18 Sep 2022
  • Шурои олимони Институт

Шурои олимон мақоми олии идоракунии Институт мебошад. Ба ҳайати Шурои олимон – директор, муовини директор, котиби илмӣ, мудири шуъба (озмоишгоҳ), раиси ташкилоти иттифоқи касаба ва Шуро олимони ҷавон, олимони соҳибтахассус дохил мешаванд.

Ҳайат ва миқдори  Шуро олимон  бо пешниҳоди директори Институт аз ҷониби Маҷлиси умумии кормандони илмии Институт интихоб гардида, аз тарафи Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муддати на бештар аз панҷ сол тасдиқ мешавад. Аъзои пайваста (академик) ва аъзои вобастаи  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар Институт фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва меҳнатӣ мебарад бе иштирок дар интихобот аъзои Шуро олимони муассисаи илмию таҳқиқотӣ ҳисобида мешаванд. Ба аъзои Шуро олимон танҳо шахсоне, ки дорои дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (Phd) –доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктор ҳабилитат мебошанд ҳуқуқи интихоб шуданро доранд.

Раиси Шуро олимон – директори Институт, муовини ӯ –муовини директор оид ба илм ва таълим, котиби илмии Шуро – котиби илмии Институт таъин мешавад.

Вазифаҳои Шуро олимони Институт:

- самтҳои асосии фаъолияти илмии Институт лоиҳаи нақшаҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, дар амал ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, машварат ва ташкили конфронсҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад;

- ҳисоботро дар бораи муҳимтарин натиҷаҳои илмӣ ва илмиву ташкилии фаъолияти Институт баррасӣ мекунад;

- масъалаҳои марбут ба тағйири сохтори Институтро муҳокима менамояд;

- муҳимтарин масоили илмӣ, маърӯза ва асарҳои илмиро муҳокима карда, натиҷаи корҳои нисбатан муҳими илмии Институтро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад;

- нақшаи таҳрир ва интишори асарҳои илмии дар Институт тайёршударо баррасӣ намуда, корҳои таҳқиқотии илмии Институт ва корҳои нақшавии кормандони онро ба чоп тавсия мекунад;

- масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории эҷодиро бо муассисаҳои илмии дигар муҳокима менамояд;

- ҳисоботи мудирони воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сарварони гуруҳҳои таҳқиқотӣ ва кормандони илмии алоҳида, натиҷаи рухсатии эҷодии кормандро шунида, мавриди арзёбӣ қарор медиҳад;

- масъалаҳои самаранокии ҳамкориҳои илмии байналхалқии Институт, рафти иҷрои таҳқиқотӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ гузаронидашавандаро мавриди муҳокима қарор дода, ҳисоботи кормандони Институтро дар хусуси сафари хидмати илмии хориҷӣ мешунавад;

- асарҳои барҷастаи илмӣ, дастовардҳои илмиро (ихтироъҳоро) барои гирифтани ҷоизаҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ, мукфотҳо ва ҷоизаҳои ба номи олимони бузургро пешниҳод мекунад;

- олимони Институтро барои додани унвонҳои фахрӣ, номзадҳоро ба аъзои пайваста (академик) ва аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои илмии соҳавӣ пешбарӣ менамояд;

- барои гирифтани дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ олимон ва кормандони Институтро пешбарӣ менамояд;

- дар бораи озмунҳо барои ишғол кардани вазифаҳои холии мудирон, воҳидҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, сарходим, ходими пешбар ва калони илмӣ, ходими илмӣ ва кормандони хурди илмӣ тасмим мегирад;

Салоҳияти қабули қарорҳоро дорад, агар дар маҷлис на камтар аз 2/3 ҳиссаи ҳайати он ҳозир бошад; Қарори Шуро олимон дар ҳолате пазируфта мешавад, ки ба тарафдории он на камтар аз 50% аъзои ҳозирбудани Шуро олимон овоз дода бошад; қарорҳо бо овоздиҳии ошкоро қабул карда мешаванд, агар Шуро олимон дар бораи баргузории овоздиҳии пинҳонӣ тасмим нагирифта бошад; дар масъалаҳои озмун барои ишғол кардани вазифаҳои холӣ қарорҳо тибқи оинномаи амалкунанда қабул карда мешаванд; Қарорҳои Шуро олимон баъди тасдиқ шудан аз тарафи директори Институт, эътибор пайдо мекунанд.

Р Ӯ Й Х А Т И

аъзои  Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

 

Ному насаб

Вазифа

Унвони илмӣ

Имзо

1.

Шарифзода Фарангис

 

директор

доктори илми филология

 

2.

Муҳаммадиев Шамсиддин

муовини директор

номзади илми филология

 

3.

Муҳаммадхоҷаева Рахшанда

котиби илмӣ

номзади илми филология

 

4.

Сатторзода Абдунабӣ

и.в. мудири шуъбаи таърихи адабиёт

доктори илми филология

 

5.

Назарзода Сайфиддин

мудири шуъбаи фарщангнигор ва истилоҳот

д. и. ф., узви вобастаи АМИТ

 

6.

Мирбобоев Азиз

 

мудири шуъбаи забонҳои ориёӣ ва бостон

номзади илми филология

 

7.

Мирзоев Сайфиддин

и.в. мудири шуъбаи забони тоҷикӣ

номзади илми филология

 

8.

Беҳрузи Забеҳулло

мудири шуъбаи адабиёти муосир

номзади илми филология

 

9.

Мажнунов Абдуламин

мудири шуъбаи фолклор

номзади илми филология

 

10.

Султон Ҳ.Б.

д.и.ф., узви вобастаи АМИТ

сарходими шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот

 

11.

Аскар Ҳаким

доктори илми филология

сарходими шуъбаи адабиёти муосир

 

12.

Юсуфов Умриддин

доктори илми филология

сарходими шуъбаи таърихи адабиёт

 

13.

 

Маликова Анзурат

раиси Шурои бонувон

номзади илми филология

 

14.

Мискинов Илҳом

раиси иттифоқи касаба

ходими илмӣ

 

15.

Каримова Ҳилола

раиси Шурои олимони ҷавон

ходими хурди илмӣ