24 Jan 2023
Submitted by Admin
370

Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович: 5. 5. 1906, деҳаи Фирӯзобаи р-ни Конибодом- 25. 10. 1979, Душанбе, забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1948), проф. (1952), акад. АФ РСС Тоҷикистон (1951), Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон. (1964). Аз оилаи кафшдӯз. Аъзои КПСС аз соли 1931. Институти муаллимии Тошкентро хатм кардааст. (1929). Солҳои 1929-1932 дар зодгоҳаш муаллимӣ кардааст. Пас аз хатми аспирантура (1932-1938)-мудири сектори таъоиху забоншиносиибазаи тоҷикистонии АФ СССР (1938-1941), директори Институти таърих, забон ва адабиёти филиали тоҷикистонии АФ СССР (1941-44). Сипас таҳсил дар докторантура (1944-1948).  Минбаъд ҷонишини раиси Президиуми филиали тоҷикистонии АФ СССР (1948-1951), ноиби президенти АФ СССР Тоҷикитсон. (1951-1953), академик-котиби Шуъбаи фанҳои ҷамъиятии АФ РСС Тоҷикистон. (1953-1962), мудири сектори забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ Тоҷикистон (1958-1976). Аз соли 1976 ба нафақа баромад. Н. муаллифи мақолаву китобҳои бисёрест. Дар мақолаҳои «Шеваи тоҷикони Шаҳритуз» (1960), «Шеваи тоҷикони Конибодом» (1961), хусусиятҳои ин ду шеваи тоҷикиро таҳқиқ кардааст. Дар тадқиқоти ӯ «Синтаксисти ҷумлаҳои сода дар забони адабии тоҷик» (1960), воситаҳои асосии алоқаи калимаҳо, аъзоҳои ҷумла ва калимаву ибораҳои туфайлӣ мавриди таҳлил қарор ёфтааст. Чанд мақола ва китоби Н. «Очеркҳо оид ба баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик» (1961), рӯи чоп омадааст.

Хизмати Н. Бобоҷон дар тарбияи забоншиносии тоҷик басо калон аст. Бо се ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо мукофотонида шудааст.

Undefined