Меню

Координация научных исследований по таджикской филологии

Каталог кандидатских и докторских диссертаций по языку и литературе

Список исследователей по языку и литературе

Архив диссертаций

Шурои дифои КАО-и ҶТ

Диссертатсияҳои ҳимояшаванда

Шуроҳои дифо:

6D020501-Адабиёти тоҷик

6D020502 - Забони тоҷикӣ

6D021402- Фолклор

Бойгонии рисолаҳо

Шурои дифои КАО –и ФР

Диссертатсияҳои ҳимояшаванда

Рӯйхати аъзои шӯрои диссертатсиони

Бойгонии рисолаҳо

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА КИТОБХОНАИ ИНСТИТУТ

   Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуpyғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

    Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони кадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷойи сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.

   Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт баъд ба пӯст ва ниҳоят ба коғаз гузашт. Китоби «Авесто» низ аввал дар пӯсти гов навишта шудааст. Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯйи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои муътабари ҷаҳонианд.

   Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле муъҷаз ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.

   Халқи тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. То омадани Ислом ва истилои арабҳо низ аҷдодони мо анъанаи хуби китобнависӣ доштанд. Аз он давра ёдгориҳои хаттие, мисли «Авесто», «Дарахти ассурик» боқӣ мондааст.

   Махсусан Сомониён барои рушду камолоти сухан заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ ба рӯйи ҳамаи ниёзмандон боз acт.

   Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маьнавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст.

   Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

 

   Китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ 16, 700 нусха китобҳои тоҷикӣ ва русиро дорост. Аз ин шумора 3340 адад китобҳои форсӣ ва 232 адад китобҳои англисӣ мебошанд.

Дар китобхонаи ИЗА аз рӯйи алифбо 309 адад диссертатсия ва автореферат мавҷуд аст, ки дар қуттиҳои алоҳида ҷобаҷогузорӣ  карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки аксари китобҳои зикргардида китобҳои ихтисосианд ва марбут ба илми забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик мебошанд.

Дар китобхона чунин номгӯйи маҷаллаҳо мавҷуд аст:

1. Иностранная литература;

2. Дружба народов;

3. Звезда вастока;

4. Литература-учёба;

5. Садои Шарқ;

6. Известия (Ахбороти Академия);

7. Народы Азии и Африки.

КИТОБХОНАИ АНҶУМАНИ РӮДАКӢ