, шоир барои дақиқ шудани фикри хеш абёти ҳамсони ин мавзӯъро, ки баъдан Кисоии Марвазӣ ва Абӯалӣ ибни Сино аз он пайравӣ ва истиқбол кардаанд, шоҳид оварда, ба ин назар аст, ки баъд аз Рӯдакӣ низ баҳси хизоб кардани риш дар адаби форсии тоҷикӣ ривоҷ доштааст.
Дувум, чунонки ишора шуд, ағлаби муҳаққиқони адабиёти мутақаддими форсии тоҷикӣ, ақида доранд, ки қитъаи зикршудаи Рӯдакӣ дар посухи Абутоҳири Хуросонӣ гуфта шудааст. Вале Тоҷиддин Мардонӣ ба асоси мулоҳизаҳои шарқшиноси маъруф В. Э. Бертелс ба ин натиҷа мерасад, ки «баръакс абёти мазкури Хусравонӣ маҳз дар пайравии қитъаи Рӯдакӣ нигошта шудааст» [3, 52].
Илова ба ин, Тоҷиддин Мардонӣ ақидаи тозаеро пеш меронад, ки «ин ду шеър ба ҷуз ягонагии мавзӯъ бо ҳамдигар муносибате надоранд». Ва аз Рӯдакӣ, ки ин мавзӯъ дар ашъори боқимондааш боз таъкид мешавад, ду байти дигареро дар ҳаҷви мардоне, ки риши хешро ранг мекунанд, далел меорад:
Ришу сиблат ҳаме хизоб кунӣ,
Хештанро ҳаме азоб кунӣ.
Ва:
То кай барӣ азобу кунӣ ришро хизоб!
То кай фузул гӯию орӣ ҳадиси ғоб!
Ва дар мавриди исботи андешаи хеш ба гуфтаи мазбури Тӯрақул Зеҳнӣ, онҷо, ки андар истилоҳи «салх» мулоҳиза меронад, истинод мекунад: «Хусравонӣ маънӣ ва лафзи шеъри худро маҳз аз ҳамин байти Рӯдакӣ бурдааст» [2,226] ва ба ин натиҷаи саҳеҳи илмӣ мерасад, ки «Шеъри Хусравонӣ аз ҳамин байти Рӯдакӣ сарчашма мегирад, на аз қитъаи ӯ» [3, 52].
Мо низ аз ин ақидаи Тоҷиддин Мардонӣ ба ин далел, ки Муҳаммад Авфии Бухороӣ ӯро “аз наводири фалакӣ ва дар зумраи аному аҷоиби айём” [1, 2/6] донистааст, ҷонибдорӣ мекунем ва ба ин назарем, ки қитъаи Хусравонӣ дар истиқболи байти Рӯдакӣ суруда шудааст.
Қадимтарин намунаи барҷастаи чистонро дар адаби форсии тоҷикӣ низ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гуфта, ки бори нахуст Муҳаммад Умар ар-Родуёнӣ дар «Тарҷумон ал-балоға» дар фасли «фӣ-т-тарҷума» фақат байти дувуми онро мавриди истифода қарор дода, вале дар бораи муаллифи он сухан нагуфтааст. Чунонки ӯ менависад: «Яке аз балоғат тарҷума гуфтан аст ва беҳтарин тарҷума он бувад, ки маъниро тамом нақл кунад ва лафзи мӯҷазу балеғ, чунонки Буҳтурӣ гӯяд андар сифати қалам:
لَهُ حَدُّ صَمصَامٍ و مَشیَةُ حَیَّةٍ وَ قَالَبُ عُشّاقٍ و لَونُ حَزِنِ
Тарҷума:
Тезии шамшер дораду равиши мор,
Колбади ошиқону гунаи ғамгин [4, 118].
Дар натиҷаи муқояса ва муқоранаи ин байт соҳиби китоби «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» бо ашъори боқимондаи Рӯдакӣ ба ин натиҷа мерасад, ки устод Рӯдакӣ дар ин маврид аз Буҳтурӣ баҳра бурдааст [3, 19].
Тоҷиддин Мардонӣ дар перомуни чанд маънии муштарак дар осори Ибн ал-Муқаффаъ ва Рӯдакӣ мулоҳизаҳои пурқиматеро баён дошта, намунаҳои зиёдеро аз Додбеҳ пури Рӯзбеҳ шоҳид меорад, ки инҷо маҷоли баёни онҳо нест ва танҳо месазад ба як нуктаи зариф иктифо кард.
Албатта, ба гунае, ки ошкор аст, Рӯдакӣ бори нахуст “Калила ва Димна”-ро аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ ба риштаи назм кашида ва ҳамин гуна кор, яъне тарҷумаи аз паҳлавӣ ба арабии ин асарро Ибни Муқаффаъ (722-759) анҷом дода, ки миёни ин ду асари ҳамном, бидуни шубҳа, ҳамсониҳо ва муштаракоти зиёди маъноӣ вуҷуд доранд. Қисмати аъзами андешаҳои Тоҷиддин Мардониро мо ҷонибдор ҳастем, чунонки дар ин маврид, Рӯдакӣ дар “Калила ва Димна” гуфта:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рою дониш бениёз,
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рою донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.[1]
Тоҷиддин Мардонӣ қотеъона собит месозад, ки устод Рӯдакӣ ҳангоми манзум кардани ин пора аз гуфтаи зери Ибн ал-Муқаффаъ (“ал-Адаб ал-кабир”) баҳра бурдааст: “Ин эҳтимоми онҳо ва ғамхорӣ нисбат ба наслҳои ояндаи мо бад-он ҷо расид, ки агар ба рӯи марде аз онҳо дари илме, калимаи савобе кушуда мегардид ва ӯ дар ҷои беодаме мезист, дарҳол онро ба рӯи санге менавишт, то дар асари марги ногаҳонӣ онро бо худ набарад ва пасояндагон аз он бебаҳраву бенасиб намонанд” [3, 72].
Ба назари мо, шарҳи ин нуктаро пас аз 18 соли вафоти устод Рӯдакӣ муаллифи “Шоҳнома”-и Абӯмансурӣ (соли таълиф 958), ки аз он танҳо муқаддимае боқӣ мондааст, хеле зарифона баён дошта, муҳимтар аз ҳама, ин сарчашма ба замони фавти шоир наздик ва эътимодбахш аст, ки аз ду ҷиҳат муҳим мебошад.
Ҷиҳати аввал он аст, ки Абумансур Муҳаммад ибн Абдуллоҳи Муаммарӣ, бо дастури Абдулмалик ибни Нӯҳ (ҳук.954-961) ба навиштани “Шоҳнома”-и мансур каммари ҳиммат баста, мутаассифона, он дар сели ҳаводиси таърих нобуд шуда, ба ҷуз муқаддимае аз он боқӣ мондааст, сухани худро аз гуфтугӯи Ибни Муқаффаъ дар ҳузури Маъмун писари Ҳорунаррашид оғоз карда, чи гуна номи инсонҳо дар сафинаи таърих бо сохтани корҳои навоин, чун шоҳи ҳиндувон ба доноӣ, ки “Калилаву Димна” ва “Шонок” ва “Рому Ромин” берун овард, боқӣ монад: “Ва Маъмун – писари Ҳорунаррашид маниши подшоҳон ва ҳиммати меҳтарон дошт, як рӯз бо меҳтарон нишаста буд, гуфт: -Мардум бояд ки то андар ин ҷаҳон бошанд ва тавоноӣ дорад, бикӯшанд, то аз ӯ ёдгоре бувад, то пас аз марги ӯ номаш зинда бувад. Абдуллоҳ писари Муқаффаъ, ки дабири ӯ буд, гуфташ, ки: - Аз Кисрои Анӯшервон чизе боқӣ мондааст, ки аз ҳеч подшоҳ намондааст. Маъмун гуфт: -Чӣ монд? Гуфт: -Номае аз Ҳиндустон биёвард, он ки Барзуяи табиб аз ҳиндуӣ ба паҳлавӣ гардонида буд, то номи ӯ зинда шуд миёни ҷаҳониён ва понсад харвор дирам ҳазина кард. Маъмун он нома бихост ва он нома бидид, фармуд дабири хешро то аз забони паҳлавӣ ба забони тозӣ бигардонид” [8, 95].
Масъала ин ҷост, ки муаллифи “Шоҳномаи Абумансурӣ”, чунонки дар боло ишора шуд, на танҳо ба манзараи аз паҳлавӣ ба порсӣ баргардонидани “Калила ва Димна”-ро аз ҷониби Ибни Муқаффаъ иктифо карда, балки ҳамин гуна корро, яъне чи гуна ба назм овардани ин асари ҳиндиюласлро аз ҷониби устод Рӯдакӣ низ ба қалам додааст, ки аҳаммияти таърихӣ дорад: “Пас амири саъид Наср ибни Аҳмад ... дастури хешро – Хоҷа Балъамӣ бар он дошт, то аз забони тозӣ ба забони порсӣ гардонид, то ин нома ба дасти мардумон андар уфтод ва ҳар касе даст бар-ӯ андар заданд. Ва Рӯдакиро фармуд, то ба назм овард ва “Калилаву Димна” андар забони хурду бузург уфтод ва номи ӯ бад-ин зинда гашт ва ин нома аз ӯ ёдгоре бимонд” [8, 95].
Ҷиҳати дувум он аст, ки соҳиби “Шоҳномаи Абумансурӣ” ки қадимтарин намунаи насрӣ порсӣ шинохта шудааст, ҳамон қитъаи машҳури Рӯдакиро, ки дар фавқ омад, айнан ба наср баргардон карда: “Аввал эдун гӯяд дар ин нома, ки то ҷаҳон буд, мардум гирди дониш гаштаанд ва суханро бузург дошта ва некӯтарин ёдгоре сухан донистаанд, чи андар ин ҷаҳон мардум ба дониш бузургтар ва моядортар. Ва чун мардум бидонист, к-аз вай чизе намонад пойдор, бад-он кӯшад, то номи ӯ бимонад ва нишони ӯ бимонад ва нишони ӯ гусаста нашавад” [8, 95].
Чунонки дида мешавад, Тоҷиддин Мардонӣ саъй ба он дошта, ки масъалаҳои ҳалталаби ашъори Рӯдакиро аз чанд буъд пажӯҳиш кунад, то моҳияти масъала ба хонанда равшан гардад. Ва ба соҳиби китоби «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» муассар шудааст, ки ин гуна мушкилаҳоро бо далоили илмӣ собит созад.
Аз нуктаҳои муҳим ва арзишманди асари Тоҷиддин Мардонӣ он аст, ки ӯ дар асоси мақолаи донишманди араб Асъад Тлас зери унвони “Китобхонаҳои Фаластин ва нафистарин дастнависҳои онҳо” (1945) муайян кардааст, ки дар китобхонаи “ал-Холидия”-и шаҳри Қудс ду нусхаи дастнависи асарҳои устод Рӯдакӣ “Тоҷ ал-масодир фӣ-л-арабия ва-л-форсия” ва “ас-Сомӣ фӣ-л-асомӣ” вуҷуд доранд. Абдунабӣ Сатторзода ин амали Тоҷиддин Мардониро аз ҷумлаи “бозёфтҳои нави илмӣ” дар рӯдакишиносӣ номидааст [6, 60].
Ӯ ба масъулин ҳушдор дода, ки барои дарёфти ин фарҳангҳо ва таҳқиқу нашри Рӯдакӣ аз худ ибтикорот нишон диҳанд. Ба назари мо, чунин бонги изтироби задани донишманди тоҷик заминаи воқеӣ дорад, зеро чунин муносибат агар дар мавриди осори асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ раво дида шавад, ҳузновар аст. Эҳтимол меравад ва мо умед дорем, ки дар миёни анбӯҳи дастнавиштаҳои то ҳанӯз ношинохтаи мамолики арабӣ, Ҳиндустон, Туркия, Чин ва Муғулистон “Девон”-и комили Рӯдакӣ, маснавиҳои ӯ ва рисолаи “Ароис ан-нафоис” вуҷуд дошта бошанд.
Дар маҷмӯъ, рисолаи “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” сухани тоза дар рӯдакишиносист ва метавонад заминаи боэътимоде барои таҳқиқоти оянда дар ин самт бошад.
Адабиёт:
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таҳқиқи Тоҷиддин Мардонӣ
Дар ин мақола муаллиф саъй кардааст, ки пажӯҳишҳои арабшиноси номии тоҷик Тоҷиддин Мардониро роҷеъ ба осор ва афкори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар асоси манбаъҳои муътамади арабӣ анҷом пазируфтааст, мавриди баррасӣ қарор диҳад. Китоби “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”-и Тоҷиддин Мардонӣ дар рӯдакишиносии тоҷик сухани наву тоза буда, ба бисёр паҳлӯҳои наравшани рӯзгору осори Рӯдакӣ маълумоти дақиқ медиҳад.
Калидвожаҳо: Рӯдакӣ, адабиёти муқоисавӣ, Абулҳасан Аҳмад ибн ал-Муаммил, “Китоб ал-ансоб”-и ас-Самъонӣ, Тоҷ ал-масодир фӣ-л-арабия ва-л-форсия, ва ас-Сомӣ фӣ-л-асомӣ, Ароис ан-нафоис, Калила ва Димна, Рӯдакӣ ва адабиёти араб, Тоҷиддин Мардонӣ.
Абу Абдулло Рудаки в исследованиях Таджиддина Мардони
В данной статье автор попытался рассмотреть и проанализировать исследования таджикского арабиста Таджиддина Мардони о произведениях и работах Абу Абдуллы Рудаки на основе достоверных арабских источников. Книга Таджиддина Мардони «Рудаки и арабская литература» представляя собой новый взгляд в изучении творчества Рудаки, также проливает свет на многие неизвестные факты жизни и творчества поэта.
Ключевые слова: Рудаки, сравнительное литературоведение, Абулхасан Ахмад ибн ал-Муаммиль, «Китаб ал-Ансоб» ас-Самани, Тадж ал-Масодир фи-л-Арабия ва-л-Форсиа и ас-Сами фи-л-Асами, Аруа ан-нафаис, Калила и Димна, Рудаки и арабская литература, Таджиддин Мардони.
[1] Ин пора дар «Девон»-и Рўдакии чопи Абдуќодири Рустам чунин омада:
[1] Ин пора дар «Девон»-и Рӯдакии чопи Абдуқодири Рустам чунин омада:
То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз,
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рав туву ин ганҷ неҳ [c. 103].