08 Dec 2022
Submitted by Admin
211

БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ ОСОРХОНАИ АДАБИЮ ЁДГОРИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Имрӯз тибқи нақшаи таҳиянамудаи Маркази ҷумхуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода ташриф оварданд.

Иштирокчиёни озмунро, ки асосан хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ҷумҳурӣ буданд, кормандони осорхона бо чеҳраҳои гарму болида истиқбол гирифтанд. Зимни боздид ходими калони илмии осорхона Муҳаббат Ҷалилова роҳбаладӣ намуда, аз зиндагӣ ва эҷоди ин шоир ва нависандаи сулҳпарвар устод Мирзо Турсунзода қиссаҳои ҷолиб нақл намуд.

Иштирокчиёни озмун дар рафти боздид аз осори пурғановати шоир, расмҳои хотиравӣ ва макони зисти шоири ватандӯст огаҳ гаштанд.

Итминон дорем, ки тамошои Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода дар хотири иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нақш хоҳад гузошт.