Дар таърихи илму адаб ва фарҳангу маънавиёти тоҷикии нимаи дувуми садаи ХХ ва оғози садаи ХХ1 устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ (1926-2012) аз олимони камназир ва фарҳехта аст, наздик ба 70 сол фаъолияти пур-самар кардаанд. Кору фаъоляти эшон барҳақ дар ҷӯяндагию ибтикороти илмӣв ва миллатгароӣ аз табори абармардоне чун устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷолн Ғафуров мебошад. Устод Шакурӣ дар риштаҳои мухталифи илми сухансанҷиву ҷомеашиносӣ – нақди адабӣ, адабиётшино¬сӣ, пажӯҳиши адабиёти классик ва осори мардумӣ, равобити адабӣ, назарияи адабиёт, забон ва ҳусни баён, фарҳангнигорӣ, тарҷумаи адабӣ, бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, масоили худшиносӣ ва давлати миллӣ, мактабу маориф ва арзишҳои моддиву маънавии мардум пажӯҳишҳои ҷиддии бунёдӣ, роҳнамокунанда ва фикркушо анҷом дода, самти рушду нумув ва таҳқиқи минбаъдаи онҳоро муайян сохтааст. Дарвоқеъ, ба шарофати осори тадқиқотии эшон илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик на танҳо рушду камол кард, балки сифати зотии худро дарёфт, ҷанбаи тахассусиаш устувор гардид, рӯ сӯи худшиносӣ ниҳод ва савияи илмиву амалиаш баланд рафт. Натиҷа чунин шуд, ки тавассути навиштаҳои устод, аз як ҷониб, масъалаҳои мураккабу ҳалталаби илмӣ, раванди инкишофи худмахсусии адабиёти даврони нав, назараияи ҳунари воқеъгарои (реолистии) тоҷикӣ ба таври бунёдӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва, аз ҷониби дигар, усули таҳлилу баррасиҳои боистидлоли ин ҳама масоили мураккаб аз ҷониби эшон ба ташаккури сабки илмии ҳирфаӣ дар суханшиносии тоҷикӣ мусоидат намуд.
Воқеан, роҳи устод барои расидан ба ин мартабаи боло чӣ гуна сурат гирифтааст? Ин саволест матраҳ ва дар замоне, ки арзишҳои илмиву адабӣ тағйир хӯрдаанд, аз назар гузаронидану нақд кардани осори устод ва сабки таҳлилу баррасӣ ва натиҷагириҳои илмии ӯ бисёр муҳим ба назар мерасад…
Замоне, ки устод Шакурӣ ба кори пажӯҳишгарӣ қадам гузошт, нақду адабиётшиносии тоҷик акнун ба марҳалаи ҷустуҷӯҳои бонизом ворид мегардид. То ин замон оид ба масъалаҳои адабиёти ба истилоҳ шӯравии тоҷик ба ҷуз аз чанд рисола ва мақолаҳои ҷудогонаи устод Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Нарзуллоҳи Бектош, Абдуғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Сотим Улуғзода, Баҳриддин Азизӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ғанӣ Абдулло, Холиқ Мирзозода дигар чизи зиёду муҳимме таълиф нашуда буд. Зиёда аз он, ибтидо аз ними солҳои сиюм ва баъдиҷанг дар нақди адабиёт қазовати иделожӣ хеле роиҷ гардид ва имкони дар интиқод даст ёфтан ба меъёрҳои асили арзишдиҳӣ ба осори адабӣ коре басо мушкил буд.
Устод Шакурӣ дар айни авҷ гирифтани ҳамин қабил назар ва дастурҳои иҷборӣ ба нақду таҳқиқи таърихи ташаккул ва махсусиятҳои инкишофи адабиёти гузаштаву муосири шӯравии тоҷикӣ машғул шуд. Нахустин мақолаҳои устод аз соли 1945 дар матбуот нашр мешавад ва ҳамзамон чанд дастурҳои таълимӣ ҳам таълиф менамояд. Чунин ба назар мерасад, ки ин таваҷҷуҳи гуногунҷиҳата – таҳқиқ, таълифу тадрис аз ибтидо самтгирии эшонро дар роҳи ташаккул додани чашмандози мукаммалу солим доир ба моҳият ва вазифаи афкори бадеӣ дар ҷомиа муайян намуда буд. Дар навиштаҳои ҳамонвақт шогирдонаи эшон ҳаминро метавон чизи аз ҳама муҳим ба шумор овард, ки ӯ аз аввал кӯшидааст адабиёту ҳунарро чун падидаи иҷтимоиву эстетикӣ шинохтаву баҳо дода бошад. Ин кӯшиши устод Шакурӣ барои дарёфти роҳи тадқиқи тахасссусию солими илмӣ, риояи меъёрҳои асили пажӯҳишӣ ва рияи қазовати беғаразона ва ҳирфаӣ дар он шароити мураккаб худ як амали ибратомӯз ба шумор меояд.
Нахустини пажӯҳиши батафсили устод Шакурӣ ба таҳқиқи яке аз ҷараёнҳои мураккабу пурзиддияти адабиёти тоҷикии ибтидои садаи ХХ – «наҳзати ҷадидия» ва шарҳи ҳолу эҷодиёти яке аз намояндагони барҷастаи он Сиддиқии Аҷзӣ бахшида шуда буд. Дар замоне, ки ин пажӯҳиши устод анҷом ёфт, муносибат ба наҳзати миллии ҷадидия дар Тоҷикистон ва умуман шӯравии собиқ хеле мураккаб ва аксаран манфӣ буд. Вале олими ҳанӯз ҷавон бо раҳнамоии адабиётшиноси пуркор Холиқ Мирзозода, дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои зиёд ва ҷиддӣ дар бойгониҳо, рӯзномаҷот ва кутубхонаҳои Осиёи Марказӣ бо назари тоза ва одилонаву беғараз вориди қазия шуда, собит карда буд, ки ҷадидия ҷараёни мураккабу дар асл пешқадам аст ва Аҷзӣ аз намояндагони пешрави он ба шумор меояд. Таълифи рисолаи мазкур, ки «Аҷзӣ ва эҷодиёти адабии ӯ» ном дошт ва аз 440 саҳфа иборат буд, соли 1952 анҷом ёфт. Дар он замон ва ҳаёти адабӣ, зиндагӣ, мавзуъ ва мундариҷа, хасоиси жанру услуб, маҳорати адабӣ ва забони навиштаҳои Аҷзӣ мавриди таҳқиқ қарор гирфта, дар ҳошияи он хеле аз аз асарҳои ба забони тоҷикӣ ва узбакӣ бо тахаллусҳои мустаори Гумном, Шарора, Тир навиштаву пароканда мондаи ӯ низ илова шуда буд. Аммо ин тадқиқ пурмӯҳтаво аз сиёсатзадагии замон ва низоъҳои шахсии уламои давр лағв гардид ва меҳнати наздик ба панҷсолаи олими ҷавон ба ҳеч бароварда шуд…
Аммо устод Шакурӣ ба рағми ин ҳама бо ҷаҳду талоши беш аз пеш ба таҳқиқ пардохт ва дар натиҷа дар як муддати кӯтоҳ ду китоби аввали асари бузурги устод Айнӣ «Ёддоштҳо»-ро аз назари ғоявию ҳунарӣ (1954) мавриди пажӯҳиш қарор дод. Баъдтар ин тадқиқот хеле такмил дида, дар шакли монографияи пурвусъате бо номи «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ (1966) ба табъ расид. Асари мазкур аз нуқтаи назари мундариҷа ва шакл, нишон додани маҳорати нависанда, пажӯҳиши санъати инсоншиносии ӯ, аз ҷиҳати дар занҷираи умумии таърихи инкишофи адабиёти гузаштаву имрӯзаи форсии тоҷикӣ ва пайвандҳои адабии муосир баррасӣ кардани як асари алоҳида, бешубҳа, рисолаи нахустин ва беҳтарин дар адабиётшиносии тоҷик ба шумор меояд.
Зиёда аз ин, баъд аз тадқиқоти мазкур айнишиносӣ яке аз риштаҳои муҳимми фаъолияти илмии М. Шакурӣ гардид. Аз ин ба баъд кору осори Айнӣ дар аксари тадқиқотҳои эшон ба сифати намунаи адабиёти нави тоҷикӣ ва чун меъёри баҳо ба барору нокомиҳои адибони дигари тоҷикӣ қарор гирифт… Бар иловаи силилаи мақолаҳо, устод чанд асари ҷудогонаи худ – «Садриддин Айнӣ» (1978, бо ҳуруфоти арабӣ) ва «Насри реалистӣ ва таҳаввулоти шуури эстетикӣ» (1986), «Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон» (2000), «Равшангари бузург» (2006)-ро куллан ба пажӯҳиши эҷодиёти устод Айнӣ бахшидааст. Дар рисолаҳои мазкур масоиле чун сарчашмаҳои реализми Айнӣ, камолоти ҳунари воқеънигоронаи ӯ, роҳи мураккабу ибратбахши эҷодӣ ва ҷустуҷӯҳои нависандаи бузург ҷиддӣ ва мӯшикофона таҳқиқ шудааст. Зиёда аз ин, эҷодиёти устод Айниро дар заминаи (контексти) идомаи суннатҳои миллӣ, инкишофи адабиёти муосири тоҷик ва пайвандҳои самарабахш бо адабиётҳои собиқ шӯравӣ аз назар мегузаронад ва онро дар иртибот бо таҳаввул ва сифати нав гирифтани диди эстетикии халқ шарҳу тавзеҳ мекунад. Дар кулл кӯшиш шудааст, ки Айниро ба сифати «падари миллати тоҷик» (тавсиф аз Бобоҷон Ғафуров) ва ҳамчунин ҷойгоҳи ӯро дар адабу фарҳанги форсизабонон (дар шаклгирии насри воқеъгаро ва зуҳури шеъри нав) муайян карда бошад.
Жарфназарӣ дар пажӯҳиши эҷодиёти устод Айнӣ рӯшан намуд, ки воқеан адабиёт зодаи табъи шахсиятҳои алоҳидаи адабӣ буда, рангу тароват ва имконоту тавоноии вай вобаста ба он аст, ки чӣ истеъдодҳое тозаназар ва қолибшикану навовар дар он қаламкашӣ мекунанд. Аз ин ҷо яке аз бахшҳои пажӯҳиши устод Шакуриро нақду баррасии шахсиятҳои адабӣ, хосса шогирдони Айнӣ ташкил намудааст. Эшон тавассути амиқ сар фурӯ бурдан ба муаммову тамоюлҳои эҷодиёти устод Айнӣ ва шогирдони вай (масалан, дар рисолаҳои «Сотим Улуғзода», 1961; «Раҳим Ҷалил», 1959, бо ҳамқаламии А. Сайфуллоев; «Насри Ҷалол Икромӣ», 1979, бо ҳамқаламии Л. Н. Демидчик) ва насри равонию андешапарвари Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Саттор Турсун ва дигарон ба ин натиҷа расид, ки яке аз нишонаҳои тавонмандӣ ва афзудани имконоти адабиёти нави тоҷикӣ иборат аз зуҳури ғанои услубист. Устод дар рисолаи «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973, 2006) маҳз масъалаҳое чун услуби фардӣ ва тамоюлҳои услубӣ, аносири сабксоз, маншаъ ва омилҳои шаклгирии онҳо, таносуби сабк бо забону тарзи баёнро мавриди таҳқиқ қарор дод, ки аз ҳайси масоили таҳқиқ ва натиҷаҳои пажӯҳиш як тадқиқоти марҳилавию бунёдӣ дар адабиётшиносии тоҷик ба шумор меояд. Устод сабки адибони шинохтаи тоҷик, амсоли устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, умумият ва тафовутҳои эшонро дар мақулаҳое чун «услуби фардӣ» (сабки Айнӣ, Икромӣ, Улуғзода, Муҳаммадиев) ва «тамоюли услубӣ» (услуби романтикӣ ва реализми сирф) мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон ба падидаву омилҳои шаклдиҳандаи сабк дар ҷустуҷӯҳои адабии нависандагони миёнсолу нисбатан ҷавон низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Устод Шакурӣ дар муайян кардани марҳалаҳои рушду нумуви адабиёти тоҷики замони шӯравӣ ва таълифи таърихи адабиёти муосир низ саҳми арзандае гирифтааст. Бо ҷидду ҷаҳди устод ва олимоне чун Носирҷон Маъсумӣ, И.С. Брагинский, А. Эделман, Соҳиб Табаров, Шавкат Ниёзӣ, Юрий Бобоев солҳои 1956-1957 қисмҳои якум ва дувуми «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» ба забони тоҷикӣ ва соли 1961якҷилдаи он ба забони русӣ ба табъ мерасад. Аз таълифоти мазкур, ки устод яке аз муаллифон ва танзимгарони онҳо буд ва ҳам китоби «Анъна, халқият ва маҳорат» (1964) маълум мешуд, ки эшон роҷеъ ба вазъи умумӣ ва рӯйдодҳои таърихи адабиёти нави тоҷикӣ сари андешаҳои ҷиддӣ мебошад.
Ҳамин тавр, ба туфайли тадқиқоти устод Шакурӣ ва ҳамкоронашон Л. Н. Демидчик, Раҷаб Амонов, Холиқ Мирзозода, Атохон Сайфуллоев, Шавкат Ниёзӣ, Ҳамроқул Шодиқулов, Юсуф Акбаров, Абдураҳмон Абдуманнонов адабиётшиносии тоҷикиро даст дод, ки аз шарҳу тавзеҳи очеркӣ ба тадқиқи ҷиддии муайян кардани қонуниятҳои хоси инкишофи адабиёти замони нави тоҷикӣ гузаранд. Равишҳои асосии таълифи таърихи нави адабиёт дар асарҳои Муҳаммадҷони Шакурӣ, алахусус рисолаи доктории эшон «Масъалаҳои жанр ва услуб дар насри муосир» (1971) тарҳрезӣ шуда буд. Маҳз пас аз пажӯҳиши мазкур фикри таълифи таърихи нави адабиёти советии тоҷик ба миён омад ва тадқиқоти шашҷилдаи «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» ва дуҷилдаи русии он (афсӯс, ки чоп нашуда монд) низ таҳия шуд, ки устод аз муаллифон ва муҳаррирони масъул буд. Ҳамчунин «Насри тоҷики солҳои 1945-1975» (1980) ҷилдест аз китоби мазкур, ки дар он устод ба сифати муаллифи таърих як давраи калони ҷараёни адабиро вобаста ба инкишофи жанрҳо, бо мақсади муайян кардани муҳимтарин тамоюлҳо, ғанои шаклу услуб, раванди зина ба зина амиқу мукаммал ба тасвир гирифтани инсон дар адабиёти нав мавриди таҳқиқи бамуддао ва муфассал қарор додааст. Ин ҳама, бешубҳа, сабаби боло рафтани савияи адабиётшиносии тоҷикӣ гардид.
Чашмандози жарфи илмии устод Шакурӣ натиҷагириҳои ҷолиби диққатеро ба бор овард: на танҳо таърих, балки тамоюлҳои тозае чун болиғ шудани реализм, таҳаввули тасвири иҷтимоию равонии (психологии) инсон ва дар ин ҷараён мазмуни тоза касб кардани масъалаҳои анъанаву навоварӣ, таҷдиди суннатҳои адабиёти гузашта (рисолаҳои «Анъана, халқият ва маҳорат», 1964, «Анъана ва навоварӣ»,1973, бо ҳамқаламии Ю. Акбаров), тасвири бадеии таърих ва таърихияти адабиёт, ҳофизаи таърихии халқ, таҷдиди анъанаҳои романтикӣ, панду ахлоқ (ҳикматписандӣ) ва мақоми шеър дар насри тоҷик барин масоили муҳимми мундариҷаву шакли миллӣ, мазмун ва поэтикаи он ҳаллу фасл шуданд ва аз меъёрҳои таъйинкунандаи савияи тадқиқот дар адабиётшиносии тоҷикӣ гардиданд. Дар иртибот ба масъалаи суннатҳои адабӣ устод изҳор доштааст, ки анъанаи (суннати) адабӣ архаика (чизи кӯҳнаву аз даҳон монда) идомаи одӣ дар меросбарӣ набуда, ин ҷо «қонуни генетикӣ» амал менамояд, яъне «…анъанаҳо ба гузаштаи дуре тааллуқдор нестанд, балки барои халқи тоҷик воқеияти кунунӣ мебошанд ва имрӯз ҳам муҳимтарин хосияти ҷаҳонфаҳмии ӯро муайян мекунанд». Ин натиҷагирии устод чунин маънӣ дорад, ки эшон ба мафҳуми ғарбии архитип (масалан, дар эстетика ва нақди мифологии Г. Юнг), ки дар зершуури инсон ҳамеше ҳузур доштани таҷрибаи гуруҳӣ ё замири нохудогоҳи дастҷамъонаро дар назар дорад, расида будааст. Албатта ба миён гузоштани бисёре аз ин масъалаҳо, аз ҷумла шакли миллӣ ва суннатҳои миллии адабиёт дар замоне, ки дар ҳунаршиносии шӯравӣ мафҳумҳое мисли «мазмуни сотсиалистӣ», «синфӣ будани адабиёт», «рӯҳи интернатсионалистии санъату адабиёти шӯравӣ» машҳур ва авлавият дошт, кори саҳле набуд.
Ҳаминро ҳам бояд бигӯем, ки дар асҳои устод Шакурӣ аз баррасии мақулаҳои иҷтимоӣ низ сарфи назар нашудааст, вале эшон ба онҳо афзалияти бештар доданро низ аз рӯи адолати илмӣ надонистааст. Ба ин маънӣ таъйин кардани сифати нави адабиёти тоҷик, хасоиси миллӣ ва бахусус баҳрабардориҳои байналмилалӣ, ки аз тақозоҳои диди бадеии адабиёти замони шӯравӣ ба шумор меомад, ба ҳамаи пажӯҳишҳои устод хос буда, бавижа дар рисолаҳои «Пай-ванди замонҳо ва халқҳо» (1982), «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ» (1986), «Таҷаддуд. Насри муосри тоҷик» («Обновление», М.: Сов. писатель,1987) мавриди баррасӣ қарор гириф¬тааст.
Воқеан, рисолаи «Таҷаддуд» тадқиқоти аввалини як ноқид ва адабиётшиноси тоҷикӣ аст, ки дар нашрияи марказии шӯравӣ ба табъ расида буд. Агар дар ин маврид мақолаҳои эшонро, ки дар саҳифаҳои маҷмӯаҳо ва рӯзномаву маҷаллоти муътабари он дав¬рон амсоли «Вопросы литературы», «Дружба народов», «Литературная газета», «Советская культура» ва ғайраҳо нашр шудаанд, ба ёд оварем, пас тавассути онҳо сифат ва сатҳи интишори адабиёт-шиносиву нақди адабии тоҷик ва саҳми устодро дар миқёси умумиишӯравӣ қиёс кардан мумкин аст.
Дар иртибот ба пужӯҳиши таърихи адабиёти шӯравӣ ва робитаҳои адабӣ бояд аз фаъолияти Муҳаммадҷони Шакурӣ ба сифати мунаққиди адабӣ ёдовар шуд. Зеро вобаста ба он, ки эҷоди адабиёти ин даврон дар замони наздик ва ҳамзамон шакл мегирифт, дар пажӯҳиши он низ ҳамеша ҷанбаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ паҳлуи ҳам ҳузур доштанд. Дарвоқеъ устод зиёда аз шаст сол ба нақду баррасии вазъи адабиёти муосир машғул буд. Чуноки гуфта омад, устод кори пажӯҳишро аз нақди асари адабӣ оғоз кардааст. Аз ҷумла, мақолоте чун «Дар бораи достони «Қувваи дӯстӣ»-и Суҳайлӣ» (1945), «Ҷавонӣ ва қаҳрамонӣ» (1945), «Дар бораи «Писари ватан» (1945), «Шумораи ҳафтуми журнали «Шар¬қи сурх» (1948), «Назарпаҳлавон» (1949), «Ҳикояҳо»-и П. Толис» (1949) аз вуруди фаъол ва ҷиддии эшон ба кори нақднависӣ гувоҳ аст. Асарҳои интиқодии эшон ба ошкор кардани тамоюлҳои ҷараёни адабӣ, рӯйдодҳои муҳим, муаммо ва масъалаҳои поэтикӣ дар ҷустуҷӯҳои аҳли адаб, ҷиҳатҳои хосу пурқуввати эҷодиёти адибони алоҳида, арзиши ғоявию бадеии асари ба тозагӣ таълифшуда бахшида шудаанд. Маҷмӯаҳои «Анъана, халқият, маҳорат» (1964), «Паҳлӯҳои тадқиқи бадеӣ» (1976), «Мактаби одамият» (1990) мақолоти муҳими эшонро фаро гирифта, баёнгари ноқиди фаъол ва равандшинос будани устод аст.
Ҳамин нуктаро махсус бояд қайд намуд, ки устод Шакурӣ аз мунтақидони одил ва хеле сахтгиру ҳақгӯй буд. Ҳеҷ як аз падидаҳои тоза ва мусбати адабиёт аз назари эшон дур намонда аст, балки хеле бомаврид нақду баррасӣ ва тақдир ҳам шудааст ва, дар айни замон, дар мавриди бармало сохтани камбудиву сустиҳои эҷодии чи нависандагони ҷавон ва чи адибо¬ни соҳибтаҷриба муносибати эшон якхел ва берӯю риё будааст.
Баҳои устод ба асари адабиёт ҳамеша баҳои мукаммал аст. Барои эшон муайян кардани ҳам ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам камбудиҳои раванди адабӣ муҳим буд. Аммо ӯ мекушад, то ки пеш аз ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва пурқуввати асари адабӣ ё эҷо¬диёти ин ё он нависандаро ошкор намоянд ва баъд дар ин замина сабабҳои ба комёбии ҳунарӣ даст наёфтан ва то ба охир амалӣ нашудани нияти бадеӣ ва куллан ҳунари ӯро нишон дода бошанд. Дар замоне, ки аҳли нақди мо дар баъзе мавридҳо интиқоди осори адабиро ба навъе ҳангома, воситаи тундгӯию гоҳо дағалӣ ва сару садои беасосу тамғаи сиёсӣ задан табдил додан мехостанду махоҳанд ва дар баъзе маворид онро ҳатто наметавон нақди сотсиологӣ шумурд, нақди ҳунарии асилу тахассусии Муҳаммадҷони Шакурӣ, ки шомили таҳлили асосноку бамуддаост, арзиши ба маротиб болотареро касб менамояд. Барои устод эҳтироми шахсияти эҷодкор чизи аз ҳама муҳим ба шумор меомад. Бинобар он, нуктаҳое ки эшон дар мавриди зоҳирназарӣ, номутаносибии банду баст, нокифоягии таҳқиқи бадеии зиндагӣ, рӯшан набудани нияти нависанда мегирад, камбудиҳои ҷиддӣ буда, нависандаро барои боло бурдани савияи касбӣ ва сифати бадеии осораш раҳнамун месохт.
Сабаби бештар маъқул афтидани нақди Муҳаммадҷони Шакуриро дар заминаи устувори илмӣ доштани онҳо бояд ҷуст. На нақди хушк ва гоҳо дурушти мафкураӣ ва на нақди тавсифкоронаи зеҳнӣ, балки танҳо нақди бар асосҳои илми адабиётшиносӣ ва назарияи ҳунарӣ асосёфта метавонад ҳам воситьаи қазовати солими асари алоҳидаву эҷодиёти нависандаи ҷудогона ва қувваи фаъоли мутаҳаррики ҷа¬раёни адабӣ бошад. Ҳамин тавр ҳам ҳаст ва ба ҳам табииву мантиқӣ пайванд хӯрдани ҷанбаҳои адабиётшиносӣ ва интиқодӣ дар навиштаҳои устод Шакурӣ ҷиҳати муҳимми онҳо ба шумор меояд. Беҳтарин ва ҷиддитарин мақолаҳо дар бораи маҳорати устод Турсунзода, нақди румони «Восеъ»-и устод Улуғзода, таърихнигории Ҷалол Икромӣ, навангезиҳои ҳунарии Пӯлод Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев, ҷустуҷӯҳои тоза ва самарабахши Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Баҳром Фирӯз, Саттор Турсун, Юсуф Акобиров, Абдуҳамид Самадов, Темур Зулфиқоров, Баҳманёр, Муаззама, Муҳаммадзамони Солеҳ ва бисёр дигарон, мурурҳое бар шебу фарози шеъри ғиноии тоҷик, дастовардҳои ҳунарӣ дар ашъори Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир, падидаҳое чун шеъри нав, насри равонӣ ва андешагаро, тамоюлҳое мисли таърихнигорӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳофизаи таърихӣ, ки ҳатто номбар карданашон дар ин ҷо ғайриимкон аст, ба қалами эшон тааллуқ дорад.
Устод дар ҳар маврид ба масъалаи фаҳмову дастрас будани навиштаҳояшон кӯшиши зиёде ба харҷ медод, балки аз суханшинос ва сухангустарҳои тавоное буд. Забони осори илмии эшон бошад аз намунаҳои беҳтарини баёни масоили мураккаби илмӣ дар шакли фаҳмо ва равону шево маҳсуб мешавад.
Инро як ҳодисаи табиӣ бояд донист, зеро Муҳаммадҷони Шакурӣ аз он олимоне мебошад, ки кӯшишу ҷадалҳои устод Айниро барои тозагии забон, маданияти сухан ва суханшиносӣ ҳамеша мавриди омӯзиш қарор дода омадааст. Аз ҷумла, устод дар арзи зиёда аз панҷоҳ соли охири зиндагӣ ба масъалаи ҳусни калом, мантиқи баён ва дуруст навиштан таваҷҷуҳи мустақиму масъулиятшиносона зоҳир менамуд. Натиҷаи андешаҳову мушоҳидаҳои эшон бори аввал дар саҳифаҳои маҷаллаи «Садои Шарқ» ( 1964,№ 10) ба табъ расид ва баъдтар бо номи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (1968) ба сифати китоби алоҳида нашр шуд. Таҳ¬рири севуми он соли 1985 ва ниҳоят таҳрири чоруми ин китоби ба қавли И. С. Брагинский «беамсол» соли 2005 дар шакли танзимхӯрдаву мукаммалгардида дастраси хонандагон гардид. Ҳиссаи устод дар дигар бахшҳои илми забоншиносӣ, аз ҷумла истилоҳгузинӣ ва сохтани донишвожаҳо, луғатшиносӣ низ бузург аст. Дар воқеъ, Муҳаммадҷони Шакурӣ яке аз муаллифони «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1964, 1966) мебошад, дар таҳриру танзими луғати дуҷилдаи пураҳамияте чун «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) саҳми асосӣ дошт ва дар таҳияву таҳрири луғатҳои истилоҳоти соҳавӣ заҳмати зиёду арзишмандеро анҷом додааст.
Метавон гуфт, ки фаъолияти устод Шакурӣ дар замони бозсо¬зиҳои Горбачов (перестройка) дар замони шӯравӣ (1987) ва хосса пас аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон ба марҳалаи тозае ворид мешавад. Акнун устод дониши амиқи илмиро бо паҳнои андешаву муҳокимаҳои сиёисву фарҳангӣ ва маънавӣ пайваста, аз доираи як олими тавоно ба мартабаи як марди иҷтимоъ боло меравад ва ба сифати маорифпарвар ва назарияпардози масоили худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлолии мардуми тоҷик намоён мешавад. Агар то ин замон дар таъкид ва тасдиқи забону адабиёт ва илму фарҳанги миллӣ кӯшишҳои бисёре ба харҷ дода буд, пас минбаъд таълифоти зиёде ба сифати дастуру барномаи сохтмони ояндаи кишвари мустақил пешниҳод намуд, на танҳо чун олим, балки ба сифати як фарди иҷтимоӣ дар рӯшангарии ҷомеа, ташхисдиҳандаи маънавият ва такмилу шаклгирии худшиносии миллӣ он кор гирифт, ки ин андешаҳои эшон дар асарҳои гаронқадре амсоли «Хуросон аст ин ҷо» (1996 ба ҳуруфи арабӣ, ба кирилӣ соли 1997) ва «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ» (1999) ифода ёфтаанд.
Дар ин мавридҳо амали ӯ як кори огоҳонае буд ва худро аз ин рӯ хушбахт меҳисобад ва бо шикастанафсӣ мегӯяд, ки имрӯз «мақсадҳоям ранги иҷтимоӣ ва андак вобастагӣ ба хидмати мар¬дум» (рӯзномаи «Ҷумҳурият», 27 майи соли 2006) гирифтааст. Ам¬мо ин ки «андак» мегӯяд, аз камоли хоксорӣ аст, балки ӯ ба қавли донишманди тоҷик Фотеҳ Абдулло, дар даҳсолаҳои поёнии умр ба сифати «мутафаккири миллӣ» арзи ҳастӣ кард.
Зиёда аз он, эшон тамоми масоили илмӣ, адабӣ ва таърихиро аз ҳамин зовия нигариставу нақд кард ва таҷдиди назар намуд. Яке аз онҳо навнигоҳӣ ва аз диди тоза ба пажӯҳиш кашидани таърихи адабиёти садаи ХХ тоҷик буд. Навназарӣ, таҷдиди нигоҳ ба кулли адабиёт, бахусус адабиёте, ки дар замонҳои ҳокимияти диктотурии идеологӣ эҷод шудааст, ҳамеша зарур ва як кори табиӣ мебошад. Хосса агар замони тағйири арзишҳо ва имкон барои сиҳат кардани андешаву назар ба асли ҳаводиси адабӣ расида бошад, пас ба он пардохтан на танҳо як шарти таҳқиқоти илмист, балки вазифаи ахлоқии ҳар муҳаққиқ ҳам ҳаст. Устод Шакурӣ дар ин маврид рӯшан изҳор медорад: «Агар бо зӯроварии сиёсии даҳаҳои гузашта дар адабиёт нишонаҳои дур рафтан аз ҳақиқати ҳаёт, қатъи назар кардан аз он зоҳир шуда бошад, ин ҳам як навъи поймол шудани адолати иҷтимоист. Мо бояд ҳамеша чунин зуҳуротро як-як падид оварем, то ки аз рӯи ҳаққоният амал карда ва ҳақиқати ҳолро аён сохта бошем.
Ҳамаҷониба падид овардани ҳақиқати ҳол мақсади асосӣ аст. Сиёҳгирӣ, гунаҳ кофтан аз намояндагони алоҳидаи адабиёт, маҳкум кардани онҳо ягон лаҳза бояд мақсади асосӣ қарор нагирад…». Ва устод аз ин меъёри солим маҳдудиятҳои адабиёти тоҷикии солҳои 30-нимаи солҳои 50 асри гузаштаро одилона нишон медиҳад. Нахустин ва хубтарин мақоалҳои ӯ дар бораи навназарӣ ба адабиёти замони шӯравӣ дар маҷмуаи «Нигоҳе ба адабиёти садаи бист» (2006) гирд омадаанд. Ва дар ҳамин силсила китобҳое амсоли «Равшангари бузург» (2001, 2006), «Ҷусторҳо» – Теҳрон, 1382/2003) мақолаву тадқиқот дар бораи Сиддиқии Аҷзӣ, Садри Зиё, Абдуррауфи Фитрат ба миён омаданд. Ҳамчунин устод тазкираи арзишманди Садри Зиё «Тазкори ашъор»-ро бо такмилу тавзеҳ ва пешгуфтор бо ҳуруфи форсӣ (Теҳрон, 1380/2001) аз чоп ба¬ровард. Зимни он устод ба он сарсухане илова карда, дар бораи ақоиди зебоишинохтӣ ва назари Садри Зиё ба шеъри замони худ (охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ) ва зуҳури мафҳуме чун «шеъри нав»-и бо сабку мӯҳтавои тоза сухан ба миён меоварад. Китоби дигари эшон бо номи «Садри Бухоро» (Теҳрон, 1380/2002) дар бораи Садри Зиё ва муборизаи «ҷадиду қадим» ва шарҳи воқеии ин зиддият, ки аз дасти душманони мардуми тоҷик ба хотири тафриқа андохтани байни қавму маҳалҳои он эҷод гашта, ба ин васила мардумро зулм ва дар торикиву ғафлат нигоҳ доштан мехостанд, баҳс мекунад. Ҷиҳати муҳимму умумии ин асарҳо дар он зоҳир мешавад, ки ба баррасӣ ва мутолиаи эҷодиёти устод Айнӣ аз диди нав ва мақому манзалати бузурги вай дар ташаккули маънавии мардуми тоҷик ва бисёр масоили адабиву фарҳангӣ ва илмиву маънавии садаи ХХ ва ибтидои асри ХХ1 бахшида шуда, дар мавриди зарурӣ аз Айнӣ дифоъ ба амал овардааст. Аммо имрӯз «аломаҳое» пайдо шудаанд, ки аққалан сари як ҳикояи устод Айнӣ таҳқиқе накарда, гӯё ӯро аз ситезидани Шакурӣ ҳимоя кардан мехоҳанд. Мо бояд ба ингуна нақдҳои беморгуна роҳ надиҳем ва ҳеч набошад донем, ки мутахассиони ворид ба масъала бо сароҳат эътироф кардаанд: «Баъд аз мутолиаи китоби академик Муҳаммадҷолни Шакурии Бухороӣ – «Равшангари бузург» душвор аст, ки дар бораи ибтикороти фарҳангиву маорифпарварии устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ ва заҳматҳои ӯ дар маврида барқароркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарфи тоза гуфт» (Худойназар Асозода)…
Дар даҳсолаҳои охир вобаста ба тағйирот дар ҷомеаи Тоҷикистон ва расидан ба истиқлоли кишвар устод Шакурӣ сисилаи мақолаҳоеро дар бораи забони миллӣ, забони давлатӣ ва шароити амали дузабонӣ, забон ва ҳастии маънавии халқ таълиф намуд, ки дар маҷмӯаи «Забони мо – ҳастии мост» (1991) гирд омадаанд. Устод, бешубҳа, чун аз аввалқадамҳо, чи мустақим ва чи тавассути таълифи мақолаҳо дар дарки дурусти масъалаҳои муҳимме чун забони давлатӣ ва ба ин мақом расидани забони тоҷикӣ саҳми му-ассире гирифт. Оре, яке аз аввалинҳо. Устод худро дар ин масъала, чунонки баъзе гумон доранд, шахси аввалин ва қаҳрамон эълом накардааст. Аммо дар амалияи қазияи масъалаи муҳим ва шарҳу тафсири асосноки он саҳми муассир гирифтааст. Асли мубоҳисаҳо дар ин мавзӯъ бо мақолаи эшон таҳти унвони «Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад» (рӯз. «Литературная газета», 14 декабри 1988), оғз шуд. Зиёда аз он, эшон аз муаллифони пешнависи Қонуни забони тоҷикӣ буд. Ӯ дар тақвияти суханони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекард, ки масъалаи забон бо ҳастии халқ, худшиносии миллӣ, фарҳанги умумии маънавии он иртиботи ногусастанӣ дорад ва аз ин рӯ ба он диққату эътибори ҳамешагӣ додан зарур аст.
Устод чи дар пажуҳишҳои гузашта ва чи дар мақолоти охири худ хостааст аз умумияти забонҳои форсӣ сухан ба миён оварда, мақому ҷойгоҳи шеваи тоҷикии форсиро дар ин замина муайян карда бошад. Китоби «Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд» (2003, ба форсӣ 2005) маҳз қазияи мазкурро матраҳ менамояд. Куллан ақидаи устод Шакурӣ дар масъалаи ягонагии фарҳангӣ ва умумитяти забонии форсизабонон ба тариқи зайл аст: «Тоҷикистон як ҷузъи ҷаҳони паҳновари тоҷикон ва форсизабонон аст аст. Ҷудо аз ин ҷаҳони паҳновар ва ё бо робитаи андак наметавонад ба сарманзили мақсуд бирасад» («Ҷумҳурият», 27 майи соли 2006).
Дигар аз масъалаҳое, ки диққати Муҳаммадҷони Шакуриро аз аввали фаъолияташ мутваҷҷеҳ дошта буд, вазъи умумӣ ва беҳбудии таълими забону адабиёти тоҷикӣ дар мактаби мутавассита мебошад, ки дар замони истиқлол хеле муҳим гардид. Ӯ дар ин масъала на танҳо дастурҳои методӣ, асарҳои илмӣ-оммавӣ навиштааст, балки муаллифи чандин китобҳои дарсӣ низ мебошад. Устод ба сифати як омӯзгору донишманд нисбат ба чигунагии вазъи мактабу маориф дар замони истиқлол низ дахолати фаъолона дошт. Дар китоби «Хуросон аст ин ҷо» (1996, 1997) ва хосса дар рисолаи «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» (2002, ба хати форсӣ ва кирилӣ) эшон аз ислоҳи барномаи таълим дар макотиб ва инсонгароӣ дар омӯзишу парвариш сухан ба миён гузошта, таъкид бар он дошт, ки мактаб, пеш аз ҳама, бояд одамиятро дар кӯдакон тарбия кунад, ки ин ҳатман ба сифати омӯзиш ва ташаккули онҳо чун фарди ҷомеасоз мусоидат хоҳад кард.
Охирин китоби устод, ки пеш аз марг бӯйи ранги типографиашро шамидаву ба чашм соидааст, «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон» (2012) ном дорад. Ин китоб, ки чандин мақолаву рисолаҳои эшонро аз қабили «Фитнаи инқилоби Бухоро» (2006-2007, 2010), «Нома Ба М.С. Горбачев» (1987-1988), «Он чӣ бо табари ноинсофӣ тарош хӯрдааст» (1988-1990), Аббос Алиев (2009), «Бухоро ҳеҷ гоҳ Ватани туркон набуд» (1992), «Биё, то зи бедод шӯем даст» (1997), «Тоҷикони Фароруд дар остонаи асри умед» (1999-2000) фаро мегирад, ба дардноктарин масъала дар сарнавишти таърихии тоҷикон – марзбандиҳои беадолатонаи солҳои 1924-1929 ва инкори миллати тоҷик, ки тавассути туркгароён пас аз Инқилоби болшевикии Русия (1917) амалӣ шуд, бахшида шудааст. Асли қазия, ки устод атрофии он андешаҳояшро изҳор медорад, чунин аст, ки пас аз инқилоботи мазкур тоҷикиро, ки зиёда аз ҳазор сол забони илму адаб ва девони далатдории мардуми Осиёи Марказӣ буд, аз ин майдони фаъолият ва расмият берун карданд ва забони чи Туркистони шӯравӣ ва чи Ҷумҳурии Бухороро туркии ӯзбакӣ донистанд. Ба ҳамин сабаб буд, ки солҳои 1917-1924 ба ҷуз аз маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» (1919-1921) ҳеч нашрияие ба забони тоҷикӣ ба майдон набаромад ва ҳатто асарҳои ба форсии тоҷикӣ таълиф кардаи Садриддин Айнӣ иҷборан ба ӯзбакӣ баргардон ва нашр шуданд. Бахусус дар арафаи марзбандиҳои соли 1924, ки масъалаи ба ҳар қавми муқими Осиёи Марказӣ ҷумҳурие ихтисос додан ба миён омад, пантуркистҳо бо тамоми иқтидор ба инкори мардуми тоҷик бархостанд ва гуфтанд, ки аслан чунин миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад, онҳо ҳамон узбакҳое ҳастанд, ки дар таъсири эрониҳо форс шудаанд ва ғайраву ва ҳоказо. Ҳол он ки масъала аслан тамоман сурати баръаксро дошт ва тоҷикон аз ақвоми асосӣ, бумӣ ва фарҳангсози таъ¬рихи ин сарзамин буданд, ки ба қавмҳои дигари туркии минтақа илму адаб ва мазҳабу маънавият омӯхтаанд. Аммо замоне расида буд, ки ҳастии ин мардум ва қавми муаззами бостонӣ инкор карда мешуд ва туркпарастони инкоргар ба ин мақсади худ то андозае муяссар ҳам шуданд. Шаҳрҳои таърихии тоҷикибунёде чун Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва остонҳои ба онҳо вобаста ба Ҷумҳурии Ӯзбакистон дода шуданд ва барои тоҷикони бо ҷамъи теъдоди 3 миллиюну 400 ҳазор, ки дар Туркситони Русия ва аморати Бухоро мезистанд, бо 900 ҳазор нуфус дар як гӯшаи кӯҳистон бо марзе ба унвони Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Узбакистон, таъсис дода шуд, ки бо пойтахташ деҳаи Душанбе буд… Дарвоқеъ, магар мазҳакае аз ин музҳиктар ва фоиҷае аз ин фаҷеътар барои як миллати бузурги таърихӣ буда метавонад.
Ва устод Шакурӣ ин ҳама беадолатиҳоро дар ҳаққи мардуми тоҷик бо дарду алам ёд кардаву ҷафои таърихиро ба онҳоро бо далелу арқоми фаровони бойгонӣ, маводи матбуот ва мисолҳои зиндагӣ ба субут мерасонад ва талошҳое барои барқарории адолати таърихӣ мекунад (ба Москав номаҳо ирсол менамояд, дар матбуоти шӯравӣ мақолаҳо ба нашр мерасонад) ва бо ин китоби охирини худ далеле барои ояндагон мегузорад, ки ин хатои тарих бояд ислоҳ шавад ва бовар дорад, ки: «қарни 21 барои тоҷикон қарни умед хоҳад буд». Метавон гуфт, ки китоби мазкур дар айни замон васияти як марди воқеан миллатдӯст аст барои мо ворисони ӯ ва наслҳои оянда…
Инак, аз ҳамин як гузориши мухтасар пайдост, ки Муҳам-мадҷони Шакурии Бухороӣ дарвоқеъ яке аз бузургони илму фарҳанги нави тоҷикӣ, марди хирад, инсони шарифу асил буд, ки кору зиндагиаш ибратомӯз аст. Устод Шакурӣ боиси ифтихори миллати тоҷик ва шоистаи эҳтирому ва намунаи ибрат барои мо, ҳамзамонону ояндагон аст. Бузургдошту қадршиносии эшон аз қарзҳои инсонии мост!