مینو

هماهنگ سازی پژوهش های علمی

فهرست رساله های نامزدی و دکتری و رشته زبان و ادبیات

فهرست پژوهشگران رشته زبان و ادبیات

بایگانی رساله ها

شورای دفاع کمیسیون عالی ممیزی جمهوری تاجیکستان

رساله  در حال دفاع

شوارای دفاع:

6D020501- ادبیات تاجیک

6D020502 - زبان تاجیکی

6D021402- فولکلور

بایگانی رساله­ها

شورای دفاع کمیسیون عالی ممیزی فدراسیون روسیه

رساله­ در حال دفاع

فهرست اعضای شورای هئیت داوران

بایگانی رساله­ها

09 Nov 2023

ГОҲШУМОРИИ ПОРИСЁН АЗ НАЗАРИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

Submitted by Admin
271

Ҳаким Абурайҳон Берунӣ аз аввалин саромадони улуми фалсафа, риёзиёт, тақвим, ҷуғрофиё, таърих дар асрҳои миёна маҳсуб меёбад, зеро бар аксари илмҳои замонааш тасаллут дошт. Аз асарҳои Берунӣ – “Осор-ул-боқия”, “Мол-ул-Ҳинд”, “Китобу-т-тафҳим” дармеёбем, ки мавсуф ҳангоми баррасӣ ва ҳалли масъалаҳо аз улуми гузашта ва замони худ, аз илму фарҳанги миллии хеш ва ақвоми дигар огоҳӣ дошта, ҳангоми таҳқиқи онҳо ҳеҷ таассубе нишон намедод.

TJ
03 Nov 2023

ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ

Submitted by Admin
269

Қавли маъруфи файласуфи бузурги олмонитабори садаи бист Мартин Ҳайдеггер (1889-1976) дар бобати «бинои ҳастӣ» будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҷойи шакку тардид надорад. Воқеан, бинои пойдори ҳастии ҳар қавму миллат дар ҳамаи давру замон забони модарист, ки на танҳо таъриху фарҳанг, одобу русум, балки дар маҷмуъ асолату рисолати ҳастии он қавму миллатро дар ойинаи тамомнамояш мунъакис мекунад.

TJ
29 Sep 2023

МАЗОРИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ. АЗ ОВОЗА ТО ҲАҚИҚАТ

Submitted by Admin
271

Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки шоҳкори инсоният маҳсуб шуда, ба қарибӣ, яъне дар таърихи 24 майи соли 2023 бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ба мо дӯст, бо қарори ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО ба сифати мероси мондагор расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, бо ном ва шахсияти Шамси Табрезӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

TJ
22 Sep 2023

УСТОД РӮДАКӢ – ПАДИДАИ НОДИРИ ЗАБОНӢ ВА АДАБИИ РӮЗГОРИ СОМОНИЁН

Submitted by Admin
387

Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд.

TJ
21 Sep 2023

ҚАСИДАИ «БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН»-И УСТОД РӮДАКӢ БАР МАБНОИ ТАҲЛИЛУ ИСТИҚБОЛОТИ ҲУНАРӢ ВА БАҲСҲОИ ИЛМИВУ ИДЕОЛОЖӢ

Submitted by Admin
352

Аз байни осори боқимондаи устод Рӯдакӣ қасидаи «Бӯйӣ Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» ягона асарест, ки аз замони эҷодаш ба баъд аз ҳама бештар диққати аҳли адабро ба худ кашида, мавриди тазмину истиқбол қарор гирифтааст ва дар атрофи он баҳсҳои мухталифе ба миён омадааст. Имрӯз маълум шудааст, ки ба қасидаи мазкур даҳҳо тан аз шоирони минтақаҳои гуногуни форсизабон дар имтидоди зиёда аз даҳ аср муроҷиат кардаву ҷавобия гуфтаанд.

TJ
21 Sep 2023

РӮДАКӢ – СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ

Submitted by Admin
264

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.

TJ
05 Sep 2023

ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Submitted by Admin
378

Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.

TJ
31 Aug 2023

ЗИНДАГИИ ИБРАТОМӮЗИ АКАДЕМИК РАҶАБ АМОНОВ (Ба муносибати 100-солагии академик Р.Амонов)

Submitted by Admin
288

Соли 2023 ҷомеаи илмию фарҳангии Тоҷикистон 100-солагии адиб ва олими маъруф, доктори илми филология, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Раҷаб Амоновро ҷашн мегирад. Академик Раҷаб Амонов дар байни чеҳраҳои бузург ва муътабари кишварамон мақоми арзанда дорад. Роҳи тайкарда ва зиндагии пандомӯзи устод Р.Амонов намунаи ибрат барои насли имрӯз ва фардои Тоҷикистон мебошад.

TJ
22 Aug 2023

Эъҷози тасвир дар як шеъри кӯтоҳ Муруре бар шеъри “Қатли Восеъ”-и Муъмин Қаноат

Submitted by Admin
331

Муъмин Қаноат аз саромадони шеъри нави тоҷик дар нимаи дувуми асри ХХ шинохта шудааст. Навгароӣ ва таҳаввули шеъри нав ва такомули жанри достон дар ин давра бо номи ӯ сахт алоқаманд буда, ба гунае, ки назми нимаи дувуми асри ХХ-ро бидуни осори Қаноат наметавон тасаввур кард. Аҳаммияти шеъри Қаноат дар адабиёти муосир шабоҳат ба пойдеворе дорад, ки қавоми сохтмон бар он ниҳода шудааст ва ҳар бинои бепойдевор маҳкум ба фурупошист.

TJ
26 Jul 2023

ДАР КОРИ ХАЙР ҲОҶАТИ ҲЕҶ ИСТИХОРА НЕСТ

Submitted by Admin
300

2 марти соли 2023 ба муносибати солгарди устод Мирзо Турсунзода дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи шоир ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим бо номи «Ба мисли гӯшту нохун бо Ватан буд» дастраси хонанда гардид, ки дар он таассуроти муаллиф аз Осорхонаи адабии ин шоири шаҳир баён гардидааст. Чун А. Раҳим аз маълумоти сарвари Осорхона А.

TJ
24 Jul 2023

ШУҲРАТИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ДАР НИГОРИШИ УЛУҒЗОДА

Submitted by Admin
291

«Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020) бузургтарин ва маъруфтарин ҳамосаи миллии мост, ки қисматҳое аз ин шоҳасар таърихи устуравию ривоятӣ ва бахшҳое аз он таърихи ростини мардуми моро дар бар мегирад. Матлаби таърихи ростини пурифтихор ва ибратомӯзи мардуми мо будани «Шоҳнома»-ро худи Фирдавсӣ сареҳан таъкид кардааст:

TJ
12 Jul 2023

НАВГАРО ВА ҲИРФАКОР (андешае чанд аз ибтикороти Фазлиддин Муҳаммадиев дар насри мудерни тоҷикӣ)

Submitted by Admin
291

Чанде пеш аз мавлуди нависандаи номдор Фазлиддин Муҳаммадиев 95-сол сипарӣ шуд. Мақолаи мазкур ба ҳамин муносибат пешниҳоди мухлисон карда мешавад.

НАВГАРО ВА ҲИРФАКОР

TJ
01 Jul 2023

ШОҲКОРИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ИЛМ

Submitted by Admin
278

«Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноъат-ит-танҷим» (Китоби раҳнамо барои навомӯзони ҳунари шинохти ситорагон)-и устодурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048) бидуни тардид бузургтарин ёдгори миллӣ ва пурбаҳотарин дурдонаи илм ба забони модарии мо ба ҳисоб меравад, ки ба бахти мардуми мо, аз тӯфони ҳодисаҳои рӯзгор ба амри тасодуф дар амон монда, то ба ин замон расидааст.

TJ
21 Jun 2023

НОМВОЖАИ «ТОҶИК»: МИЛЛАТ, САРЗАМИН ВА ЗАБОН

Submitted by Admin
366

Дар бораи таърихи ташаккули халқи тоҷик ва забони он дар байни донишмандон баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бештари ин баҳсҳо ба давраҳои охир, асосан ба садаи ХХ, аниқтараш ба давраи шуравӣ ва таъсиси ҷумҳурии мухтор (1924) ва Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ва баъд бештар дар давраи Истиқлол аз он рост меояд.

TJ
07 Jun 2023

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

Submitted by Admin
280

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

(идомаи мақола)

TJ
06 Jun 2023

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

Submitted by Admin
259

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

TJ
05 Jun 2023

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ ВА БОЙГОНИИ Ӯ

Submitted by Admin
335

Бойгонӣ ганҷинаест, ки корнома ва муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёт ва эҷодиёти адибонро вобаста ба шароити таърихӣ ба хонанда дар давраҳои мухталиф бозгӯ мекунад. Хусусан, ин ҳолат дар тақдири адибони барҷастаи замони Шуравӣ бисёр мушоҳида мешавад. Ин гуна раванду рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳро омӯзишҳои бисёрсолаи адабиётшиносони маъруф И.С.

TJ
20 May 2023

ИНЪИКОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ДАР ОСОРИ МУЪМИН ҚАНОАТ

Submitted by Admin
275

Асри ХХ асри зуҳур ва бархӯрди идеологияҳои ба ҳам зид, асри вуқӯи мудҳиштарин ҷангҳои башарӣ ва асри тасаллути технология бар маънавиёти инсонӣ буд. Ин тахосум то кунун дар шаклҳои гуногун идома дорад. Давроне оғоз шудааст, ки инсон бо дасти худаш худро ба ҳошия меронад. Ба ихтирооте даст задааст, ки бо мурури замон худ мутеъ ва вобастаи офаридаҳои хеш гардидааст. Роҳеро интихоб кардааст, ки поёнаш нобудии худи инсон аст.

TJ
16 May 2023

НАВГАРОӢ ДАР “САДОИ МАҲШАР”*

Submitted by Admin
280

Номи Муҳаммад Шариф Саидӣ, ҳарчанд дар муҳити адабии Афғонистону Эрон маъруф аст, аммо дар Тоҷикистон шиносоии густардаи он акнун оғоз хоҳад шуд ва имон метавон дошт, ки ҷойгоҳи вежаи худро пайдо хоҳад кард. Китобе, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст – “Садои маҳшар”, аз чиҳил ғазал иборат буда, соли 2022, дар Эрон дар Озмуни байналмилалии Ҷашнвораи Шеъри Фаҷр яке аз се баранда шудааст.

TJ
15 May 2023

Дар ҳошияи Изҳороти Президенти Тоҷикистон дар бораи вазъи Афғонистон

Submitted by Admin
247

Изҳороти фавқулодаю саривақтӣ ва мавзеъгирии қотеъонаи Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии Афғонистон баъд аз тасарруфи он аз тарафи гурӯҳи террористии Толибон рӯзи 25 августи соли равон ҳангоми мулоқоташон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ ва 17 сентябр дар вохӯрӣ бо сарвазири ин кишвар Имронхон дар чорчӯби Маҷлиси сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳамчунин пайомад ва вокунишҳои киш

TJ
05 May 2023

НАҚШИ АМИРБЕК ҲАБИБОВ ДАР ТАҲҚИҚИ АДАБИЁТИ ТОҶИКИ ОХИРИ АСРИ XVIII ВА ИБТИДОИ АСРИ XX

Submitted by Admin
337

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, Ходими Шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Ҳабибов дар таҳқиқи адабиёти тоҷики асрҳои XIV ва ибтидои асри XX басо нақши муҳим доранд. Ӯ бахусус дар гирдоварӣ ва пажуҳиши осори парокандаи шоирони асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX хидмати арзандаеро ба ҷо оварда буд. Барои ҷамъоварии асарҳои парокандаи давраи мазкур А.

TJ
05 May 2023

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ ВАТАНХОҲ ВА ИНСОНДӮСТ (идомаи мақола)

Submitted by Admin
257

Як нуктаи сазовор ба таъкид дар иртибот бо силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ҳамин аст, ки баъд аз он мавзӯъи Шарқи хориҷа ба ҷиҳати хоси эҷодиёти Турсунзода табдил меёбад. Вай соли 1950 асари дигаре дар ин сабку равиш бо номи «Ман аз Шарқи озод» таълиф намуд, ки аз зиндагии мардуми Покистон ва ба роҳи муборизаи озодихоҳона қадам бардоштани он баҳс мекунад.

TJ
03 May 2023

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ ВАТАНХОҲ ВА ИНСОНДӮСТ

Submitted by Admin
652

Мирзо Турсунзода (1911-1977) аз фарзандони баном ва фарзонаи тоҷик аст, ки наздик ба панҷоҳ сол (1930-1977) дар майдони адабиёти тоҷик эҷодкорӣ карда, ба сифати ҷамоатчии машҳур дар тамомии Иттиҳоди шӯравии собиқ маълуму маъруф гардидааст. Ҳарчанд аз маргаш зиёда аз чиҳил панҷ сол мегузарад, вале шеъру номи ӯ дар миёни мардуми тоҷик шуҳрати тамом дорад ва аз аҳаммияти эҷодиёташ чизе кам нашудааст.

TJ
02 May 2023

ТАҶАССУМИ СИМОИ ЗАН – МОДАР ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Submitted by Admin
754

Тасвири зан – модар, ки қиматтарин неъмати дунёст, дар адабиёт мақоми хоса дорад. Образи зан дар адабиёти форс-тоҷик бештар матраҳ шудааст. Шоирону адибон симои воқеии ӯро дар шеър нишон додаанд ва дар адабиёти клсассикӣ шоире нест, ки дар ситоиши маҳбуба шеъре насуруда бошад. Дар адабиёти муосири тоҷик низ мавзӯи зан – модар бештар баррасӣ шудааст. Устод Мирзо Турсунзода дар ин мавзӯъ ашъори зиёде суруда, симои зан – модарро воқеӣ тасвир кардааст.

TJ
17 Apr 2023

Сеҳри сухан ва қудрати баёни устод Айнӣ

17 Apr 2023

Шинохт дар заминаи эътиқод ва эътироф

12 Apr 2023

САҲИФАҲОИ АФТОДАИ «ТАЪРИХИ ИНҚИЛОБИ БУХОРО» ё шарҳи баъзе масъалаҳо дар таърихнигории устод Айнӣ

Submitted by Admin
934

Устод Садриддин Айнӣ дар илму фарҳанги тоҷикӣ ба сифати нахустин таърихнигори даврони нав эътироф гардидааст. Тафаккури таърихии устод ҳамроҳ ба афкори маорифпарварии (рӯшангарӣ) вай зуҳур кардаву минбаъд ташаккул меёбад.

TJ
10 Apr 2023

ТАҲҚИҚИ ГӮЙИШҲОИ ЗАБОНИ ДАРИИ АФҒОНИСТОН

07 Apr 2023

Унсурҳои чеҳранигорӣ дар таълифоти А.Абдуманнон

Submitted by Admin
267

Дар ин мақола мехоҳам дар бораи китоби охири А. Абдуманнон «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» [Абдуманнон, 2022], ки мавқеи хоссаеро дар он чеҳранигории адабӣ ишғол мекунад, баъзе фикру мулоҳизаҳоямро баён созам.

TJ
05 Apr 2023

БЕРУНӢ ВА НАВРӮЗИ АҶАМ

12 Mar 2023

Maqolaho

Submitted by Admin
233
TJ
07 Mar 2023

ВАСФИ МОДАР ДАР НАМУНАҲОИ ОСОРИ ШИФОҲИ

07 Mar 2023

НИГОҲЕ БА ҶОЙГОҲИ ЗАНИ ТОҶИК ДАР ҶОМЕА

06 Mar 2023

Ҷойгоҳи зани тоҷик дар густураи таърих

Submitted by Admin
242

Баррасии ҷойгоҳи зан дар густураи жарфи таърих аз ду зовия сурат мегирад: аз назари ҷинсият (gender) – шакли иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равоншинохтӣ ва нишон додани тафовут миёни мардон ва занон; аз лиҳози қудрат (authority) - қудрат/иқтидор бартарии иҷтимоӣ, табиӣ дар ҷомеа аст.

TJ
27 Feb 2023

ФИРДАВСӢ ВА ДАҚИҚӢ

10 Feb 2023

ФИРДАВСӢ ВА ДАҚИҚӢ АНЗУРАТИ_МАЛИКЗОД

10 Feb 2023

САРНАВИШТИ ЯК ХАЛҚ САДРИДДИН АЙНӢ

Submitted by Admin
292
ТАЪРИХ ТАНҲО ЗАМОНЕ МАЪНО ПАЙДО МЕКУНАД, КИ ДАР ДАСТОНИ МАРДУМ ҲАМЧУН АБЗОРИ МУБОРИЗА БАРОИ ОЯНДА ТАБДИЛ ШАВАД
TJ
30 Jan 2023

БЕРУНӢ ВА ЁДКАРДИ ҶАШНИ САДА

29 Jan 2023

Дастурнависӣ ва забони тоҷикӣ Назарзода С.

29 Jan 2023

ВОЖАҲОИ НУРОНИИ ШЕЪР АНЗУРАТИ МАЛИКЗОД.

27 Jan 2023

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таҳқиқи Тоҷиддин Мардонӣ Умриддин Юсуфӣ Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

27 Jan 2023

Моҳияти иҷтимоии тасвир дар шеъри Қутбӣ Киром

24 Jan 2023

МАҚОМИ ШЕЪР ДАР ЭҶОДИЁТИ

Submitted by Admin
383

Пажӯҳиш ва нақди шеър. (Душанбе: Дониш, 2022. – 652 с.) рисолаву мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо аз осори шеърии устод Садриддин Айнӣ сар карда, ашъори шоирони дигар, ки то охири қарни ХХ эҷод шудаанд, сухан меравад. Азбаски теъдоди нашр кам аст, бинобар ин, банда тасмим гирифтам, ки шояд баъзе мақолаҳоро қисм-қисм ба сафҳаи Фейсбук гузоштан беманфиат набошад.

TJ
04 Jan 2023

ОСОРИ АСКАР ҲАКИМ ДАР ШАРҚИ АРАБ

Submitted by Admin
244

Мусаллам аст, ки уламову удабову нухбагони Шарқи Араб ба осори зиёиёни форсу тоҷик бисёр мутаваҷҷеҳ шудаанд, зеро дар ин сарзамин бузургоне ба дунё омада, дар ҷодаҳои мухталифи илм на камтар аз арабҳо хидмат намудаанд, ки ба шарофати онҳо тамоми дунё миллати форсу тоҷикро шинохтааст.

TJ
08 Dec 2022

БА МУНОСИБАТИ 90-УМИН ЗОДРӮЗИ АКАДЕМИК ХУРШЕДА ОТАХОНОВА ЯК УМР САРФИ РОҲИ ИЛМ КАРД

Submitted by Admin
273

Таърихи нақду адабиётшиносии нави тоҷикӣ таърихи зиёда аз садсолро дорад. Он аз ибтидои асри XX замони таҷаддудхоҳӣ ва ҷӯяндагиҳои ҷадидон оғоз гирифта, минбаъд дар вазъу шароитҳои гуногуну мухталифи сиёсиву идеоложӣ ба мушкилу монеаҳои зиёд нигоҳ накарда, рушду камол кардааст. Хосса, замони шуравӣ дар иртибот ба тақозои сиёсии он даврон ба фаъолияти амалӣ оғоз намуд. Ин оғоз ҳам якрангу ҳирфаӣ набуд, балки ҷанбаи пурқуввати идеоложӣ дошт.

TJ
04 Dec 2022

ҒАЗАЛИЯТИ ҒАЗАЛҲОИ ЛОҲУТӢ ​(Сухан аз суннат ва навовариҳо)

Submitted by Admin
326

Чун дар ин гуфтор сухан аз суннат ва навовариҳо дар ғазали устод Лоҳутӣ меравад, чунин ба назар мерасад, ки аввал дар бораи чӣ жанр будан ва чӣ суннат доштани ғазал мухтасаран маълумот бояд дод, то пасон навовариҳои устод Лоҳутӣ равшан ба зуҳур оварда шавад. Вожаи ғазал, ба қавли Шамс Қайси Розӣ, дар асли луғат ба маънои сухан гуфтан бо занон, васф ва сифати ишқбозӣ бо эшон, ҳикоят кардан аз ҷавонӣ ва ғайра ба кор рафтааст.

TJ
01 Dec 2022

МОҲИЯТИ ИҶТИМОИИ ТАСВИР ДАР ШЕЪРИ

Submitted by Admin
242

Нигориши олами ашё дар шеър маъмулан дар шакли манзаранигорӣ, пейзаж, сурат мегирад, ки на фақат зуҳуроти алоҳидаи табиат, балки ҳамроҳи он тамоми намое, ки онро фаро гирифтааст, масалан, обу замин, осмону абр, набототу ҳайвонот, парандагону хазандагон, хулоса, ҳамаи чизеро, ки ба назар меояд, фаро гирифтанаш мумкин аст.

TJ
21 Nov 2022

Раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ

Submitted by Admin
411

Фарҳангҳои пурқудрат дар тамоми таърихи инсоният мудом бар фарҳангҳои хурду кӯчак бартарӣ дошта, тадриҷан онҳоро ба худ фурӯ мебаранд, ки ин ҳодисаи табиии таърихист. Вақте ба таърихи ҷаҳонӣ назар мекунем, пайванди фарҳангҳо қабл аз ҳама дар натиҷаи бархӯрди онҳо ба миён меояд.

RU
21 Nov 2022

Забони тоҷикӣ унсури худшиносии миллист

Submitted by Admin
287

Дар бораи таърихи ташаккули халқи тоҷик ва забони он дар байни донишмандон баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бештари ин баҳсҳо ба давраҳои охир, асосан ба садаи ХХ, аниқтараш ба давраи шўравӣ ва таъсиси ҷумҳурии мухтор (1924) ва ҷумҳурии шўравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ва баъд аз он рост меояд.

RU
21 Oct 2022

ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!

Submitted by Admin
318

Сездаҳ сол муқаддам, яъне соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

TJ
11 Oct 2022

ФИРДАВСӢ ВА ШУКӮҲИ ҲАМОСАСАРОИИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
348

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020) аз силсилаи шоирони бузурги аҳди сомонист, ки шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ ва тарғибу ташвиқи ватанхоҳию истиқлолталабӣ дар забони модарии мо ба номи ӯ алоқаманд аст.

TJ
05 Oct 2022

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПЕШРАФТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Submitted by Admin
294

Забони ҳар қавму миллат бидуни шак ойинаи рӯзгори гузаштаву имрӯзаи ҳамон қавму миллат аст, ки дар худ таъриху фарҳанг, донишу хирад ва тафаккуру андешаи онро инъикос мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ойинаи ҳақиқатнамои забони модарии мо таърихи пурифтихор, фарҳанги оламгир ва донишу хиради азалии мардуми мо бо ҳама шукӯҳу шаҳомат ва қудрату азамати худ дар қолаби назму наср мунъакис гардидааст.

TJ
05 Oct 2022

Пешвои миллат ва фарҳангнигории тоҷик

Submitted by Admin
271

Пешвои миллат ва фарҳангнигории тоҷик

TJ
03 Oct 2022

Таъсири омилҳои фарозабонӣ ба забон

Submitted by Admin
309
Забони тоҷикӣ дар тули мавҷудияти худ зери таъсири омилҳои фарозабонӣ қарор дошта, унсурҳои фарозабонӣ дар баробари омилҳои дохилизабонӣ ба таркиби вожагонӣ ва ҳатто ба бархе аз бахшҳои дастурии забон, вожагон, овошиносӣ, наҳв таъсири зиёде доштааст.
TJ
29 Sep 2022

ҶИЛВАИ ҶАМОЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО

Submitted by Admin
278
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад.
TJ
28 Sep 2022

АВЗОНИ ҒАЙРИМАЪМУЛ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ МАВЛАВӢ

Submitted by Admin
247

Девони шеър, чунонки маълум аст, тибқи суннатҳои устувори адаби порсӣ, аз рӯи ҳарфи охири қофия тартиб дода мешавад. Ғолибан, дар девонҳои ғазалиёти шоирони гузаштаи мо ин қоида риоят шудааст.

TJ
23 Sep 2022

Бозтоби осори Рӯдакӣ дар фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ

Submitted by Admin
275

Фарҳангнигорӣ дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи дерина ва намунаҳои барҷаста дорад. Фарҳангу луғатномаҳои фаровон, ки луғатшиносон ва фарҳангнигорони машҳур дар давраҳои гуногун таҳия ва таълиф кардаанд, ганҷинаи бебаҳои вожагони забони тоҷикӣ маҳсуб гардида, то имрӯз қолаб ва шаклу гунаҳои мухталифи калимасозӣ ва истилоҳофаринии забон аз рӯйи онҳо омӯхта мешавад.

TJ
21 Sep 2022

УСТОД РӮДАКӢ ДАР ТАСВИРИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

Submitted by Admin
316
Улуғзода аз он адибонест, ки дар ташаккули жанри таърихии насри адабии тоҷик ва таърихияти афкори адабии мо саҳми муҳимме гирифтаанд. Ба ин тариқ сурат гирифтани рушди адабии ӯ ба доираи таҳсил ва ҷустуҷӯҳои вай иртиботи бевосита дорад, яъне он иттилооте, ки охири солҳои 20, ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар Тошканд дар дарсҳои адабиёту таърих аз устодон, бахусус проф. М.С. Андреев, гирифта буд.
TJ
09 Sep 2022

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
270

Забони ҳар қавму миллат на танҳо ойинаи таҷаллии рӯзгору афкор, балки шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сарвату дороии мояи ифтихори ҳамон қавму миллат дар тамоми тули таърихи мавҷудияти он ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он бастагии ногусастанӣ дорад.

TJ
23 Aug 2022

НОМАИ Е.Э. БЕРТЕЛС БА УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Submitted by Admin
315

Дар ин рӯзҳо рафиқ Зингер[2] дар шуъбаи ленингродии Нашриёти тоҷик шоҳкори нави шуморо ба ман нишон додааст, яъне «Луғати забони адабии тоҷик»-ро. Баъзе қисматҳои онро хонда баромадам ва гуфта метавонам, ки ғайр аз Шумо, ҳеҷ касе дигар аз уҳдаи чунин коре наметавонист барояд. Ин китоб як ганҷинаест аз ҷавоҳири гаронбаҳо моломол, як асарест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд.

TJ
23 Aug 2022

نامۀ برتلس به استاد ص.عینی

Submitted by Admin
282

نامۀ برتلس به استاد ص.عینی

استاد دانشمند معظم!*

FA
10 Apr 2022

Барои таҷлили 35 - солагии Истиқлол президенти Тоҷикистон ба ҳукумат супориши муҳлатнок додааст

Submitted by Admin
333

Президенти Тоҷикистон барои таҷлили 35 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон фармони вижа ба тасвиб расонд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳур. Дар фармони мазкур омадааст, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2026 баргузор карда мешавад. Дар ин росто ҳукумат аз кишвардор супориши муҳлатнок гирифт.

TJ