16 May 2023
Submitted by Admin
296

Номи Муҳаммад Шариф Саидӣ, ҳарчанд дар муҳити адабии Афғонистону Эрон маъруф аст, аммо дар Тоҷикистон шиносоии густардаи он акнун оғоз хоҳад шуд ва имон метавон дошт, ки ҷойгоҳи вежаи худро пайдо хоҳад кард. Китобе, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст – “Садои маҳшар”, аз чиҳил ғазал иборат буда, соли 2022, дар Эрон дар Озмуни байналмилалии Ҷашнвораи Шеъри Фаҷр яке аз се баранда шудааст.

“Садои маҳшар” – унвони китоб бозгӯи муҳтавои ин гузинаи ғазалҳост, ки аз воқеияти имрӯзии зиндагии мардуми Афғонистон бармеояд ва мамлуи фоҷиаҳои фардиву иҷтимоист. Табиист, ин фоҷиаҳоро чунон бояд гуфт, ки на танҳо дар дили гирифторони онҳо асар бигзоранд, балки ҷону дили онҳоеро ҳам такон диҳанд, ки дур аз ин фоҷиаҳо зиндагӣ доранд. Ин махсусан барои Муҳаммад Шариф Саидӣ, ки солҳост дар муҳоҷират, дар Суед, зиндагӣ мекунад, муҳимм аст, зеро хонандагони ӯ на фақат форсизабонон – тоҷикону афғонҳову эрониён, балки форсидонҳои Урупо ва миллатҳои дигар ҳам мебошанд, ки асарҳои ба забонашон тарҷумашудаи шоирро мехонанд. Дар муҳоҷират ӯ ба иншои ашъори нимоӣ ва сафед ҳам рӯй оварда, намунаҳои шоистаи таҳсин офаридааст. Вале ҳоло мавриди андеша ашъори китоби “Садои маҳшар” аст, ки танҳо аз ғазалҳо иборат мебошад.

Муҳиммтарин вежагии ин ғазалҳо дар мазмуну муҳтавои тоза, забони муносиб ва аз назари сохтор сабки ривоятӣ доштани онҳо мебошад. Ғазали ривоятӣ дар шеъри классикии мо дар давраҳои аввали мавҷудияташ вомехӯрад, аммо баъдан хеле ба нудрат ба назар мерасад, зеро дар ҷараёни рушду такомули минбаъда истиқлоли маъноии байтҳои он бештар шуда, ҷанбаи ривоятиаш ба коҳиш меравад. Вале ғазали ривоятии Муҳаммад Шариф Саидӣ аз ғазалҳои ривоятии пешин фарқ мекунад, дар он ривоят бисёр нозук, пардапӯшона ва бештар тасвиргарона мебошад, хулосаи шеър бевосита баён нагашта, зимни сурат ё ривоят ҷой мегирад, ки дарки он аз хонанда андешаи фаъолу тааммули бештарро тақозо менамояд. Муҳтавои ин китоби ғазалҳо асосану амиқан иҷтимоист, ки баргузидатарин, писандидатарин ва муҳиммтарин муҳтавои ҳамешагии шеъри ҳамаи замонҳост, то даме ки инсоният ба адолати саросарии иҷтимоӣ мерасад. Ғазали оғозини ин китоб, ки “Далели ҳанҷара бастан чист?” ном дошта, аз вазъи мазлумонаи занони кишвар сухан меронад ва ононро барои озодӣ, комилҳуқуқӣ ва ҷомеаи мардумсолорӣ “дод бизан” мегӯяд, ҳаргиз фоҷиаи танҳо занон нест, он бештар фоҷиаи мардон ва тамоми ҷомиа аст, ки мақоми занро ба дурустӣ нашинохтаанд.

Шаб аст, бо нахи овозат бидӯз парчами исёнро

Вагарна мондану пӯсидан миёни риштаву сӯзан чист?

Тамоми мантиқи инонро, ки бар ғурури ту механданд,

Шикофтаму нафаҳмидам, ки пеши мантиқашон зан чист.

Муҳаммад Шариф Саидӣ дар яке аз гуфтугӯҳояш далели навишта шудани ин шеърро чунин шарҳ медиҳад: “...ба хабари Би-Би-Сӣ гӯш мекардам, ки дар хабар гуфт: пахши садои зан дар родиё ва телевизиюн, мамнуъ ва ҳаром аст...Ин барои ман бисёр ранҷовар буд ва ёдам меояд, ки ман ин шеърро бо гиря гуфтам”.

Аз ин гузашта ба шеъри “Дахмае сард – ба Лидо Умед ва духтароне, ки дар Ҳирот худсӯзӣ карданд”, мерасем, ба фоҷиаи аз ин ҳам ваҳшатангезтар рӯбарӯем. Касро он чиз ба ҳайрат меорад, ки шоир чӣ гуна метавонад дар баробари ин қадар ваҳшоният фарёди ҷонгудози худро фурӯ бурда, бо сабки дар назар орому ҳамвор фоҷиаи гӯшношуниди духтарони мазлумро бозгӯ кунад, ба замми он ки муносибати ҷомеа ба он аз он ҳам ваҳшатангезтар аст, зеро вақте шоир менависад, ки:

Бар сару гесуву мӯбандат патрул* бирез,

Баъд оташ зану дар қиртарин шаб бигрез. –

пай бурда мешавад, ки сухан аз чӣ гуна фоҷиаи ваҳшатангез аст, ки ҳатто шоир ҳангоми ҳикояти воқеа гӯё духтарро ба ин кор – худсӯзӣ даъват мекунад, зеро зиндагии ӯ аз ин ҳам ваҳшатбортар буда, ин роҳи халосӣ аз он сабуктар ба назар меояд. Ҷомеаи ғофил аз дарди духтар дар ҳаққи ӯ чӣ ҳукми фоҷиабортаре содир мекунад:

Ҳукм карданд, ки бар гӯрат оташ бизананд,

Шаби ҳафтум қаламу дафтару аксатро низ.

Ду ғазали дигаре ҳам, ки дар ин китоб омадааст, паҳлуҳои аз ин ҳам фоҷиабортари зиндагии занону духтарони мазлуми Афғонистонро ба қалам мекашад, ки “Афсарҳову аскарҳо” ва “Ҳаромӣ” унвон шудааст. Дар ғазали аввалӣ ривоят аз воқеаест, ки афсари сармаст бо зӯрӣ духтареро аз хона берун мекашад ва бо аскарон – дӯстони худ ӯро бо бозиву шиканҷа таҷовуз мекунанду мекушанд ва дар майдонаш раҳо мекунанд. Шоир бо ишорати нозук аён менамояд, ки духтар дастнорасидаву бокира ва аз табақаи бечора аст, “лолаи хунини домон” ва “синабанди дастдӯз” ба ин гувоҳӣ медиҳанд.

Канори пайкари садпора вақте модараш омад,

Шиносойӣ намуд аз лолаи хунини домонаш.

Шиносойӣ намуд аз синабанди дастдӯзи ӯ,

Ки аз чоки пур аз хун буд берун нӯки пистонаш.

Дар ин ғазалҳо дар баробари тасвири ваҳшонияти фоҷиаҳо то чӣ андоза бо таҳаммулу бурдборӣ ва зоҳиран оромона сухан гуфтани шоир ҳайратангез аст, ки ба хотири нигоҳ доштани меъёри ривоят ба ҷо оварда мешавад ва ин таҳаммулгароӣ дар баён дар дили хонанда ғалаёни шӯру фиғони фарогири ҷисму ҷонро барпо мекунад. Ҳамин тариқ, дар ғазали “Ҳаромӣ”, аз фоҷиаи зане сухан меравад, ки дар натиҷаи зӯроварии марде ҳомила гашта, ҳоло дар сурати гунаҳкор дар назди қозӣ қарор дорад ва, ба ҳар ҳол, умед ба адолати қозӣ мекунад, вале чун ба ҷойи он таҳқир ва “...эй зан, бигӯ зи тазвират”-ро мешунавад, аз зарбати ин сухан ҳамл берун меафканад.

Дард дар банд-банди ту печид, зери пойи ту бачча ҷеғ кашид,

Ту гирифтӣ, ба гиря бӯсидӣ, нола афтод дар мазомират.

Чаккуши додгоҳ данге кард, ҳар касе фикри пора санге кард,

Осмон ногаҳон даранге кард, ва сиёҳӣ гирифт дар қират.

Махсусан дар байти мақтаъ, ки бе гуфтани сухане дар бораи ҳукми ваҳшиёна ноодилонаи қозӣ ва ҳамовоии мардуми хурофотзадаю дар асри санг қарор дошта, ки ба сангсор кардани ин зани бегуноҳи ҷабрдида ҳозиранд ва осмони зиндагии ӯро аз ҳаракат боздошта, дар сиёҳии қир ғарқ мекунанд, ба муъҷазбаёнии шоир рӯ ба рӯем. Ин ҷо аз ҳама ваҳшатноктар ҳамрайъии ҷомеа бо қозии беадолати худ аст, ки шоир ҳатто дар бораи он сухан намегӯяд ва қазоватро ба худи хонанда вомегузорад.

Дувумин мавзуе, ки дар ғазалҳои ин маҷмуа матраҳ шудааст, бевосита ҷанг аст, ҳарчанд қисмати фоҷиабори занон, ки аз онон дар ғазалҳои фавқуззикр сухан рафт, низ ба мавзуи ҷанг иртибот мегирад, зеро он фоҷиаҳо ҳам оқибати ҷомеаи ҷангзада мебошанд. Агар ба асл нигариста шавад, қариб дар ҳамаи ғазалҳои ин маҷмуа осори ҷанг дида мешавад, он дар тасвири ҳолатҳо, рӯҳияҳо, андешаҳо, ашё, ҷузъиёти бадеӣ эҳсос гаштаву дар намои ҳодисоте, ки мегузаранд, ба назар меоянд. Дар баробари ин, боз ғазалҳое ҳастанд, ки комилан ва маҳз мавзуи ҷангро фаро гирифта, саҳнаҳои мудҳиши онро тасвир мекунанд, ки ғазалҳои “Мусофирон”, “Ҷанг”, “Якавланг”, “Ҷунун”, “Шаҳри қадимии мо”, “Қиссаи хунини ҷомаҳо” аз қабили онҳо мебошанд. Аз ҳамин номгӯ ҳам пайдост, барои маҷмуае, ки аз чиҳил ғазал иборат аст, ин миқдор ғазали ҷанг кам нест, ҳол он ки ин на ҳамаи номгӯст.

Фоҷиаи бузургтарини ин ҷанг дар он аст, ки дар он фарқ байни дӯсту душман нест, ҳамоне ки ӯро ба монанди худат мепиндорӣ, бе ҳеҷ фикру андешае туро ба рагбори тир мекашад ва пасон кисаҳои холии туро тагу рӯ мекунад, ҳамчунон ки дар ғазали “Мусофирон” аст, вагарна аз рӯи ҳамаи суннатҳои мардумиву аҷдодӣ ба мусофир дасти ёрӣ дароз кардан таомули инсонист.

Ғазалҳое, ки дар боло зикрашон рафт, ҳама саропо мавзуи ҷангро ба тасвир мекашанд, зеро онҳо суҷа доранд ва суҷаи онҳо мавзуи ҷанг аст, на ин ки як-ду байташон дар бораи ҷанг бошаду байтҳои дигарашон оид ба мавзуъҳои дигар. Ин хусусияти боризи ин ғазалҳост, ба монанди ғазалҳои дигар, зеро ҳамчунон ки таъкид шуда буд, Муҳаммад Шариф Саидӣ дар пайи тоза кардани навъи ғазал аз тариқи суҷадор кардани он мебошад, ва дар ин роҳ муваффақ ҳам ҳаст, зеро ба ин кор огоҳона даст мезанад.

Ҷанг дар Афғонистон чунон реша давондааст, ки шоир водор мешавад онро на танҳо дар ҷомеаи инсонӣ, балки дар байни ҳайвонот низ нишон диҳад. Мутаассифона, ин ҷанг дар байни онҳо ҳам бо раъю иродаи инсонҳо воқеъ мешавад, зеро онҳо аз худ бехабар истироҳату фароғати худро ҳам дар тамошои ҷанг мебинанд, ки дар асл барои инсон фоҷиаи бузургтарест. Ғазали “Сагҳо” дар ин бора аст, ки саҳнаи сагҷангро хеле воқеӣ, бо ҷузъиёташ, ба қалам мекашад ва маълум аст, ки он боиси нафрати шоир аст, аммо ӯ инро рӯирост баён намекунад, он аз ҳоли саги маҷруҳ ва аз бепарвоиву фардои он рӯз ба тамошои ин гуна саҳна боз омадани мардум пурра эҳсос мешавад.

Гурехтааст саги сурх, пора-пораву хунин.

Саги сиёҳ гирифта медоли ҳазрати воло...

Дубора субҳ расида, сагони тоза ба майдон,

Қиморбора халоиқ, сагони бозу тамошо.

Назари шоирро ба ин “дилхушӣ”-и мардум ибораи “қиморбора халоиқ” ҳам равшан месозад, ки ба сабки Саидӣ бе таъкид, вале бо ғаму таассуфи ниҳонӣ баён мешавад. Дар ин ҷо матраҳ шудани суоле табиист, ки чаро шоир ба мавзуи ҷанг бештар аз ҳар мавзуи дигар рӯй меорад? Албатта, сабаби аввал он аст, ки кишвараш дар тайи ин қадар солҳо дар ҳолати ҷанг аст ва оқибати фоҷиабори онро нишон додан, ки ҳар чӣ зудтар ба марҳалаи сулҳу оштиву оромӣ расад, вазифаи муҳиммтарини шоир аст. Сониян, ҳолати ҷанг ҳолатест, ки зуд сиришти инсонро муайян менамояд, зеро дар замони ҷанг иҷрои бисёр қонунҳо халал меёбад ё душвор мешавад, дар натиҷа инсон водор мешавад, ки аз рӯи меъёрҳои ахлоқии худ амал кунад ва вазифаи адабиёт ҳам нишон додани маҳз ҳамин чиз аст, ки симои ботинии ӯро зоҳир месозад. Дар баробари ин, ҳар асари асил дар бораи ҷанг бар зидди ҷанг навишта мешавад. Ҳоло сухан ба сари яке аз беҳтарин шеърҳои Муҳаммад Шариф Саидӣ “Ҳалзун” расид, ки ин қазияро тасдиқ мекунад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки чи чизи мушобеҳе байни инсону ҳалзун – лесак, тӯқумшуллук (улитка) ҳаст, ки шоир онро мабҳаси шеъри худ қарор дода, аз он ҳам бештар, намоди инсонҳои монанди худ нишон медиҳад. Ҳалзун, ки аз он шоир намоди бадеъ сохтааст, аз радаи нармтанони шикампой аст, ки дар даруни садаф аст, ва онро ҳамеша мисли кӯлборе бар дӯш мебарад ва бореро ки даҳ баробари вазнаш бошад, кашида метавонад. Он ҳамеша заҳматкаши роҳ аст, вале роҳаш ба ҷое намебарад.

Ҳеҷ ҷо ҳам намерасад, аммо бом то шом меравад аз хеш,

Мисли ман байни рафтану мондан умрро кардааст сар, ҳалзун.

Ин намоди ҳалзун – инсони муҳоҷир, ки Саидӣ сохтааст, кашфиёти ғамангези ӯст, ки то ҳол дида нашуда, ба номаш боқӣ хоҳад монд.

Шеъри дигаре, ки аз ҳамин қабил асту зиндагии инсонро аз оқибати ҷанг нишон медиҳад, “Чамадон” ном дошта, дар он чамадон намоди зиндагӣ дар мусофират гаштааст, ки онро ҳам банда қаблан дар шеъри форсӣ надидаам ва агар воқеан ҳамин тавр бошад, он ҳам кашфи Саъидист.

Ватан надораму дору надори ман ин аст,

Замину хонаву шолу кулоҳ дар чамадон...

Шеърҳое ки то ин дам мавриди хондану андеша қарор гирифтанд, амин метавон буд, ки дар хотир монданд ва муҳиммтарин сабаби ба хотир монданашон, бешак, аввалан суҷа доштани онҳо мебошад ва баъдан, тарзи адои онҳо, ки мутаносиби суҷа нав буд.

Шеъри дигаре, ки дар ин маҷмуа бисёр хотирнишин аст, “Қуфл” аст. Он баёнгари фоҷиаи умумибашарист, ки инсонҳо рӯз то рӯз аз ҳам дур шуда, дар танҳоиву фаромӯшӣ ба сар мебаранд, ки на танҳо ҳангоми даргузашташон болои сарашон касе нест, ҳатто аз мурданашон ҳам касе хабар намеёбад, ки ҳадди ақал, наъшашонро ба хок супорад.

Бод қуфли кӯҳнаро бар синаи дар мезанад,

Қуфл гунҷишкест дар занҷир пар-пар мезанад.

Баъд аз ин дар се байти дигар бо иловаи ҷузъиёти тоза тасвири барфбоду занҷиру қуфлу гунҷишк тавсиа меёбад ва дар хонанда ҳолати риққатовару таҳайюрро эҷод мекунад, аммо ӯ дарнамеёбад, ки ин ҳама ба хотири чист ва чун дар байти мақтаъ якбора “зан даруни хона кай мурдаст?”, мегӯяд, мисли ин ки барқ зада бошад, ҳама чиз равшан мешавад.

Зан даруни хона кай мурдаст? Дармондаст, дар,

Қуфл меафтад зи дар, гунҷишкаке пар мезанад.

Ва беихтиёр хонанда ғазалро боз аз аввал дубора мехонад ва ба вожаҳову сифатҳо бештар аҳаммият медиҳад, то ба чӣ маъно истифода шудани онҳоро дақиқ дарёбад, масалан, ба қуфли кӯҳна меандешад, ки он дар чӣ муддате ва дар куҷо кӯҳна шудааст, оё худ кӯҳна будааст ё баъд аз даргузашти зан кӯҳна шудааст. Бар гунҷишк меандешад, ки он гунҷишки воқеист ё рӯҳи зани даргузашта аст? Ҳамин тариқ, лояҳои гуногуни маъно ба зуҳур меоянд.

Таҷрибаи Муҳаммад Шариф Саидӣ дар тоза кардани ғазал ба василаи интихоби мавзуву муҳтавои нав, фаровон ворид кардани ривоят, суҷа имконоти густардаи ин навъро зоҳир сохт, ки идомати он ба гуногунрангиву шавқангезии ғазал мусоидат хоҳад кард. Мутаносиби мавзуъву муҳтаво нав кардани забони ғазал ва дар айни ҳол, нигоҳ доштани меъёри забони адабии умумифорсӣ ҷиҳати дигари қобили таваҷҷуҳи корҳои ӯст. Ин таҷриба дар шеъри кишварҳои ҳамзабон – Тоҷикистону Афғонистону Эрон, на танҳо қобили таваҷҷуҳи махсус, балки омӯзишу идомат низ мебошад.

*Шакли пурраи мақола дар маҷаллаи “Суханшиносӣ”, №3, с. 2022 ба чоп расидааст.

Аскар Ҳаким, доктори илми филологӣ, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet