20 Mar 2023
Submitted by Admin
102

Ҳангоми баҳор асту ҷаҳон чун бути

Фархор,

Хез, эй бути Фархор, биёр он гули

бехор!

Наврӯз муътабартарин ва пуршукӯҳтарин ҷашни ориёист, ки сарчашма ва манобеи таърихӣ бар он гувоҳӣ медиҳанд. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, ки нахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва ваҳдати башариятро бо табиат заминагузорӣ кард ва ҳамин пайванди воқеӣ ва инсонмеҳвар умри Наврӯзро бардавом ва аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Наврӯз ҷашни тавҳиди Инсон бо Табиат аст. Наврӯз дар оғози сол ба умеду орзуҳои ширини мо ҳамроҳ шуда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш умедвор ва шавқу завқро нисбат ба зиндагӣ ва меҳнат афзун мегардонад.

Бо шарофати истиқлол акнун Тоҷикистон ба маҳди гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои бостонӣ, хоса Наврӯз табдил шуда, мардуми сарбаланди тоҷик бо ифтихор расму ойинҳои миллии худро посдорӣ менамоянд.

Ҳамватани гиромӣ! Вуруди Наврӯзи фархунда бар рӯзгори хуррами Шумо муборак ва баҳори шавқангез бар қомати сабзи вуҷудатон шукуфаборон бод. Лабатон пурханда, қалбатон аз меҳр оканда, давлататон поянда ва Наврӯзатон фархунда бод!

Навбаҳор аст, дар он кӯш, ки хушдил бошӣ,

Ки басе гул бидамад бозу ту дар гил бошӣ.

Ман нагӯям, ки кунун бо кӣ нишину чӣ бинӯш,

Ки ту худ донӣ агар зираку оқил бошӣ!

Ҳайати илмии Институти забон ва адабиёт