Menu
УСТОД АЙНӢ ДАР БИНОИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РӮДАКӢ КОРУ ФАЪОЛИЯТ НАМУДААСТ.
Дар арафаи 90-солагии таъсиси Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ ба хотир овардани фаъолияти кории устод Айнӣ дар бинои ҳозираи ин боргоҳи илм шоистаи тамҷид аст. Устод Айнӣ аз соли 1951 то охири умр (1954) сарварии Академияи илмҳоро ба уҳда дошт, ки бинои он бинои имрӯзаи Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ будааст. Албатта фаъолияти илмию адабӣ, таърихию фарҳангии устод Айнӣ ба ҳама маълум аст ва ниёз ба такрор ҳам надорад. Вале нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар бораи қадамгоҳи устод Айнӣ дар Душанбе ба ғайр аз хонаи истиқоматиашон, ки имрӯз осорхонаи устод аст, камтар касон иттилоъ доранд. Устод Айнӣ дар ошёнаи дувуми имрӯза Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар ҳуҷраи №13 кору фаъолият намудааст. Имрӯз кормандон бо ифтихор аз он мегӯянд, ки замоне устод Садриддин Айнӣ дар ин бино қадам мондаанд. Маҷлису машваратҳои АИ Тоҷикистонро гузаронидаанд, ба олимону донишмандон маслиҳатҳо додаанд.
Устод Айнӣ дар ин марҳалаи таърихӣ ҳамчун донишманди миллатдӯст дар аксарияти соҳаҳое, ки замона ва ҷомеа рисолати анҷоми корҳоро бар дӯшаш гузошта буданд, оғозгар ва нахустин шуд.
Дар ибтидои асри ХХ, дар миёни мардуми тоҷик чунин як масъулияти миллие эҳсос гардида, таваҷҷуҳ ба забону адабиёт бештар гардид. Дар ҳамин замон буд, ки таҳқиқи забону адабиёт дар баробари тасдиқи мавҷудияти миллати тоҷик ба майдони мубоҳисаҳо бархоста, ҷанбаи сиёсиву илмӣ пайдо намуд. Дар саргаҳи бунёди илму адаби тоҷикӣ дар замони муосир устод Садриддин Айнӣ гомҳои нахустин бардоштаанд. Корҳои илмии ӯ барои бунёди пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ва ташаккулу инкишофи он асос гузоштаанд. Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), мақолаҳо бахшида ба забон ва адабиёти нави тоҷикӣ, силсилаи рисолаву мақолаҳои ӯ дар бораи Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Восифӣ, Навоӣ, Бедил ҳама пажӯҳишҳои ҷиддии илмӣ буданд, ки барои шаклгирии адабиётшиносиии тоҷикӣ нақши бузург бозидаанд.
Устод Айнӣ дар тартиб додани луғатҳо, аз ҷумла луғати русӣ-тоҷикӣ иштирок доштааст ва муаллифи нахустин фарҳанги тафсирии «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» (1938) буд. Ҳамкории пурбори устод Айниро бо базаи тоҷикии АФ СССР метавон махсус қайд намуд. Зеро устод Айнӣ дар мураттабсозии «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (ҷилдҳои 1-2; 1933-1934) саҳми бузург дорад ва ин луғат зери таҳрири ӯ ба чоп расидаат. Вай яке аз муҳаррирони «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1940) низ буд ва ба сифати мушовир (консултант) дар мураттаб гардонии луғатҳои дузабона иштирок намудааст. Ҳамчунин, устод Айнӣ дар тартиб додани лоиҳаи алифбои криллӣ бо академияи илмҳо ҳамкорӣ кардааст. Дар ин муддат бо ин ниҳоди илмӣ пайваста дар гуфтугузори хаттӣ ва шифоҳӣ будааст.
Аз тадқиқоти академии С. Айнӣ пажӯҳиши муфассали ӯ дар бораи Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад, ки соли 1954 ба чоп расид.
Устод Айнӣ ба сифати аввалин президенти АИ Тоҷикистон дар таъсиси Институти забон ва адабиёт, шаклгирии бахшу шуъбаҳо, тарбияи кадрҳо саҳми бориз дорад.
Боиси ифтихор аст, ки бинои имрӯзаи Институти забон ва адабиёт, ки дар он нахустин Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, аз қадамгоҳи ин устоди бузургвор ба шумор меояд. Руҳи эшон имрӯз илҳомбахши аҳли илму адаб аст.
Таҳияи Лутфулло Шарифзода