07 Jun 2023
Submitted by Admin
159

Имрӯз дар толори Академияи миллии имлмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 100-солагии шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ мутобиқи амри Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.01.2023 №АП-318 “Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” конференсия таҳти унвони “Ҷойгоҳи Аминҷон Шукӯҳӣ дар адабиёти муосири тоҷик” баргузор гардид. Ба конференсия президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Эмомалӣ Насриддинзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва намояндаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Суғд д.и.ф. Тоҷибой Султонӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ д.и.ф. Фарангис Шарифзода “Рӯнамоии китоби “Номаҳо ва нақдҳо”-и А.Шакӯҳӣ”, сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА Аскар Ҳаким “Шакӯҳӣ ва таровати сухани ӯ”, ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА Абдухолиқ Набавӣ “Чанд андеша дар бораи афкори интиқодии А.Шукӯҳӣ”, устоди ДМТ Бобомаллиев Илмҳомҷон “Мушкилоти шинохти осори Шукӯҳӣ дар адабиётшиносии тоҷик” ва фарзанди Аминҷон Шукӯҳӣ – Каримҷон Шукӯҳӣ дар бораи паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Шукӯҳӣ суханронӣ намуданд. Дар поёни конференсия барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов бо сурудани шеърҳо аз Шукӯҳӣ табъи ҳозиринро болида гардонд.