Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ барои рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисони варзида ба кумаку дастгирии марказҳои бузурги илмии шаҳрҳои марказии Иттиҳоди Шуравии собиқ ниёз ва эҳтиёҷ дошт. Дар он замон барои омӯзишу парвариши олимони ҷавон дар бахшҳои гуногуни илм, ба вижа ховаршиносӣ, ба марказҳои академӣ ва донишгоҳии Москва ва Ленинград теъдоде аз ҷавонон фиристода мешуданд. Аз байни ин кадрҳои ҷавон минбаъд чандин нафар донишмандону устодон ба камол расиданд, ки дар байни онҳо дар илми забоншиносӣ доктори илми филология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон Додихудо Саймиддинов мақоми арзандаву шоиста дорад.
Додихудо Саймиддинов 24 июни соли 1949 дар деҳаи зебоманзари Яхчи ҷамоати Яхак-Юсти ноҳияи Комсомолобод (Нурободи кунунӣ) дар хонаводаи равшанфикр ба дунё омадааст. Ӯ баъд аз хатми омӯзишгоҳи педагогии Навободи ноҳияи Ғарм соли 1968 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Пас аз хатми он бо роҳхат ба Институти забон ва адабиёти бо номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадааст. Соли 1982 ӯ рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «Ташреҳи лингвистии матнҳои форсии миёна» (аз ихтисоси забонҳои эронӣ) таҳти роҳбарии профессор Л.Г.Гертсенберг дар Институти забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (шаҳри Москва) дифоъ кардааст Аз соли 1982 то охири соли 1985 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор карда ва пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, роҳбари гурӯҳи таърихи забон, ходими пешбари илм, мудири шуъбаи таърихи забон ва забони адабӣ, муовини директори Институт дар бахши илм ва аз соли 2000 то 2005 дар вазифаи директори ҳамин Институт кор кардааст. Соли 1999 рисолаи доктории хешро таҳти унвони «Вожашиносии забони форсии миёна» дифоъ кардааст. Бо ибтикори профессор Д.Саймиддинов соли 1991 нахустин Конференсияи илмии «Шинохти Авесто» ва соли 2001 нахустин Симпозиуми байналмилалии ҷомеаи форсизабонон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он донишмандон ва мутахассон аз 10 кишвар ширкат намуданд.
Д.Саймиддинов соли 2005 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм (солҳои 2005-2010) интихоб гардид. Дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вай ба ҳайси раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб гардидааст. Ҳамзамон бо ин номбурда узви Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба илм, маориф ва узви Гурӯҳи дӯстӣ (роҳбари гурӯҳ) ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии Халқии Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея буд.
Мавсуф дар давраи фаъолият дар Парламенти кишвар дар такмил ва таҳияи қонунгузорӣ, ҳамчунин пешниҳоди лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо саҳми фаъол гузоштааст. Ӯ дар танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот дар лоиҳаи қонунҳо ва пешниҳоди истилоҳоти аз нигоҳи илмӣ муносиб пайгирона фаъолият намудааст.
Д.Саймиддинов аз моҳи ноябри соли 2009 то моҳи декабри соли 2013 дар вазифаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» дараҷаи II мукофотонида шудааст. Ҳамчунин ӯ бо «Нишони ифтихорӣ»-и Кумитаи созмони ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ (28.10.1985), бо медалҳои Афғонистон (дар асоси фармони Президенти он кишвар, соли 1988), Сипосномаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, медали ҷашнии хориҷ шудани неруҳои Шӯравӣ аз Афғонистон ва ғайра қадр шудааст.
Д.Саймиддинов дар тӯли фаъолияти хеш дар Маҷлиси намояндагон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хидмати босазо намуда, дар масоили имло ва мушкилоти дигари вобаста ба забони тоҷикӣ, ҳамчунин татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон фаъолияти назаррас анҷом додааст. Дар иртибот ба ин мавсуф дар бахши танзими масоили ҷудогонаи истилоҳоти забони тоҷикӣ, ислоҳи бархе аз иштибоҳоту мушкилоти забон пажӯҳишҳои ҷудогона анҷом дода, ки ин ҳама дар матбуот ба табъ расидааст. Махсусан, ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагон, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», танзим ва қабули «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» Д. Саймиддинов хеле босамар фаъолият намуда, аз худ маҳорати беҳтарини роҳбарӣ ва созмондиҳиро нишон додааст.
Фаъолияти Д. Саймиддиновро ҳангоми таҳияи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» метавон бахусус зикр кард. Ӯ ташаббусу супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро оид ба таҳияи имлои забони тоҷикӣ дар асоси меъёрҳои таърихӣ дастури фаъолияти хеш қарор дода, тавонист, ки бо истифода аз донишу ҷаҳонбинии васеи таърихӣ ва мадраку далелҳои давраҳои таърихии забон лоиҳаи имлои забонро бо ширкати фаъоли забоншиносони кишвар таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ин «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди истифода қарор гирифт.
Д.Саймиддинов дар тӯли фаъолияти кори хеш ба чандин кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Россия, Полша, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Шветсия, Франсия, Белгия, Голландия, Америка, Олмон, Арманистон, Молдова сафарҳои илмӣ ва хидматӣ анҷом додааст, ки ин ҳама ба фаъолияти баъдии ӯ таъсири амиқ гузоштааст.
Самти асосии фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии Д. Саймиддинов ба омӯзиши забони форсии миёна, луғоту истилоҳоти осори паҳлавию монавӣ, тарҷумаҳои паҳлавии Авесто, забони форсии бостон, хат ва алифбои авестоӣ ва паҳлавӣ, лаҳҷашиносии таърихии забони форсӣ-тоҷикӣ, масоили грамматика, савтиёт, истилоҳоти забони тоҷикӣ ва дигар масоили мубрами забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Натиҷаҳои пажӯҳишҳои илмии Д. Саймиддинов дар мақолаҳо ва рисолаҳои илмии вай, ки дар Тоҷикистон ва хориҷа, аз ҷумла Россия, Афғонистон, Эрон, Франсия, Америка ва Шветсия ба табъ расидаанд, дарҷ шудаанд. Д. Саймиддинов дар таҳрир ва нашри «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (дар ду нашр) саҳми арзанда дорад.
Д.Саймиддинов барои ду таҳқиқоташ таҳти номи «Фарҳангномаҳои форсии миёна» ва «Истилоҳоти идории замони Сосониён» ба ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ-форсӣ сазовор гардидааст. Китоби дигари профессор Д. Саймиддинов «Вожашиносии забони форсии миёна» дар радифи таҳқиқоти эроншиносии хориҷӣ дар Эрон Китоби сол эълон гардида, сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Мавсуф соли 2013 барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Манучеҳри Фарҳангӣ», ки барои пажӯҳишҳои илмӣ дар бахши эроншиносӣ ва омӯзиши забонҳои бостон дода мешавад, сазовор гардид.
Таҳти роҳбарии профессор Д. Саймиддинов беш аз 20 нафар муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
Профессор Д.Саймиддинов дар муддати фаъолияти босамари илмии худ беш аз 100 мақолаи илмӣ ва 8 рисола таълиф намудааст: Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ. Душанбе, 1992 (71 с.), Фарҳангномаҳои форсии миёна. Душанбе, 1994 (87с.), Истилоҳоти идории замони Сосониён. Душанбе, 1995 (84с.), Вожашиносии забони форсии миёна. Душанбе, 2001(310 с.), Адабиёти паҳлавӣ. Душанбе, 2003 (233 с.), Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ. Душанбе, 2008 (142 с.), Форсии бостон. Душанбе, 2007, нашри дувум соли 2008 (195 с.), Пажӯҳишҳои забоншиносӣ. Душанбе, 2013 (205с.). Китоби охир дар баргардони форсӣ дар Эрон нашр шуд.
Аз байни асарҳои устод Д. Саймиддинов китоби «Вожашиносии забони форсии миёна» (2001 яке аз асарҳои бунёдии илмии ӯ мебошад, ки он аз шаш бахш, хулоса, феҳристи манобеи илмӣ ва феҳристи ихтисорот иборат аст. Ҳар бахш бинобар таснифи масоили маводи мавриди таҳқиқ дар чандин банду бастҳои дигар гурӯҳбандӣ шудааст. Масоил ва мушаххасоти ҳар бахш дар муқаддимаи китоб мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Бахши аввал – «Осори форсии миёна» ба таҳқиқи ҳама гуна ёдгориҳои хаттии ин забон марбут аст. Дар ин бахш чунин анвои навиштаҳои забони форсии миёна арзёбӣ мешавад: катибаҳои аҳди cосонӣ, катибаҳои санги мазор ва дахмаҳову оромгоҳҳо, набиштаҳои рӯи сиккаҳо, муҳрҳо, сафолнавиштаҳо, навиштаҳои рӯи фулузот, пӯстнавиштаҳо ва папирусҳои паҳлавӣ, осори паҳлавии китобӣ ва осори монавӣ. Яке аз умдатарин бахшҳои осори форсии миёна адабиёти паҳлавӣ буда, ин осор дар расмулхати паҳлавӣ аз замони Сосониён ва пас аз шоҳаншоҳии ин хонадон тайи чандин қарн аз тариқи суннати хаттӣ дар Эрон ва баъдан дар Ҳинд идома пайдо кардааст. Баррасии осори паҳлавӣ бо дар назардошти матолиб ва мавзӯи рисолаҳову матнҳо дар чунин бахшҳо сурат мегирад: осори паҳлавии зардуштӣ, адабиёти ғайридинӣ, аз ҷумла осори таърихиву адабӣ ва ҳамосӣ, рисолаҳои ҷуғрофӣ, рисолаҳои ҳуқуқӣ, андарзномаҳои паҳлавӣ, фарҳангномаҳо ва тарҷумаҳои паҳлавии Авесто. Осори мазкур ҳамчун манбаи асосии луғоту истилоҳот аз ин нигоҳ таҳқиқ мегардад: нусхаҳои дастнависҳо бо нишонаи ихтисории онҳо ва зикри китобхонаҳову коллексияҳои шахсӣ, мазмуни мухтасар ва муҳтавои рисолаҳову матнҳо, таърихи омӯзиш, овонавишт ва тарҷумаву нашри онҳо якҷо бо ташреҳи луғоту истилоҳот ва мушаххасоти дигари матнҳо ва ё пораҳои ҷудогонаи ҳар кадом аз ин осор. Аз ин роҳ мушаххасоти матнҳову рисолаҳо ва мақоми онҳо дар адабиёти паҳлавӣ ошкор мегардад. Дар мавридҳои ҷудогона аз вижагиҳои забонии осор дар истифодаи луғоту истилоҳот низ ёд мешавад. Ҳангоми тафсилоти дастнависҳо дар мавриди нусхаҳои қадим ва рӯнависи баъдии онҳо ва сарнавишти ин осор маълумот гирдоварӣ шудааст. Иттилооти тоза дар бораи чанде аз дастнависҳои паҳлавии маҳфуз дар китобхонаҳои Ҳинд ва коллексияҳои шахсии порсҳо ҳангоми сафари устод Д. Саймиддинов ба Ҳинд ба таври бевосита ба даст омадааст, ки он маълумоти чанде аз манобеи ним аср қабл ба табъ расидаро дар мавриди сарнавишти бархе аз дастнависҳо ислоҳ менамояд.
Ҳангоми таҳқиқи фарҳангномаҳо якҷо бо масоили луғоту истилоҳот усули суннатии ташреҳи масоили грамматика дар ин осор бори нахуст ошкор ва натиҷагирӣ шудааст. Дар ин фарҳангномаҳо ҷуз ташреҳи вожаҳо ба хусусиёти сарфии забон низ таваҷҷуҳ гардидааст. Дар ин бахш тафсилоти ҳамаҷониба дар мавриди сохтор ва чигунагии маводи луғавии фарҳангномаҳо оварда мешавад.
Бахши дувум – «Гурӯҳҳои асосии луғавӣ дар забони форсии миёна» ба пажӯҳиши вожаҳои бунёдӣ аз эронии бостон дар дигар забонҳои эронии миёна, аз ҷумла форсии миёна бахшида шудааст. Ин бахши луғат дар гурӯҳи исмҳои мушаххасу маънӣ ва сифатҳо дар муқоиса бо шаклҳои эронии бостон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Таснифоти гурӯҳҳои луғавӣ ба қарори зайл аст: номи узвҳои бадан, номҳои хешовандӣ, вожаҳои марбут ба хона ва афзори рӯзгор, номҳои пӯшок ва пойафзол, номи анвои хӯрокҳо, номи ҷонварон, номи дарахтону гиёҳон, номи падидаҳои табиат, луғати мансуб ба замон, гурӯҳҳои ҷудогонаи исмҳои маънӣ, гурӯҳҳои луғавии сифатҳо. Дар ин бахш масоили гуногуни ҳар кадоме аз ин гурӯҳи вожаҳо ва ташаккули онҳо дар забони форсии миёна дар муқоиса бо осори эронии бостон, бавижа забони авестоӣ арзёбӣ гардидааст. Якҷо бо таҳлили маъно дар ҳар банд аз муодилҳои дигари вожаҳо низ ёд мешавад. Дар номи узвҳои бадан шеваи корбурди вожаҳои аҳуроӣ ва аҳриманӣ бо таъсири матни Авесто дар осори динии паҳлавӣ махсус мавриди таҳқиқ қарор мегирад. Тафсилот дар мавриди номҳои ҷонварон ва дарахту гиёҳон аз бахшҳои китоби «Бундаҳишн» истифода гардида, ҳамчунин ин номҳо бо шаклҳои авестоӣ муқоиса шудаанд. Дар таҳлили ин гурӯҳи луғат маводи фаровон ба даст омада, ки он чигунагии ташаккули ҳар кадоме аз гурӯҳҳои луғавиро ҳам дар забони форсии миёна ва ҳам забони авестоӣ ба хубӣ тасвиб менамояд.
Бахши сеюм – «Мақоми вожасозӣ дар ташаккули луғоти форсии миёна» ба ташхиси қолабҳои вожасозӣ ва танзими онҳо дар сохтори ин забон ихтисос дорад. Дар ин бахш дар қолабҳои вожасозии забони форсии миёна чигунагии густариши луғоту истилоҳот арзёбӣ мегардад. Аз роҳи таҳқиқи қолабҳои вожасозӣ пайдоиши луғоту истилоҳоти фаровонеро дар забони форсии миёна метавон муайян сохт. Тамоми пасвандҳо бинобар баёни маъно дар сохтани вожаҳо дар чанд гурӯҳ тасниф гардидаанд: пасвандҳое, ки исми шахс месозанд, пасвандҳое, ки исми макон месозанд, пасвандҳое, ки исми маънӣ месозанд, пасвандҳои сифатсоз. Пасвандҳое, ки ба таври муштарак исм ва сифат месозанд, дар бахшҳои мувофиқ оварда шудаанд. Дар ин бахш 59 қолаби бо пасвандҳо сохта шудани вожаҳо гирдоварӣ ва таҳқиқ гардидааст.
Ташкили вожаҳои мураккаб дар забони форсии миёна мутобиқи қолабҳои вожасозии эронии бостон сурат гирифта, аммо якҷо бо дигар шаклҳои вожасозӣ ин роҳ низ тавсиа пайдо кардааст. Вожаҳои мураккаб дар чунин қолабҳо таҳқиқ гардидаанд: қолаби копулятив (двандва), такрор (амредита), шаклҳои детерминатив (татпуруша, кармадҳарайа), сифатҳои мураккаби навъи баҳувриҳӣ.
Дар сохта шудани вожаҳо бо пешвандҳо мақоми ҳар кадоме аз пешвандҳо дар ташаккули луғати форсии миёна баён гардида, ҳамчунин мавридҳои ба пешванд табдил гардидани чанд пешоянд низ баррасӣ шудааст.
Бахши чаҳорум – «Лексикаи феъл аз нигоҳи сохтор ва маъно» буда, дар он ташаккули феъли форсии миёна аз сохтори эронии бостон аз ин чанд роҳ арзёбӣ гардидааст: тавассути пешвандҳо (бо пешвандҳои мансухшудаи эронии бостон ва бо ёрии пешвандҳои нав), пайдоиши шаклҳои номӣ, шакли каузатив, шаклҳои таркибии номӣ. Дар бахши мазкур ташаккули ҳар кадом аз ин шаклҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Нақши пешвандҳо дар тағйири маънои феълҳо бо замимаи онҳо бо феълҳои сода аз роҳи муқоиса дар ҷадвалҳои ҷудогона баён мешавад. Дар анҷоми ин банд усули истифодаи пешвандҳо бо гурӯҳе аз феълҳо натиҷагирӣ шудааст. Дар мисоли шаклҳои деноминатив чигунагии ташаккули луғати феъл дар ин қолабҳои аналитикӣ ва густариши баъдии он то ба забони форсии нав таҳлил мегардад. Шакли дигари дар забони форсии миёна пайдошуда феълҳои таркибии номӣ мебошад. Ин шакл низ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифта, пайдоиш ва ташаккули онҳо дар асоси маънои шаклҳои номӣ ва истифодаи муштараки ҳар ду ин шаклҳо дар осори паҳлавии китобӣ арзёбӣ мегардад. Дар ҳамин бахш усули истифодаи ду ва ё се феъли ёвар ба як ҷузъи номӣ бидуни тағйири маъно дар ҷадвал баррасӣ шуда, мақоми ҳар яке аз феълҳои ёвар дар ташкили феълҳои таркибии номӣ таҳлил шудааст. Дар хотимаи ин бахш масоили муродифоти феълҳо дар осори форсии миёна низ баррасӣ мешавад.
Бахши панҷуми китоб ба таҳқиқи истилоҳот дар забони форсии миёна бахшида шуда, дар он чунин гурӯҳи истилоҳот мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст: истилоҳоти кайҳоншиносӣ, истилоҳоти диниву фалсафӣ, истилоҳоти ҳуқуқ, истилоҳоти идорӣ (унвонҳо ва рутбаҳои мақомоти давлатӣ), истилоҳоти бахши иқтисоду дороӣ ва истилоҳоти низомӣ. Дар ин бахш пайдоиш ва ташаккули истилоҳоти номбурда вобаста бо омилҳои иҷтимоӣ ва забонӣ дар аҳди Сосониён тибқи осори давраҳои гуногуни форсии миёна ба таври ҳамаҷониба баррасӣ мегардад. Ҳангоми таҳқиқ дар тавзеҳи истилоҳот, бавижа истилоҳоти кайҳоншиносӣ ва диниву фалсафӣ ҷуз ташреҳи таърихиву этимологӣ, аз тафсилоти рисолаҳои паҳлавӣ дар мавриди масоили зардуштӣ низ истифода шудааст. Дар бештар маврид баррасии матолиби фавқ аз роҳи муқоиса бо матни Авесто сурат мегирад. Яке аз бахшҳои печида ва мушкили истилоҳот дар осори паҳлавӣ истилоҳоти диниву фалсафӣ маҳсуб мегардад. Ин бахши истилоҳот ва истилоҳоти идорӣ ба таври ҳамаҷониба таҳлилу таҳқиқи этимологиву таърихӣ ёфтаанд. Дар истилоҳоти идорӣ мақомоти гуногуни идораи давлатӣ дар замони Сосониён тибқи осори давраҳои гуногун баррасӣ шуда ва аз ин роҳ замони пайдоиш ва корбурди бархе аз унвонҳо дар сохтори давлатӣ то ҷое ташхис гардидааст. Дар ҳамин равиш дигар бахшҳои истилоҳот низ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Бахши шашум – «Вожаҳои иқтибосӣ» номгузорӣ шуда, дар он вожаҳои иқтибосии эронӣ (мидиву портӣ) ва вожаҳои иқтибосии ғайриэронӣ (юнонӣ, оромӣ, суриёнӣ, ҳиндӣ) дар забони форсии миёна баррасӣ мегардад. Вожаҳои портӣ аз осори паҳлавиву форсии миёнаи монавӣ гирдоварӣ шуда, теъдоди бештари онҳо аз рӯи нишонаҳои савтӣ дар муқоиса бо шаклҳои форсии миёна ва ё лаҳҷаҳои ҷанубӣ – ғарбӣ ташхис гардидаанд. Гурӯҳи дигари вожаҳои портӣ, ки аз осори портӣ маълуманд, дар форсии миёна аз тариқи тарҷумаҳои портӣ иқтибос шуда, бархе аз онҳо бидуни баробариҳои форсии миёна ба кор рафтаанд. Ин гурӯҳ вожаҳо аз рӯи мансубият бо ҳиссаҳои нутқ баррасӣ гардидаанд.
Банди дигари ин бахшро вожаҳои ғайриэронӣ дар форсии миёна ташкил медиҳад, ки ҳар кадоме аз ин иқтибосҳо ба таври ҷудогона дар асоси манобеи паҳлавиву монавӣ ташреҳ ёфтаанд. Дар ин банд зарурати истифодаи вожаҳои иқтибосӣ аз забонҳои ғайриэронӣ ва мақоми онҳо дар ташаккули луғоту истилоҳоти забони форсии миёна ҳамаҷониба арзёбӣ шудааст.
Устод Додихудо Саймиддинов дар айни авҷи камолоти илмӣ наздикону дӯстон ва ҳамсафони худро тарк намуд. Имрӯз тамоми мардуми ҷумҳурӣ ва махсусан фарҳангиёну донишмандони тоҷик ҳафтодсолагии ӯ ҷашн мегиранд. Ба мақсад мувофиқ аст, ки куллиёти осори ӯ таҳия ва чоп гардад, зеро китобҳои ӯ имрӯз ба қатори китобҳои нодир даромадаанд.
Ба таври хулоса бо итминони комил гуфтан ҷоиз аст, ки устоди зиндаёди мо Д. Саймиддинов чеҳраи тобноки илми забоншиносии тоҷик дар даврони Истиқлол буда, бо асарҳои ҷовидонаи илмӣ ва фаъолияти доманадори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хеш дар рушди илми тоҷик ва хусусан илми забоншиносии тоҷик саҳми арзандаи хешро гузоштааст.
Ба муносибати зодрӯзи забоншиноси маъруф, узви вобастаи АМИТ, профессор, д.и.ф. Додихудо Саймиддинов
Назарзода С., д.и.ф, узви вобастаи АМИТ
Шодиев Р., номзади илми филология