18 Sep 2022

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ҚИСМИ ЁДГОРИИ ОСОРХОНАИ АДАБӢ-ЁДГОРИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Устод Мирзо Турсунзода аз соли 1949 то соли 1969 дар ҳамин ҳавлӣ ҳамроҳи оилааш зиндагӣ кардааст. Ин қисмат аз Айвон, Меҳмонхона, Утоқи корӣ, Хонаи хоб, Хонаи туҳфаҳо ва Бойгонӣ иборат мебошад. Хона дорои чор дар буда, ҳар яки он дар мавридҳои лозимӣ истифода мешудааст. Даре, ки мо рӯ ба рӯйи он истодаем, фақат дар рӯзҳои ҷашну маъракаҳо, ҳангоми қабулу гусели меҳмонон кушода мешудааст. Аз ин дар ба Айвон медароед, дар кунҷи айвон Оинаи нилгун ба сифати нигораи нодири дигар нигаҳдорӣ мешавад. Он Рубен ном дошта, соли 1959 харидорӣ шуда, дар истифодаи аҳли оилааш будааст. М. Турсунзода баъди кори эҷодӣ барои дамгирӣ ба ин ҷо омада, паси мизи гирд менишаст. Ҳамчунин устод дар ин ҷо рӯзнома ва маҷаллаҳоро ҳар рӯз мутолаа менамуд. Дар ҳамсоягии эшон олимону шоирон ба монанди А. Деҳотӣ, Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода, З. Шаҳидӣ зиндагӣ мекарданд, ки ба хабаргириаш меомаданд, суҳбат мекарданд ва дар вақти холигиашон шоҳмотбозӣ менамуданд. Шоҳмот аз мухлисон ва ҳаводорони назми М. Турсунзода аз мардуми Қирғизистон ҳадя ва рӯйи миз гузошта шудааст. Аз рӯйи баъзе маълумотҳои шоҳидон М. Турсунзода ин шоҳмотро ҳатто дар сафарҳояш бо худ мебурдааст. Ва дар тайёра низ шоҳмотбозӣ мекардааст. Мизи гирди шоҳмот аз чӯби булути сурх сохта шудааст. То имрӯз ин миз сифати худро аз даст надодааст. Дар кунҷи дигари айвон нигораи нодиртарин ва гаронарзиши Осорхона – Пианино мебошад, ки аз тарафи академик Б. Ғафуров ба муносибати 7-солагии зодрӯзи Фирӯза Турсунзода туҳфа шудааст. Он Пианинои антиқавии Олмонии Шварс булг аст. Баъд аз Айвон ба Меҳмонхонаи шоир мегузаред. Он шоҳиди рӯзҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти устод гардидааст. Дар ҳамин хона саҳнаҳои мубораки 40 ва 50- солагии устод, ба дунё омадани писари дуюми шоир дар соли 1953 ва набераи аввалини ӯ соли 1961 ҷашн гирифта шудаанд. Соли 1958 бо қарори ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ҷашни 1100- солагии сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қайд карда шудааст. Дар ин ҷашн аз тамоми гушаву канори дунё ҳаводорони назми Рӯдакӣ ҷамъ омаданд. Дар байни онҳо шахсони муътабар монанди Файз Аҳмади Файз, Парвиз Нотили Хонларӣ, Мулк Раҷ Ананд, Иржи Бечка, Анатолий Сафронов, Николай Тихонов, Расул Ғамзатов, И. Иброҳимов, Ғ. Ғулом, Зулфия ва дигарон буданд. Бисёре аз онҳо дар гирди мизи меҳмонхонааш ҷамъ шуда буданд. Ин зарфҳое, ки дар рӯйи мизи меҳмонхона гузошта шудааст «Маддона» ном дошта аз тарафи худи М. Турсунзода бо ҳамроҳии ҳамсараш аз Ҷопон харидорӣ мешавад. Миз барои 24 нафар пешбинӣ шудааст. Ва барои тамошо қисме аз зарфҳо дар болои миз гузошта шуда, қисми дигарашон дар дохили ҷевон аст. Ин зарфҳо бори аввал дар соли 1958 аз тарафи оилаи шоир истифода шудааст. Аз Меҳмонхона ба самти чап Утоқи кории устод аст. Ва он чунин номгузорӣ шудааст. Дар ҳамин хона дар зарфи 20 сол устод асарҳои ба олам машҳуру мондагори худ «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», «Ҷони ширин», «Мавҷи табрикҳо», силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод» қисми силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-ро эҷод намудааст. Устод ҳамон ҳолату вазъияти кори эҷодияшро дар утоқаш чунин ба қалам додааст:

...Агарчи хона ором аст дар шаб,

Ба шоир ҷои илҳом аст дар шаб...

Дар ана ҳамон миз суханрониҳои оташбори шоир барои конгресҳои сулҳ, дар мубориза ба муқобили ҷангҷӯён навишта шудааст. Китобҳое, ки дар хонаи корӣ мавҷуд аст, моли шахсии шоир аст. Шумораи он аз чор ҳазор зиёд буда, онҳоро дар тӯли умр ҷамъ овардааст. Он ҷо китобҳое мавҷуданд, ки ба устод М. Турсунзода аз тарафи устодон ва дӯстон қисми дигараш бо дастхатҳояшон тақдим шудаанд. Аз ҷумла китобҳои С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Н. Тихонов, В. Озеров, М. Иброҳимов, Лоиқу Гулрухсор ва дигаронро дидан мумкин аст. Аз самти чап Хонаи хоби устод мавҷуд аст. Бояд гуфт, ки вақти зиндагии устод ин ҷо хонаи бачаҳояш будааст. Ҳамаи ин туҳфаҳо ба устод М. Турсунзода аз тарафи дӯстони хориҷӣ ва ватанияшон тақдим шудааст. Аз ҷумла, туҳфаҳо аз Ҳиндустон, Хитой, Эрон, Ветнам, Ҷопон, Малдова, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ин ҷо аксҳои устодро дар ҳалқаи оилааш дида метавонед. Шоир парвариши гулу дарахтонро дӯст медоштааст. Зебоии ҳавлӣ гулу дарахтон, току буттаҳо маҳсули дастони устод будаанд. Аз сафарҳояш барои ҳавлии худ ниҳоле ва ё тухми растание меоварданд. Бесабаб Расул Ғамзатов боғи устодро «Боғи дӯстӣ» ном набурдааст. Устод то дамидани субҳ дар сари мизи корӣ эҷод мекарданд ва тулӯи офтобро дар рӯйи ҳавлӣ пешвоз мегирифтанд. Дар шипанги рӯйи ҳавлӣ ҳар субҳ ба мутолиаи маҷалла ва рӯзномаҳо машғул мешудаанд.

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ҚИСМИ АДАБИИ ОСОРХОНАИ АДАБӢ-ЁДГОРИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Қисми адабии осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода дар бораи ҳаёт, эҷодиёт ва фаъолияти ҷамъиятии устод Турсунзода чун фарди арсаи адабу сиёсат то вопасин лаҳзаҳои умр нақл мекунад. Бино дорои панҷ толор аст. Ин қисмат аз дарахти чормағз, аввалин дарахте, ки устод дар ҳавлиашон шинондаанд, шуруъ мешавад. Толори аввалини қисми адабӣ дар бораи сарчашмаҳои илҳоми шоир ҳикоят мекунад. Ин пеш аз ҳама, адабиёти классикии тоҷик, ки дар асоси он устод назми тоҷикро боз ҳам тараққӣ додаанд ва адабиёти даҳанакии халқ, ки ба назми ӯ руҳи халқӣ бахшидааст мебошад. Дар ҷевонҳо намунаҳои ин осор намоиш дода шудааст. Ҳамин тавр эҷодиёти М. Турсунзода аз соли 1931 оғоз мешавад.

Толори дуюум дар бораи қадамҳои аввалини устод М. Турсунзода ба адабиёт нақл мекунад. Дар ин гӯша, маҷмуаи соли 1933 ба чопрасидаи шоири ҷавон «Байроқи Зафар», аксҳо ва шакли чопии песаи аввалини ӯ «Ҳукм» - соли 1934, сюжети либреттои «Шуриши Восеъ» ва кинофилми «Ҳасани аробакаш» ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар Толори сеюм мавод ва экспонадҳое фароҳам оварда шудаанд, ки солҳои 1960-1970-ро дар бар мегирад. Ҳачунин фаъолияти устод Турсунзодаро дар вазифаи раиси Комитети якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо ва раиси Комитети республикавии мудофиавии сулҳ дар чор қитъаи олам иникос месозад.

Мусалам аст, ки барои пойдорӣ ва бақои сулҳу салоҳ, хомӯш намудани оташи ҷанг, барқарор кардани дӯстӣ ва бародарӣ байни якдигар устод Турсунзода онро дар шеъру достонҳояшон иникос менамуд.

Мирзо Турсунзода беш аз 30 давлати рӯйи ҷаҳонро сафар намудааст. Дар рӯнамоии китоби шеърҳо ва достонҳое, ки устод дар соли 1960 барои навиштани «Садои Осиё», «Ҳасани аробакаш» ва соли 1963 барои «Ҷони ширин» сазовори мукофоти Ленинӣ ва Рудакӣ гардидааст, инъикос мешавад. Ҳамчунин дар ин китобрӯнамо китобҳои устод, ки бо забонҳои мухталиф тарҷума шудааст низ мавҷуд аст.

Толори чорум сафарҳои шоирро ба кишвари Ҳиндустони афсонавӣ ба воситаи туҳфаҳо ва аксҳо ошно менамояд. Шоир дар бораи ин кишвар силсилаи шеърҳо низ таълиф кардааст. Дар Ҳиндустон осори М. Турсунзодаро ба хушӣ мепазиранд ва дар колеҷҳо низ меомӯзанд. Ҳамин муҳаббату самимият ва изҳори сипос буд, ки дар соли 1967 ҷоизаи байналхалқӣ бо номи «Неҳру» ба устод тақдим мешавад.

Толори панҷум маводҳоеро, ки ба муносибати 80 ва 100 солагии зодрӯзи шоир ба чоп расидаанд фаро мегирад. Расмҳои рӯзи видои шоир, шеърҳо ва суханҳо дар бораи устод навиштаи адибону олимони ватаниву хориҷӣ овезон аст. Аз ин ҷо наметавон гуфтаи адиби рус Н.Тихоновро, ки ба муносибати 60-солагии устод Турсунзода навитаааст, сарфи назар кард: «Шарқ суханварони зиёде дорад аз онҳо боло сурудан душвор аст, аммо М. Турсунзода аз онҳо баланд сурудааст». Аз тарафи чапи ҳайкал мукофотҳои устод дида мешавад. М. Турсунзода дар соли 1951 академики АФ Ҷумҳурӣ ва 7-уми май соли 2001 Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардидааст, ба чашм мерасад. Китобҳои тарҷумашудаи Мирзо Турсунзода бо 50 забони дунё ва аксҳои гуногун дида мешавад.

Мирзо Турсунзода бо ин ҳама корҳои бузурге, ки анҷом дод аз худ қаноатманд набуда, ба назари аксар донишмандон байти зерро барои ин гуфтааст:

Гар накардам пурра қарзамро адо,

Авф кун, маъзур дорам асри ман.