10 Nov 2021

  Бо чунин унвон имрӯз (10.11.2021) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, Конференсияи илмӣ-амалӣ, ба хотираи мутарҷими осори Абӯалӣ ибни Сино, шарқшиноси маъруф, ходими пешбари илмии ММХ НР АМИТ, устоди равоншод, марҳум Сайиднуриддин Шаҳобуддинов баргузор карда шуд.

         Дар конфронс муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, муовини президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, саркотиби илмии АМИТ, профессор Қ.Искандаров ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд. Давлат Сафар дар суханронии худ зикр доштанд, ки таҳия ва ба нашр расидани чунин китобҳои илман ва ҳаҷман бузург ба мисли “Қонуни тиб”, “Захираи Хоразмшоҳӣ” ва ғ. дар замони Истиқлол, зери сиёсати илмпарваронаву фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз бештару беҳтар шуда истодааст, ки ин албатта ба пешрафту тараққиёти тафаккури илмиву фарҳангии халқи мо саҳмгузор хоҳад буд. 

       Дар қисмати асосии конфронс маърӯзаҳои илмии н.и.т., директори Маркази мероси хаттӣ Давлатов Р. дар мавзӯи “Зиндагӣ, осор ва назари С.Шаҳобуддинов ба “Ал-қонун”-и Абӯалӣ ибни Сино ва тарҷумаи он”, н.и.т., директори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Н. Амиршоҳӣ дар мавзӯи “Саҳми С. Шаҳобуддинов дар таҳия ва нашри осори илмӣ”, н.и.ф., ходими пешбари илмии ММХ Шарифов М. дар мавзӯи “Нусхаҳои мукаммали қаламии “Ал-қонун” дар Маркази мероси хаттӣ”, д.и.т. профессор Нуралиев Ю. Дар мавзӯи “Ҷойгоҳи “Ал-қонун” дар таърихи илми тиб ва масъалаҳои тарҷумаи он” шунида ва мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

         Дар қисмати охир музокираву хотираи ҳамкорон, ёру дӯстони марҳум С.Шаҳобуддинов сурат гирифт. Аз ҷумла хотираҳои пурмазмуни доктори илми фалсафа Комил Бекзода, доктори илми филология Сайидраҳмон Сулаймонӣ, доктори илми таърих Аскаралӣ Раҷабов оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти С.Шаҳобуддинов шунида шуд.

         Аз ҷониби иштирокдорон пешниҳод шуд, ки марҳум С.Шаҳобуддинов бинобар хизматҳои софдилонаву беғаразона дар соҳаи тарҷумонӣ, хусусан тарҷума ва нашри осори Абӯалӣ ибни Сино ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешбарӣ карда шавад.

  • Address: No.734025, проспект Рудаки, 21, ш. Душанбе
  • Phone: + 992 (37) 227-29-07
  • Phone: + 992 (37) 221-70-30
  • Fax: + 1 (234) 567 8901
  • Email: rudaki@gmail.Com