09 Nov 2023

ГОҲШУМОРИИ ПОРИСЁН АЗ НАЗАРИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

Submitted by Admin
329

Ҳаким Абурайҳон Берунӣ аз аввалин саромадони улуми фалсафа, риёзиёт, тақвим, ҷуғрофиё, таърих дар асрҳои миёна маҳсуб меёбад, зеро бар аксари илмҳои замонааш тасаллут дошт. Аз асарҳои Берунӣ – “Осор-ул-боқия”, “Мол-ул-Ҳинд”, “Китобу-т-тафҳим” дармеёбем, ки мавсуф ҳангоми баррасӣ ва ҳалли масъалаҳо аз улуми гузашта ва замони худ, аз илму фарҳанги миллии хеш ва ақвоми дигар огоҳӣ дошта, ҳангоми таҳқиқи онҳо ҳеҷ таассубе нишон намедод.

TJ
03 Nov 2023

ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ

Submitted by Admin
323

Қавли маъруфи файласуфи бузурги олмонитабори садаи бист Мартин Ҳайдеггер (1889-1976) дар бобати «бинои ҳастӣ» будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҷойи шакку тардид надорад. Воқеан, бинои пойдори ҳастии ҳар қавму миллат дар ҳамаи давру замон забони модарист, ки на танҳо таъриху фарҳанг, одобу русум, балки дар маҷмуъ асолату рисолати ҳастии он қавму миллатро дар ойинаи тамомнамояш мунъакис мекунад.

TJ
29 Sep 2023

МАЗОРИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ. АЗ ОВОЗА ТО ҲАҚИҚАТ

Submitted by Admin
328

Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки шоҳкори инсоният маҳсуб шуда, ба қарибӣ, яъне дар таърихи 24 майи соли 2023 бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ба мо дӯст, бо қарори ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО ба сифати мероси мондагор расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, бо ном ва шахсияти Шамси Табрезӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

TJ
22 Sep 2023

УСТОД РӮДАКӢ – ПАДИДАИ НОДИРИ ЗАБОНӢ ВА АДАБИИ РӮЗГОРИ СОМОНИЁН

Submitted by Admin
470

Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд.

TJ

Pages