ҲУСНИ МАЪНӢ НАГУЗОРАД, КИ ТУ АЗ ЁД РАВӢ
Шамсиддин Муҳаммадӣ ходими пешбари шуъбаи таърихи адабиёти Институт
Шахсият ва пайкори илмии Бобобек Раҳимиро метавон дар ҷумлае иброз дошт: ишқу алоқаи поённопазир ба рӯзгор ва корномаи беназири адабии Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720)- маънии зиндагии ӯ гардидааст. Ва чаро Бедил? Воқеият ин аст, ки дар таърихи адабиёти форсӣ осори Бедил бо пӯшидагии маъно, печидагии баён, ҷилваҳои тозае дар забон ва мураккабии сабки нигориш ҳанӯз аз замони худи шоир диққати аҳли адаб ва тазкиранигоронро ба худ кашида будааст. Биндробиндоси Хушгӯ, яке аз муосирон ва шогирдонаш мегӯяд:
Мирзо Бедил, ки раҳнамои сухан аст,
Пайғамбару ғавсу пешвои сухан аст.
Яктост дар офаридани тарзи калом,
Биллаҳ, ки пайи сухан худои сухан аст.
Гузашта аз ин худи шоир ҳам борҳо аз баландии мақоми ашъораш, душвории дарки маъниву мазмунҳои борики он сухан ба миён оварда, бо тафохур на ҳар табъро шоистаи дарки он медонад:
Машқи маъниям, Бедил, бар табоеъ осон нест,
Сар фурӯ намеорад фикри ман ба ҳар зону.
Шеъри “ тӯфонзада ва ҳазортӯи Бедил, ки худ хештанро “ҷунуниншо” ва “ҳайратофарин” мехонад” (Ҳасани Ҳусайнӣ, “Бедил, Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ” ) на танҳо муосиронаш, балки адабиёти форсии Мавороуннаҳру Ҳинд ва Афғонистонро тайи дусад сол таҳти тасарруфи сабкиву эҷодии хеш қарор додааст, ҳарчанд ки ҷараёнҳову равияҳои дигар ҳам дар ин даврон вуҷуд доштаанд. Назми “шарардунбола”- ву “тарзи каломи нозук” ва сабку мактаби эҷодии ин шоир мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқони барҷастае чун Садриддин Айнӣ, Е.Э. Бертелс, Абдулғанӣ Мирзоев, Халилулоҳи Халилӣ, Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ ва дигарон гардидааст. Бобобек Раҳимӣ низ ба дунболи устодони фавқ равон гардида, андӯхтаву омӯхтаҳои хешро дар ҷодаи шиносонидану дарёфтан ва таҳқиқи осору рӯзгори ин шоири бузург аз овони донишҷӯияш шуруъ намуда, баъдан дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст. Мавсуф ба хотири омӯхтани нусхаҳои қаламии осори шоир дар китобхонаҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба ганҷинаи дастхатҳои китобхонаҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав, Тошканд мусофиратҳои хидматӣ анҷом дода, онҳоро бо он чи аз ин шоир дар китобхонаҳои Душанбеву Кобул маҳфуз мондаанд, муқоисаву муқобала намудааст. Натиҷаи тадқиқотҳои ӯ дар мақолаҳое чун “Сохт ва мундариҷаи “Чор унсур”-и Бедил, “Мулоҳизаҳо дар бораи дебочаи “Куллиёт”-и Бедил”, “Мулоҳизаҳо роҷеъ ба маънои тахаллуси Бедил”, “Маъхази як ҳикояти Бедил”, “Нусхаи аслии маснавии ”Муҳити аъзам”, “Назаре ба “Тури маърифат”-и Бедил”, ”Тилисми ҳайрат”- маснавии нахустини Бедил”, “Як маснавии рамзии Бедил”, ”Баёзи Бедил”, “Забони модарии Бедил” хулоса гардида, дар нашрияҳову маҷмӯаҳои илмии Тоҷикистон ва хориҷ чоп шудаанд. Дар соли 1993 маснавиҳои “Тури маърифат”, ”Тилисми ҳайрат” ва “Муҳити аъзам”-и шоирро дар Куллиёти осори ӯ, ҷилди панҷум, аз тариқи нашриёти “Адиб” бо муқаддимаву тавзеҳоти муфассал ба чоп расонид. “Мунтахаби “Чаҳор унсур”, бахше аз “Никот”-и Бедилро ҳам дар ҳамон солҳо тавассути маҷаллаҳои даврӣ пешкаши хонандагон намуд.
Ковишҳо ва ҷӯйишҳои Бобобек Раҳимӣ дар роҳи муайян намудани сабк ва ҷойгоҳи эҷодиёти ӯ дар адабиёти форсӣ низ шоистаи сутудан аст. Баъдан дар мавриди Бедил ва ҷойгоҳи эҷодиёти ӯ дар матбуот ва маҷаллаҳои бонуфузи илмии ватаниву хориҷӣ мақолаҳои зиёде таълиф ва ба чоп расонид, ки муҳимтарини онҳо ба ин қарор мебошанд: “Як нашри “Куллиёти Бедил”, ”Маълумоти тазкираҳо дар бораи Бедил”, ”Бедил ва сабабҳои дар Эрон шуҳрат наёфтани ӯ “, ”Мирзо Бедил”, ”Тарҷумаи туркии як ғазали Бедил”. Дар ҳар кадом аз ин мақолаҳо як муаммои рӯзгор ё осори шоири бузург баррасӣ ва таҳқиқ шудаанд.
Соли 2002 матни асливу комили “Никот”-и Абдулмаъонӣ бо тадқиқу муқаддимаву тавзеҳоти Бобобек Раҳимӣ дастраси хонандагон гардид. Дар муқаддимаи ин асар бори аввал дар шарқшиносии ҷаҳон аз тарафи муҳаққиқи тоҷик ба исбот расид, ки матни аслии “Никот” интихоб аз “Чор унсур” ё дигар осори шоир набуда, асари алоҳидаи шоир аст, ки дар шакли анедешаҳои пароканда иншо ва бо ашъор, аксаран рубоиёт музайян гардидааст. Ин маънӣ бо далелҳои илмии муътамаду муфассал арзёбӣ шудааст.
Абулмаъонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил аз пурмаҳсултарин шоирони форсигӯ мебошад. Бинобар таҳқиқи Бобобек Раҳимӣ танҳо осори назмии ӯ дар ҳудуди 80 ҳазор байт буда, тамоми анвоъи назмро фаро гирифтааст.Дар таърихи адабиёти форсӣ шоири дигаре баробари Бедил рубоӣ насурудааст.Чаҳор ҳазор рубоии Бедил дар девони алоҳида фароҳам омадааст, ки дорои намунаҳои беҳтарини ин навъи дӯстдоштании адабиёти мост. Зимнан, ёдовар мешавем, ки дилбастагии зиёди шоир ба ин навъро аз он ҳам метавон дарёфт, ки нахустин сурудаи ӯ дар ҳамин навъи каломи мавзун, ки дар даҳсолагии шоир эҷод шуда аст, рубоии машҳури “Ёрам ҳар гоҳ ба сухан меояд...” будааст. Тавре ки Бобобек Раҳимӣ дар муқаддимаи “Мунтахаби рубоиёт”-и шоир (Душанбе, 2003) овардааст, охирин шеъри ӯ, ки дар лаҳзаҳои вопасини зиндагияш гуфта шудааст, низ рубоӣ будааст. Муаллифи тазкираи “Сафинаи Хушгӯ” Биндробиндоси Хушгӯ аз воқеаи беморӣ ва фавти Бедил ёд карда, навиштааст, ки баъди дафни ҷасади шоир аз зери болинаш як ғазал ва як рубоӣ пайдо шуда иштиҳор ёфтанд. Он рубоӣ ин аст
Бедил, калафи сияҳпӯше нашавӣ,
Ташвиши гулӯи навҳакӯше нашавӣ.
Бар хок бимиру ҳамчунон рав бар бод,
Маргат сабук аст, бори дӯше нашавӣ.
Беҳтарин ақидаи ирфониву ахлоқии шоир маҳз дар ҳамин навъ суруда шудааст, ки мунтахаби баргузидаи Б. Раҳимӣ гувоҳи ин мебошад:
Дар кишвари ҳусни одамӣ то ба фалак,
Кардем тамошои камоли ҳар як.
Дидем ҳаё ҷавҳари дигар дорад,
Ҳарҷо арақест, нест холӣ зи намак.
Соли 2007 дар ҷилди ҳафтуми “Куллиёти Бедил” – “Рубоиёт”-и шоир аз чоп баромад, ки матни комили “Девони рубоиёт”-ро фаро гирифтааст.
Дигар аз корҳои муҳим ва арзандаи барои хонандагони тоҷик анҷомдодаи ин муҳаққиқи дақиқназар “Шарҳи шаст ғазали Бедил” мебошад, ки соли 2004 аз тариқи нашрияи “Деваштич” интишор ёфтааст.
Дар муқаддимаи муфассале, ки нигоранда бар китоб афзудааст, таърихчаи шаҳрнависӣ бар осори шоир, сабабҳои ба вуҷуд омадани чунин шарҳҳо ва билохира услуби шарҳи муалиф, ки аз дигар шореҳон фарқ мекунанд, тавзеҳ дода шудааст. Умдатарин омиле, ки шеъри ин шоирро барои фаҳмидан душвор мегардонад ба ақидаи устодон Айнӣ ва Халилӣ ба мазмун ва маонии худи ашъори ӯ бар мегардад. Шоир бошад, сабаби душвории дарки ашъорашро дар нозукии маъно ва мазмунҳои тозае мебинад, ки аз хонанда тақозои тааммулу тафаккур мекунад. Муҳаққиқу шореҳи ӯ бошад сабаби ин мушкилписандии ашъори ӯро “вобаста ба ибтикорот ва тасарруфоти ӯ дар забон” мебинад. Намунаҳои барҷастаи вижагиҳои забонии осори манзуми шоир, ки сабаби пайдо шудани нуқтаи назарҳои гуногун дар бораи эҷодиёти ӯ шудаанд, дар мақолаи муфассалу мудаллали Бобобек Раҳимӣ “Бедил ва сабабҳои дар Эрон шуҳрат наёфтани ӯ” (Садои Шарқ, 2006, 2, саҳ. 118-136) шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Бузург тарин асари назмии Бедил “Ирфон” мебошад, ки Б. Раҳимӣ роҷеъ ба он таҳқиқоти алоҳида анҷом дода, матни комили онро соли 2005 аз тариқи нашриёти “Адиб” ба чоп расонидааст.
Муҳаққиқ пажуҳишу баррасии хешро оид ба рӯзгор ва осори Бедил давом дода, асарҳое нигоштааст, ки дар ин авохир аз чоп даромаданд. “Гулчини осори Бедил”, “Бедил дар манбаъҳои адабӣ ва таърихӣ”, “Ошноӣ бо Бедил”(маҷмуаи мақолаҳо дар бораи рӯзгору осори шоир, Душанбе, 2009), “Зиндагиномаи Бедил” (зиндагиномаи илмӣ ва нақди нуқтаи назарҳои муҳаққиқон дар бораи зистномаи шоир, Душанбе, 2017), “Руқаот” –и Мирзо Абдулқодири Бедил (бо муқаддимаву тавзеҳот, Душанбе, 2020), “Нусхаи Ромпурии Девони Бедил” (таҳқиқи яке аз нусхаҳои қадими девони шоир, Душанбе, 2022), ки ҳар кадоми ин осор дар рӯшанӣ андохтан бар завоёи пурпечухами шеъри ин шоире, ки “зулоли фикраш дар садафи гӯшҳо найсонӣ мекунаду саҳоби суханаш дар чамани ҳушҳо боғбонӣ менамояд:
Ба давоту қаламаш бину мабин,
Мижаву мардумаки оҳуи Чин.
Табъи ӯ дар ҳунарободи сухан,
Медиҳад доди сухан, доди сухан,
нақше хоҳанд гузошт ва ниқоб аз рӯи матолиб боз хоҳанд кушод.
Дар охир ҳаминро афзуданием, ки Бобобек Раҳимӣ агарчи ҷисман бо мо нестанд, вале тамоми корномаи илмии эшон бо мост, ки давоми ҳузури руҳонии мавсуф дар ҷомеаи адабию илмӣ мебошад, зеро
Ба қадри ҷаҳд ҳар кас муздёб аст,
Хуш он ҷаҳде, ки манзураш савоб аст.