Menu
24 феврал соати 14-00 дар толори Шурои олимони Институт нишасти навбатии маҳфили илмӣ - назарии "Сухансанҷӣ" баргузор гардид. Роҳбари маҳфил доктори илми филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода маҳфилро ифтитоҳ намуда, ҳадафҳо ва мақсади доир намудани чунин ҷаласаи илмиро баён намуд. Сипас доктори илми филология Сӯфизода Шодимуҳаммад дар мавзуи "Равишҳои таҳқиқи нақду адабиётшиносӣ ва роҳҳои татбиқи он" суханронӣ намуд. Дар баҳсу музокира олимон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз Институт иштирок намуданд. Суханронии академик Носирҷон Салимӣ, профессор Баҳриддин Мақсудзода, доктори илми филология Аскар Ҳаким барои олимону муҳаққиқони ҷавон омӯзанда ва муассир буд. Дар охир директори Институт профессор Фарангис Шарифзода аз аҳамияти чунин маҳфилу семинарҳои илмии назарӣ барои муҳаққиқони ҷавон ва пажӯҳишгарони оянда ёдовар ва баргузории ҳармоҳаи онро дар Институт таъкид намуд.