ДИРЕКТОРИ ИФТИХОРИИ ИНСТИТУТ
Адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1963), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1981), Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон (1996) Маниёзов Абдуқодир 10 августи соли 1930 дар ҷамоаи Пӯлодони шаҳри Конибодом, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Дар соли 1953 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, соли 1956 баъди таҳсил дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба сифати ходими илмӣ ба кор шуруъ намуд. Ӯ солҳои 1949-1956 дар баробари таҳсил ҳамчунин ба сифати наттоқи шуъбаи хориҷии Радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Байни солхои 1956-1961 дар шуъбаи адабиёти советии тоҷики Институти забон ва адабиёт ба тахкиқоти илмӣ машғул шуда, солҳои 1962-1969 ҳамчун муовини илмии директори Институт фаъолият намудааст.
Аз соли 1969 то соли 1972 ба сифати муовини сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик ва тайи солҳои 1972-2000 дар вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кардааст.
Соли 1960 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар мавзуи «Марҳалаҳои аввали эҷодиёти Садриддин Айнӣ ва мақоми он дар адабиёти инқилобии Шарқи Наздик» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Таваҷҷуҳи ӯро бештар масъалаҳои асосӣ ва назарии филологияи тоҷик ба худ кашида, дар баробари таҳқиқи баъзе ҷиҳатҳои эҷодиёти шоирони алоҳида, ба мисли Дақиқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ба пажӯҳиши эҷодиёти Садриддин Айнӣ машғул гардида, дар ин мавзуъҳо асару мақолаҳои арзишманд таълиф намудааст.
Нахустин мақолаҳои ӯ солҳои 50-уми асри гузашта ба табъ расидаанд. Ӯ муаллифи рисолаи «Публитсистика ва назми Садриддин Айнӣ» (1958), «Луғати имло» (1991, бо ҳаммуаллифии А. Мирзоев) «Назмшиносии тоҷик» (1993), «Ҳакими суханвар» (дар бораи рӯзгор ва осори Носири Хусрав) (2003) (бо ҳаммуаллифии Худоӣ Шарифов) ва муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаи илмӣ мебошад. Муҳимгарин осори ӯ ба таҳқики масъалаҳои таърих ва назарияи адабиёт, чеҳраҳои алоҳидаи адабӣ, накди адабӣ ва таърихи тарҷума, пайвандҳои адабӣ, паҳлуҳои гуногуни сохти шеъри тоҷикӣ ва ғ. бахшида шудаанд.
Абдуқодир Маниёзов ҳамзамон дар таҳия, таҳрир ва омодаи нашр сохтани як силсила осори илмӣ, адабӣ ва луғату муҳовараҳо саҳм гирифтааст, ки китобҳои «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» (1970), «Маҷмуаи шеърҳои Ибни Сино» (1980 ), «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (1980, Ҷ. IV), дуҷилдаи мунтахаби осори М. Турсунзода (1981), силсилаи маҷмуаи «Ҷашнномаи Айнӣ» (1963 ва минбаъд), нашри энсиклопедии «Республикаи Совегии Сотсиалистии Тоҷикистон» (1984), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (Москва, 1985) аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Абдуқодир Маниёзов дар Тоҷикистон ҳамчун муаллиф ва мураттиби китобҳои дарсии «Адабиёти советӣ», «Адабиёти ватан», «Адабиёти тоҷик» барои мактабҳои миёна шинохта шудааст ва ин паҳлуи фаъолияти ӯ аз солҳои 60-уми асри гузашта ибтидо гирифта, то поёни умраш идома ёфт.
Диди фарохи илмӣ ва тафаккури неруманди таърихиаш ба ӯ имконият доданд, ки дар доираҳои илмӣ ва адабии Тоҷикистон ва берун аз марзи он – Русия, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва соири мамлакатҳои Шарқ маҳз бо фаъолияти илмӣ ва қобилияти ташкилотчигиаш шинохта шавад. Чанде аз мақолаҳои илмию таҳқиқотии ӯ дар саҳифаҳои матбуот ва нашрияҳои Ӯзбакистон, Украина, Афғонистон, Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ғ. интишор ёфтаанд. Ӯ дар семинар, симпозиум ва конференсияҳои байналмилалии «Шеъри форсӣ» (Душанбе, 1968), 400-солагии вафоти Боязиди Ансорӣ (Пири Равшан) ва бузургдошти ҳазораи Дақиқӣ (Кобул, январ ва декабри 1975), устодони забони форсӣ (Деҳлӣ, 1989), робитаҳои фарҳангӣ (Хитой, Шинҷон, 1989) масъалаҳои эроншиносӣ (Теҳрон, 1995), робитаҳои адабӣ ва фарҳангии қарни XXI (Вашигтон, 1996), пажӯҳиш дар фарҳанги бостон (2002) ширкат ва суханронӣ кардааст. Солҳои 1980 ва 1985 дар ҳайати намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ба шаҳри Кобул ва соли 2002 ба мақсади ширкат дар таъсиси намояндагии Анҷумани «Пайванд» Брюсел (Белгия) ва Амстердам (Голландия) сафар намудааст.
Ӯ солҳои тӯлонӣ дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат фаъолона ширкат дошт: узви Кумитаи Шуравии муҳофизати сулҳ, Узви Раёсати Марказии Анҷумани дӯстии Шуравию Афғонистон, узви Шурои муассисони Фонди Шуравии маданият, узви Шурои ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмии Шуъбаи адабиёт ва забони Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, узви раёсати Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хоричӣ, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон, узви Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Раёсати Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ ва ба номи Ибни Сино дар соҳаи техника дар назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, узви Садорат ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Рассати Ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти китобдӯстони шаҳри Душанбе, узви ҳайати асосии таҳририяи Энспклопсдияи совстии тоҷик, узви ҳайати таҳририяи Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шуъбаи илмҳои ҷамъиятӣ), узви комиссияи давлатии таҳияи Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви гурӯҳи кории он буд. Чанде аз вазифаҳои илмӣ ва ҷамъиятии вай, аз кабили муовини раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, узви Шурои Марказӣ ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Точикистон, узви Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви комиссияи номгузории Ҳукумати шаҳри Душанбе, вакили Маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Душанбе, раиси Шурои ҳимояи рисолаҳои доктории назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, узви Бунёди Рӯдакӣ ва кумитаи Айнӣ то дами вопасинаш давом кардаанд.
Абдуқодир Маниёзов на фақат дар Тоҷикистон ҳамчунин берун аз марзҳои он низ ба ҳайси донанда ва хонандаи шеъри тоҷикӣ шинохта шудааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ фаъолияти таҳқиқоти илмӣ ва шеършиносиву сухансанҷиву хониши шеърро тавъам анҷом додааст. Ашъори бисёр шоирон, намунаҳои эҷодиёти шифоҳии халқӣ ва осори нависандагони тоҷикро тавассути овози марғуладор ва хониши зебо ба самъи миллионҳо мардумони олам мерасонид. Маҳорати хосаи гӯяндагии Абдуқодир Маниёзов ба овози дилнишин ва маънирасиву адофаҳмии ӯ матни бадеӣ алоқа мегирад. Шахсоне, ки бо ӯ перомуни шеър ва шеърият, масоили арӯз ва санъати сухан ҳамсуҳбат шудаанд, аз ин давлати бузурги маънавӣ ва шахсияти ҷозиби ӯ баҳраҳо бурданд ва шаҳодат медиҳанд, ки ӯ ҳунари нотакроре дошт.
Як паҳлуи фаъолияти илмии ӯ ба тадқиқи масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик, ҳусни сухан ва маҳорати суханварӣ, тарғибу пуштибонӣ аз забон ва фарҳанг, зарурати таърихии омӯзиш ва бузургдошти забонҳо алоқа мегирад, ки дар ин ҷабҳа низ ӯ мақола ва гузоришҳои ҷолиб дар нашрияҳои Тоҷикистон ва Русияву Эрону Афғонистон ба табъ расонидааст. Зиёда аз 150 маҷмуаи осори хурду бузурге, ки тартибу таҳриру тадвинашон бо ширкати ӯ анҷом ёфтаанд, дар солҳои гуногун аз тариқи нашрияҳои Тоҷикистон чоп шудаанд.
Доираи фаъолияти Абдуқодир Маниёзов факат ба таҳқиқи масъалаҳои мухталифи адабиёт ва гӯяндагӣ, корҳои маъмурӣ ва созмондиҳӣ маҳдуд намешавад. Ӯ тадқиқи масъалаҳои тарҷумаи бадеиро бо амали бевоситаи тарҷумонӣ якҷоя анҷом дода, дар ин соҳа низ ба ҳайси муҳаррир, мураттиб ва мутарҷим шинохта шудааст. «Хамсат-ул-мутайирин»-и Алишери Навоӣ аз ҷумлаи намунаи тарҷумаҳоест, ки аз ҷониби Абдуқодир Маниёзов бо дарки масъулият, маҳорат ва ниҳояти забондонӣ анҷом додааст. Асари мазкур ду маротиба (солҳои 1961, 1989) бо тавзеҳ ва пешгуфтори ӯ чоп шуда, дар байни хонандагони Тоҷикистону Ӯзбакистон шуҳрат ёфтааст. Абдуқодир Маниёзов «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро низ бо ҳамқаламии Нисор Холмуҳаммадов тарҷума кардааст, ки он дар ду ҷилд (солҳои 1983,1985) чоп шуда буд. Аз рӯи нашри мазкур соли 1985 дар Кобул ба форсии дарӣ ва ба муносибати ҷашни навадумин зодрӯзи академик Б. Ғафуров соли 1997 ба ҳуруфи форсӣ ва соли 1998 ба тоҷикӣ аз тарафи нашриёти «Ирфон» интишор ёфт.
Ҷойи таъкид аст, ки 6 феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари академик Б. Ғафуров «Тоҷикон» интишор гардида, дар соли 2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи Тоҷикистон тақдим гардид. Нашри мазкур низ тарҷумаи А. Маниёзов ва Н. Холмуҳаммадов мебошад. Ҳамчунин, тарҷумаи як қатор қиссаву романҳои нависандагони халқҳои гуногун, ба мисли «Тоҷикистон»-и П. Лукнитский (1959, бо ҳамқаламии М. Шукуров), «Саргузашти Руал Амундсен»-и А. Яковлев (1960, бо ҳамқаламии Н. Холмуҳаммадов), «Безабон»-и В.Г. Короленко (1965), романи «Шоир» (дастнавис)-и Афандӣ Капиев ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Тайи солҳои сарварии Абдуқодир Маниёзов Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Шурои дифои рисолаҳои доктории он садҳо олимони соҳаи филологияро тарбия карда ва дар ин муддат худи Институт ба як маркази бузурги илми филологияи тоҷик табдил ёфт, ки дар ин ҷабҳа низ ӯ хизматҳои бедареғ барои халқ ва маърифати ҷомеа анҷом додааст.
Хизматҳои шоистаи Аблуқодир Маниёзов дар рушли илму фарҳанг ва пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ бо орденҳои Шараф, Нишони Истиқлол, медали «Барои меҳнати шуҷоатмандона» қадрдонӣ гардидаанд, Ҳамчуннин, ӯ бо медали ҷашнӣ ба шарафи 100-солагии таваллуди В.И. Ленин, ифтихорномаҳои Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номаҳои ифтихории Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Иттиҳоди Шуравӣ бо кишварҳои хориҷӣ, Кумитаи Муҳофизати сулҳ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Абдуқодир Маниёзов аз соли 2000 то охири рӯзҳои ҳаёташ сарвари ифтихории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани «Пайванд» буд. Ӯ ба рағми дарди бедармон, ки дар солҳои охири зиндагӣ ҷисмашро афгор карда буд, фаъолияти илмию ҷамъиятии худро идома медод.
26 апрели соли 2008 бо умеди табобат ӯро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бурда, дар бемористони «Меҳр»-и шаҳри Теҳрон бистарӣ намуданд, аммо дар гирудори ҳаёту мамот марги беамон дастболо шуд. Рӯзи 3 майи соли 2008 дар ин бемористон қалби инсони шариф, донишманди мумтоз суханвари барҷаста ва чеҳраи маъруфи илму адаби тоҷик Абдуқодир Маниёзов аз тапидан боз монд. Вай дар роҳи ба ҳам овардани тоҷикони ҷаҳон ва форсизабонони бурунмарзӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳангии онон хизматҳои бедареғ кардааст. Ин донишманди фарҳехта ва саршиноси кишвар, устоди сухан ва яке аз донандагони маъруфу нотакрори шеъри форсии тоҷикӣ то лаҳзаҳои вопасини умр дар роҳи пойдориву ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии форсизабонони дунё амали хуб ва эътиқоди сахт ба ёдгор гузошт.
Таҳияи Л. Шарифзода