Menu
Раҷаб Амонов – фолклоршинос, нависанда, адабиётшинос, академики АИ ҶТ, яке аз бунёдгузорони илми фолклоршиносии тоҷик мебошад, ки давраи баччагӣ ва мактабии ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Уротеппа (Истаравшан) гузашта, соли 1938 Омӯзишгоҳи омӯзгории он ҷоро хатм мекунад. Пас аз хатми омӯзишгоҳи мазкур як сол ба омӯзгорӣ машғул шуда, дар яке аз мактабҳои шаҳр аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Соли 1939 ӯ ба факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе дохил мегардад. Иштироккунандаи ҶБВ мебошад. Соли 1947 таҳсилро ба анҷом расонида, ба аспирантураи Институти забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон дохил мегардад. Пас аз хатми аспирантура с. 1951 дар ҳамин Пажуҳишгоҳ ба кор қабул мешавад. Соли 1953 ӯ дар мавзуи «Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб» рисолаи номзадӣ навишта, дар Донишгоҳи давлатии Ленинград онро дифоъ менамояд.
Соли 1958 дар ИЗА бо ташаббуси Раҷаб Амонов шуъбаи фолклор таъсис ёфт ва ӯро мудири ин шуъба таъйин карданд. Баъд аз таъсиси чунин маркази илмӣ фолклоршиносии ҳирфаӣ дар Тоҷикистон рушду равнақ ёфтааст, ки дар пешрафти он саҳми Раҷаб Амонов хеле назаррас мебошад. Бо сарварии ӯ таҳқиқоти зиёди майдонӣ, гирдоварии матнҳои фолклорӣ ва пажуҳишҳои ҷиддие дар ин соҳа арзи вуҷуд кардаанд. Худи Раҷаб Амонов дар сафарҳои илмиаш аз шаҳру деҳоти ноҳияҳои Кӯлоб, Сарихосор, Регар, Панҷакент, Ашт ва ғ. маводи зиёди фолклорӣ гирдоварӣ кардааст.
Бо саъю кӯшиш ва иштироки бевоситаи Раҷаб Амонов ва роҳнамоии фолклоршиноси рус И.Ҳ. Левин маҷмуаи бисёрҷилдаи илмии «Куллиёти фолклори тоҷик» тартиб дода шудааст, ки то ба имрӯз аз онҳо 4 ҷилд ва 5 лоиҳа (проект) ба табъ расидаанд.
Соли 1968 Раҷаб Амонов дар мавзуи «Лирикаи халқии тоҷикӣ» рисолаи докторӣ таълиф карда, дар УДТ онро дифоъ намудааст. Пас аз ин, барои хидматҳои шоистааш дар соҳаи илму маориф ба ӯ унвони профессорӣ (1969) дода мешавад. Соли 1976 Раҷаб Амонов узви вобаста ва соли 1981 академики АИ ҶТ интихоб шудааст.
Асарҳои илмии муҳимтарини академик Раҷаб Амонов инҳоанд: «Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб» (1963), «Лирикаи халқии тоҷикӣ» (1968), «Эҷодиёти бадеӣ, халқ ва замон» (1970), «Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик» (китоби дарсӣ, 1980, бо ҳамқаламии В. Асрорӣ), «Адабиёт ва баччагон» (1981), «Адабиёти баччагона» (1982, қисми 1-уми ҷ. 6 аз «Таърихи адабиёти советии тоҷик»), «Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати бадеӣ» (1984), «Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ» (1987). Соли 2002 интишороти «Суруш»-и ҶИ Эрон китоби охирро бо унвони «Рубоиёти мардумӣ ва рамзҳои бадеӣ» ба хатти форсӣ дубора ба табъ расонид.
Асарҳои илмии Раҷаб Амонов ба забонҳои русӣ ва хориҷӣ тарҷума шудаанд. Ӯ дар конфронсу симпозиумҳои зиёди илмӣ, ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо суханрониҳо иштирок кардааст. Аз ҷумла, дар Симпозиуми 1-уми байналмилалии назми форсизабонон (Душанбе, 1967) бо маърузаи «Тасвири табиат дар назми лафзӣ ва хаттӣ», дар Конференсияи байналмилалии ЮНЕСКО доир ба тараққиёти ҳаёти иҷтимоию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо маърузаи «Дар бораи принсипҳои нашри илмии эҷодиёти шифоҳии мардум» (1972); дар Конгресси 6-уми байналмилалии Созмони пажуҳишҳои насри шифоҳӣ (Congress of the International Society for Folk Narrative Research, 1974) дар ш. Ҳелсинкии Финланд бо маърузаи «Назм дар афсона» гузориш додааст. Дар Конференсияи устодони эроншинос, забон ва адабиёти форсии кишварҳои муштаракулманофеъ ва Қафқоз дар ҶИ Эрон (1994) ширкат варзида, дар мавзуи «Уфуқҳои ҳамкории олимони тоҷик ва Эрон дар фолклоршиносӣ» маъруза кардааст.
А.Р. дар баробари муҳаққиқи фолклор будан, яке аз нависандагони маъруф низ буд, ки китобҳои зерин маҳсули эҷоди бадеии ӯ мебошанд: «Аз паи ҳикмати халқ» (1963), «Дар домани кӯҳҳои кабуд» (1964, ба забони русӣ), «Афсонаи сеҳазорсола» (1973), «Навбаҳори Чашмасор» (1976), «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1981), «Шарораи меҳр» (1983), «Дар нимароҳи умр» (1988), «Қиссаҳои сари кӯҳи баланд» (1990), «Пушаймонӣ» (1996), «Ишқи найнавоз» (1994), «Нимкосаҳои таги коса» (1994), «Арӯс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (Душанбе 1994; Теҳрон 1999), «Қиссаҳои диёри Чашмасор» (1995). Дар ин китобҳо қиссаву ҳикояҳо, ёддошту хотираҳо ва очеркҳои илмӣ-оммавии нависанда ба табъ расидаанд. Чанде аз қиссаву ҳикояҳои Раҷаб Амонов ба забони русӣ низ чоп шуда, дастраси хонандагони гуногунмиллати шӯравӣ гардидаанд.
Раҷаб Амонов беш аз 600 мақолаву асари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар масъалаҳои мухталифи филологияи тоҷик ва санъату ҳунар таълиф намудааст. Ӯ дар пешрафт ва рушди мактабу маорифи ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст. Ба қалами Раҷаб Амонов якчанд дастуру китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагонии ҷумҳурӣ тааллуқ доранд. Ӯ ҳамроҳи проф. В.Асрорӣ с. 1980 китоби таълимии «Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик»-ро навиштааст. Ин китоб соли 1986 ба хатти форсӣ баргардон шуда, дар Кобул ба табъ расидааст.
Раҷаб Амонов аз соли 1959 узви Иттиҳодияи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ордени «Дӯстӣ» мебошад.