18 Oct 2022
ЛОИҲА: «ПАЖУҲИШИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ФАРҲАНГНИГОРИИ МУОСИР. ТАҲҚИҚИ ФАРҲАНГҲОИ ТАФСИРӢ ВА ТАРҶУМАВӢ»

Самти тадқиқот: ЭК 12- вожашиносӣ ва фарҳангнигорӣ

Муҳлати иҷро: 01.01.2021 29.12.2025

Роҳбари лоиҳа:  н.и.ф. Холматова С.Д.

 

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ЛОИҲА

Фишурда (Аннотация)

Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷиистон барои рушду такомули арзишҳои миллӣ ва суннатҳои маънавӣ заминаи воқеӣ ва имконпазир муҳайё намуд. Дар ин раванд барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он ҳамаи шароити мусоидро фароҳам овард. Ҳама гуна маҳдудияту монеаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф намуда, онро ба шоҳроҳи нави тараққиёт раҳнамун сохт.

Миллати тоҷик хуб медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаиҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст. Бо талошу заҳмати шахсиятҳои бузурги илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллии худро аз қаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрӯз чун ганҷинаи гаронбаҳо ба ёдгор мондааст.

Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  барҳақ мефармоянд: «Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки "Худойномак"-у "Таърихи мулуки Аҷам"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом "Шоҳнома"-ву "Маснавии маънавӣ"-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад».

Ин суханон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ба забони тоҷикӣ қудрати бузурги калимасозиву истилоҳофариро дорад. Ҳамарӯза ҳазорон истилоҳу мафҳумҳу пададаҳои нави тоза ба окру рӯзгори ҷомеа ворид мегарданд ва барои пазируфтану мунтазам сохтани корбурди онҳо зарурати ҷиддӣ ба миён меояд. 

Мавриди пажӯҳиш қарор додану такмилу танзими ин раванд, ки барои нишон  додани қудрату тавоноии забони миллӣ хеле муҳим аст ва ба марҳилаҳои гуногуни таърихи беш аз ҳазорсолаи давраи нави забони тоҷикӣ тааллуқ доранд, зеро асоси онро риштаи фарҳангнигорӣ ва таҳқиқи идмии фарҳангҳо ташкил медиҳад.

Ҳамаи ин омилҳо далолат ба он мекунанд, ки барои рушди забони тоҷикӣ пажӯҳиши масъалаҳои мубрами фарҳангнигории муосир дар заминаи фарҳангҳои тафсирӣ ва тарҷумавӣ муҳим мебошад. Дар раванди ин таҳқиқот таҳияву мураттаб ва нашр кардани фарҳангҳои тарҷумавӣ ва тафсирӣ зарур мебошад. Ин фарҳангҳо истифодаи мафҳуму истилоҳотро ба танзим дароварда, ба сифати маъхази муҳими дарёфти вожаҳо ва шарҳу тавзеҳи падидаҳои нав хизмат хоҳад кард. Дар баробари ин фарҳангҳои мазкур чун меъёр ва намунаи дурусти гуфториву навишторӣ истифода хоҳанд шуд.

 

Навоварии лоиҳа:

Таҳқиқоти мазкур аз он ҷиҳат мубрам ва навоварона мебошад, ки фарҳангҳои тафсирӣ ва тарҷумавӣ аз лиҳози вожашиносӣ ва истилоҳофарӣ кам таҳқиқу баррасӣ гардидааст. 

Мавриди таъкид аст, ки омӯзишу мушаххас намудани хусусиятҳои мухталифи калимаву истилоҳоти соҳаҳои гуногун, ки дар фарҳангҳои тарҷумавӣ ва тафсирӣ истифода шудаанд, муҳим мебошад.

 

Калидвожаҳо: истилоҳосозӣ, фарҳангнигорӣ, фарҳангҳои тарҷумавӣ, фарҳангҳои дузабона, фарҳангҳои тафсирӣ, осори хаттӣ,  рушди забони тоҷикӣ, марҳилаҳои забони адабӣ.

Мақсади лоиҳа:

Мақсади барномаи таҳқиқотии мазкур аз омӯхтани нуктаҳои зерин иборат аст:

-анҷом додани тадқиқот оид ба асосҳои назариявии фарҳангнигории тоҷик;

-гузаронидани пажӯҳиши лексикографии фарҳангҳои маъруфи классикӣ ва муосири забони тоҷикӣ;

-омода ва нашр кардани монографияҳо дар мавзӯи фарҳангҳои тарҷумавӣ ва дузабонаи тоҷик;

- ба чоп омода сохтани фарҳангҳои муътабари классикӣ (асрҳои XVI-XX);

- ба чоп омода сохтани фарҳангҳои тарҷумавии забони тоҷикӣ ;

-баромад дар симпозиум ва конференсияҳои ҷумҳуриявиву байналхалқӣ, ВАО дар мавзӯи фарҳангнигории тоҷик;

-тарбияи мутахассисони ҷавон дар соҳаи фарҳаннависӣ, лексикология ва истилоҳот.

 

Руйхати иҷрокунандагони лоиҳа:

Ному насаб

Вазифа

Дараҷаи илмӣ

Назарзода Сайфиддин

Иҷрокунанда

доктори илмҳои филология, узви вобастаи АМИТ

Султонов Мирзоҳасан

Иҷрокунанда

Илмҳои филология, узви вобастаи АМИТ

Холматова Санавбар

Роҳбари лоиҳа

номзади илмҳои филология

Холназарова Зебунисо

Иҷрокунанда

номзади илмҳои филология

Раҳмонзода Нуроншо

Иҷрокунанда

номзади илмҳои филология

Ҷӯраев Нарзиқул

Иҷрокунанда

 

Муҳаммадҳоҷаева Рахшанда

Иҷрокунанда

 

Каримов  Саид

Иҷрокунанда

 

Раҷабова Сарвиноз

Иҷрокунанда

 

Мискинов Илҳом

Иҷрокунанда

 

Шарипова Мастона

Иҷрокунанда

 

Зайдуллонева Давлатмо

Иҷрокунанда

 

Умарова Гулнора

Иҷрокунанда

 

Бобоева Сумая

Иҷрокунанда

 

 

ЛОИҲА: «МАСЪАЛАҲОИ ШАКЛУ ЖАНР ВА МАТНШИНОСӢ ДАР АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ»

Самти таҳқиқот: КЭ 10- забон ва адабиёт

Самти таҳқиқот: бунёдӣ

Муҳлати иҷрои Лоиҳа: 01.01.2021–29.12.2025

Роҳбари лоиҳа: н.и.ф  Забеуллоҳ Беҳрӯз

Фишурда (Аннотатсия)

         Дар лоиҳаи мазкур масъалаҳои нақди адабӣ ва таърихи таҳлилии шеъри муосири тоҷик (аз аввали садаи ХХ то солҳои бисти садаи ХХ1) ва поэтикаи романи тоҷик баррасӣ мегардад. Инчунин 6 ҷилди куллиёти М. Турсунзода тартиб дода шуда, драматургияи ду садаи охир гирдоварӣ мешавад.

         Таърихи нақди нави (муосири) тоҷикӣ (аз аввали садаи ХХ то солҳои бисти садаи ХХ1) мавриди таҳқиқ қарор мегирад. Дар мавриди назм бисёр масъалаҳои таърихиву фарҳангӣ, иҷтимоиву ғоявӣ назар дигар шуда, аз ин рӯ, замони навиштани очерк ва таърихи таҳлилии шеъри ин давра аз нигоҳи нав ба миён омадааст. Ҳамчунин дар лоиҳаи мазкур масъалаи поэтикаи романи тоҷикӣ ташаккул ва такомули он аз ибтидои садаи ХХ ва то ба имрӯз мавриди омӯзиш қарор дода мешавад, ки дар адабиётшиносӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.

Мавзӯи лоиҳаи мазкур тавсифи илмӣ, таҳия ва нашри феҳристҳои мухтасару мукаммали “Куллиёт”-и Мирзо Турсунзода ҷамъоварии дастнависҳои хаттӣ, таҳияи варианти электронӣ ва компютеркунонии ҳамаи асарҳои чопшудаи устод дар муқоиса бо матни аслӣ ба роҳ монда мешавад.

Навгонии лоиҳа

 Дар адабиётшиносии тоҷик таҳқиқи мазкур мубрам ва навоварона мебошад. Дар лоиҳаи мазкур зуҳури нақди нав (муосир) дар даврони рӯшангарӣ (ҷадидия) бо таѓийри ақидаҳо, таърифи мафҳуми нақд, шалҳои нақди адабиёти ҷадидия ва нақди солҳои 50-90-ум ва замони истиқлол; масоили худшиносии нақд (50-90); хосиятҳои муҳимми нақди замони истиқлол, таѓйири арзишҳои нақднависӣ дар замони Истиқлол ва омилҳои таҷдиди назар ба таърихи адабиёт ва меъёрҳои нақди он, вазифаҳои нақд дар шароити нав баррасӣ мешавад. Дар масъалаи назм тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ дар шеъри муосир, инъикос ва тавсифу тамҷиди дастовардҳои замони Истиқлол дар шеър, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба таърихи миллат, суннатҳои фарҳангӣ ва чеҳраҳои мондагори аҳли шуаро ва бунёдгузори шеъри замони нави тоҷикӣ муайян ва таҳлил мегардад.

       Дар масъалаи поэтика бори аввал мавзӯъ ва муҳтаво ва дигаргуниҳои шаклу сабку забон ва сохтори романи тоҷикӣ, шаклгирии романи тоҷикӣ дар ду садаи охир; таъсири адабиёти Ѓарб ва Шарқ ба шаклгирии романи тоҷикӣ ва таѓийри сохтор ва муҳтавои романи тоҷикӣ дар ду садаи охир мавриди омӯзиш қарор мегирад.

         Дар асоси феҳристи нави ба тартибовардашудаи осорхонаи М. Турсунзода ва дастнависҳои мавҷуда «Куллиёт»-и шоир бо иловаҳо ва навгониҳо чоп карда мешавад. Ҳамчунин бори аввал драматургияи ду садаи охири тоҷик дар шакли китоб гирдоварӣ шуда, нашр карда мешавад.

      Калидвожаҳо: нақди адабӣ, худшиносии нақд, шеър, адабиёт, назм, роман, поэтика, таърих, очерк, драматургия, куллиёт, дастнависҳо, тавсиф, феҳрист,  матн.

                             Рӯйхати иҷрокунандагони асосии лоиҳа

Ном ва номи падар

Дараҷаи илмӣ, вазифа

Нишонӣ, почта ва нишонии электронӣ (E-mail), телефон, факс

Нақш дар лоиҳа (роҳбар, иҷрокунанда ғ.)

1

Беҳрӯзи Забеҳулло

Саидхоҷа

Номзади илмҳои

филологӣ

ш. Душанбе, 1гузаргоҳи кучаи Бинокорон, хонаи 5, ҳуҷраи 5; тел: 554116868E-mail: sapeyama@mail.ru

Мудири

шуъба

2

Раҳмонов Шоҳзамон

Доктори илмҳои филологӣ

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21; тел:904-18-66-48,E-mail: shohzamon-46@mail.ru

Роҳбари лоиҳа

3

Турсунов Акбар

Сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосир

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21; тел.: 93-446-66-55

иҷрокунанда

 

4

 Набавӣ А.

Ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосир

 

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21; Тел.93-508-46-08. E-mail: nabavi46@mail.ru

 

иҷрокунанда

5

Саидзода Ҷамолиддин

Номзади илми педагогӣ, ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосир

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21; Тел:917-966-630

 

иҷрокунанда

6

Аскар Ҳаким

Ходими пешбари илмӣ

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21; тел.: 918-61-01-77. E-mail: askar_hakim@mail.ru

 

иҷрокунанда

7

Ҳошимова Х.

 Номзади илми филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосир

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21; тел.: 93-401-30-33. E-mail:hurshedah@mail.ru

 

иҷрокунанда

 

8

Шарифзода

Лутфулло

Ходими илмӣ

 

 

иҷрокунанда

9

Қосимӣ Насима

Ходими илмӣ

 

иҷрокунанда

10

Раҳимова Холиса

Ходими илмӣ

 

иҷрокунанда

11

Шерғозиева Дилрабо

Лаборанти калон

 

 

 

ЛОИҲА. ТАШАККУЛИ ЛУҒОТУ ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ (дар се давраи таърихӣ)

Рақами давлатӣ: 0121TJ1302

Муҳлати иҷрои лоиҳа: солҳои 2021-2025

Роҳбари лоиҳа: н.и.ф. МИРЗОЕВ С.

Иҷрокунандагони лоиҳа:

Мирзоев Сайфиддин         -   н. и. ф., ходими пешбари илмӣ

Раҳматуллозода Сахидод  -    д.и.ф., узви вобастаи АМИТ

Тураев Бурҳониддин      -        н.и.ф., ходими пешбари илмӣ

Шарифова Гулҷаҳон         -       н.и.ф., ходими калони илмӣ

Собирҷонов С. -        н.и.ф., ходими пешбари илмӣ

Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа

Яке аз масъалаҳои асосӣ  ва муҳимми забоншиносии тоҷик ин омӯзиш ва пажуҳиши  луғот,  сохти грамматикӣ ва муайян намудани  қоидаву қонунҳои  ғанӣ гардидани  захираи  луғавии  забони адабии  тоҷикӣ ба ҳисоб  меравад.  Аз ин ҷиҳат,  қонуну қоидаҳои  объективии ғанӣ гардидани  захираи луғавии забон  ва ташаккулу таҳаввули  онро ба таври дақиқ  наомӯхта, роҷеъ ба  бархе аз  хусусиятҳои луғат  ва сохти грамматикии онҳо  сухан гуфтан мушкил аст. Бинобар ҳамин, омӯзиш ва пажуҳиши  сарчашмаҳои ғанӣ  гардидани луғот  ва сохти грамматикии он  аз дидгоҳи  нав, махсусан  аз забони осори шоирону  нависандагони  адабиёти  классикӣ,  забони зиндаи халқ (манзур гӯйишҳои  забони тоҷикӣ) ва забонҳои шарқӣ-эронии Тоҷикистон,  дар мисоли гурӯҳи  забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ  ба шумор меравад.

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳимми забоншиносии тоҷик ин омӯзиш ва пажуҳиши луғот, сохти грамматикӣ ва муайян намудани қоидаву қонунҳои  ғанӣ гардидани захираи луғавии  забони адабии  тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат, қонуну қоидаҳои  объективии ғанӣ гардидани захираи луғавии забон  ва ташаккулу таҳаввули  онро ба таври дақиқ наомӯхта, роҷеъ ба  бархе аз  хусусиятҳои луғат ва сохти грамматикии онҳо сухан гуфтан мушкил аст. Бинобар ҳамин, омӯзиш ва пажуҳиши сарчашмаҳои ғанӣ  гардидани луғот  ва сохти грамматикии он аз дидгоҳи нав, махсусан аз забони осори шоирону  нависандагони  адабиёти классикӣ, забони зиндаи халқ (манзур гӯйишҳои  забони тоҷикӣ) ва забонҳои шарқӣ-эронии Тоҷикистон, дар мисоли гурӯҳи  забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ  ба шумор меравад.

ЛОИҲА. «ДОНИШНОМАИ АДАБИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ (АЗ ДАВРОНИ БОСТОН ТО АСРИ ХУ)»

РҚД: 012TJ1298
Му
ҳлати иҷро: 2021-2025
Ро
ҳбари лоиҳа: д.и.ф., профессор Сатторзода А.

Шуба таърихи адабиёт бо иҷрои Лоиҳаи  “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (аз Давраи бостон то ибтидои асри ХХ)” (2016-2020) дар 6 ҷилд дар таҳқиқи раванди  умумии пайдоӣ, таҳаввул, ташаккул ва такомули адабиёти форсии тоҷикӣ ва зуҳури падидаҳои адабии мухталиф дар марҳалаҳои гуногун ба дастовардҳои назарраси илмӣ муваффақ гардид.

Ҳоло замони ба аҳли илму адаб ва ҷомеъаи тоҷик расонидани он дастовардҳои илмӣ фарорасидааст. Ин кор, аз як тараф, ҷамъбасти дастовардҳои донишмандони адабиётшиноси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ буда, аз тарафи дигар, ҳадафи тасҳеҳу такмили донишномаҳоест, ки дар заминаи адабиёти форсии тоҷикӣ то имрӯз дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба вуҷуд омадаанд.Ва принсипи асосии таълифи Лоиҳаи нави шуъбаи таърихи адабиёт “Донишномаи адаби форсии тоҷикӣ (аз Даврони бостон то асри ХУ)” дар 5 ҷилд барои солҳои 2021-2025 анҷом додани он дар заминаи тамоми дастовардҳои илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ  дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо таҷрибаи таҳия, таълиф ва нашри “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” (дар 4 ҷилд) ва “Донишномаи Рӯдакӣ” (дар 3 ҷилд) аст. “Донишномаи адаби форсии тоҷикӣ (аз Даврони бостон то асри ХУ)”  ҳам аз ҷиҳати фарогирии мавод ва ҳам сатҳи илмӣ ва адабияш фарқ хоҳад кард.

Таҳия, таълиф ва нашри “Донишномаи адаби форсии тоҷикӣ (аз Даврони бостон то асри ХУ)” заминаи мусоиде хоҳад шуд барои тақвият додани дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва беҳтар кардани сифати таълими забон ва адабиёт дар онҳо. Ҳамчунин донишномаи мазкур барои онҳое, ки мехоҳанд дар бораи адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои гузашта маълумоти дақиқе дошта бошанд, манбаи судманде хоҳад буд.

Рӯйхати иҷрокунандагони лоиҳа

 

Ном ва номи падар

 

Рутбаи илмӣ (унвон) , ҷойи кор, вазифа

1

Сатторзода Абдунабӣ

Д.и. ф., проф., АМИТ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, мудири шуъба

2

 

Муҳаммадиев

Шамсиддин

н.и.ф., ходими пешбари илмӣ (0,5), Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ҷонишини директор

3

Исрофилниё Шарифмурод

д.и.ф., проф., ходими калони илмӣ (0,5), Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон

4

Муллоаҳмадов Мирзо

д.и.ф., сарходими илмӣ, Институти масъалаҳои Омиё ва Аврупои АМИТ

5

Маликова Анзурат

Н.и.ф.,Ходими пешбари илмӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

6

Юсуфов Умриддин

Д.и.ф., сарходими илмӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

7

Акбарзод Мубашшир

Ходими калони илмӣ (0,5),

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

8

Носирҷон Салимӣ

Акадкмики АМИТ, сарходими  илмӣ (0,5), АМИТ

9

Шарифзода Боймурод

н.и.ф., ходими калони илмӣ (0,5), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

10

Исматова Зулфия

Ходими  илмӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

11

Усмонова Гулбаҳор

Ходими илмӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

12

Сӯфизода Шодимуҳаммад

Д.и.ф., ходими калони илмӣ (0,5)

13

Раҳимӣ

Бойбек

Ходими калони илмӣ (0,5) Лаборанти калон

14

Назира Шарифова

ва

Фотима Сарабекова

Лаборантони калон

 

ЛОИҲАИ ТАДҚИҚОТӢ ДАР МАВЗӮИ: « ГИРДОВАРӢ  ТАСНИФ ВА БА ЧОП ОМОДА КАРДАНИ КУЛЛИЁТИ ФОЛКЛОРИ ТОҶИК»

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ  ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ЗАБОН  ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКӢ

АСОСНОМАИ

Лоиҳаи тадқиқотӣ дар мавзӯи:

« Гирдоварӣ  тасниф ва ба чоп омода кардани Куллиёти фолклори тоҷик»

 

Шуъбаи дахлдор:              Шуъбаи фолклор

Самти мавзӯи Лоиҳа:        КЭ 10 – Фолклоршиносӣ (10.01.09).

Муҳлати иҷро:                   5 сол (01.01.2021 – 31.12.2025)

Санаи пешниҳод: ___________________________

Роҳбари муассисаи илмӣ,

д.и.ф.                                                 Шарифзода Ф.

Роҳбари Лоиҳа,

н.и.ф.                                              Мажнунов А.

Душанбе – 2021

2. Маълумот дар бораи лоиҳа

Дар тӯли тақрибан 60 соли фаъолияти шуъбаи фолклор корҳои зиёди гирдоварӣ, танзими мавод ва пажуҳишҳои илмӣ дар соҳаи фолклоршиносӣ анҷом дода шудаанд. Бисёр жанрҳо ва масъалаҳои фолклоршиносии тоҷик аз нигоҳи назария, поэтика ва сохторшиносӣ таҳқиқу баррасӣ шуда, натиҷаҳои онҳо дар шаклҳои китоб ба табъ расидаанд. Аммо аксари мавод дар шакли дастнавис ва сабти овозӣ то имрӯз дар бойгонии Институт маҳфузанд.

Тибқи ҷадвал, ҳар сол 6 ҷилди Маҷмуаи мазкур вобаста ба жанрҳо  тартиб дода шуда, ба табъ хоҳанд расид. Ҳамин тариқ, дар давоми 5 соли фаъолият аз рӯйи лоиҳа 30 ҷилд аз «Гирдоварӣ  тасниф ва ба чоп омода кардани Куллиёти фолклори тоҷик» тартиб дода шуда, мунташир мегарданд.

Мутобиқи лоиҳа барои гирдоварӣ ва сабти маводи иловагӣ экспедитсияҳои фолклорӣ низ созмон дода хоҳанд шуд. Зеро ҳанӯз дар деҳот ва махсусан, дар кӯҳистон донандагони фолклор зиёданд ва вазифаи касбии ҳар як фолклоршинос ин аст, ки ҳар чи зудтар бо сифати баланд онҳоро сабт намояд.

Натиҷаҳои лоиҳа хеле назаррас ва мондагор хоҳанд буд. Маҷмуаҳои чопшуда барои таълифи рисолаҳои номзадию докторӣ, дар таҳияи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва гузоришҳо дар семинару конференсияҳои илмӣ васеъ истифода хоҳанд шуд.

3. Навгониҳои мавзӯи лоиҳа

Лоиҳаи пешниҳодшуда ба таъсиси Маҷмуаи нави илмӣ дар соҳаи фолклоршиносии тоҷик бо унвони «Мероси шифоҳии халқи тоҷик» бахшида шудааст, ки он аз нигоҳи методология ва назарияи фолклоршиносӣ аз Маҷмуаҳои муқаррарӣ тафовут дорад.

Ҳар як Маҷмуа фарогири пешгуфтор, мақолаи илмӣ оид ба жанри муайян, матнҳо, индекс ё нишондиҳандаи мотивҳо, аз ҷумла, ашхос, топонимҳо, инчунин Иловатан ба баъзе ҷилдҳо дискҳои сабти овозӣ ҳамроҳ карда мешаванд. Матнҳо бидуни таҳрир дар он шакле, ки гуфта ва навишта шудаанд, дар Маҷмуаҳо дарҷ хоҳанд шуд. 

Калидвожаҳо:

Фолклори тоҷик, Маҷмуаи фолклорӣ, «Мероси шифоҳии халқи тоҷик», гирдоварӣ, сабт, матн, жанр, экспедитсия.

 4. Маълумот дар бораи роҳбари Лоиҳа ва иҷрокунандагон

Ному насаб

Ва санаи 

таваллуд

Дараҷаи (унвони)  илмӣ,  ҷои кор, вазифа

Нишонӣ, ҷои кор,

e-mail, телефон

Вазифа дар лоиҳа (роҳбар, иҷрокунанда)

11.

Мажнунов Абдуламин

20.01.1983

Номзади илмҳои филологӣ

 

ш.Душанбе, н. Шоҳмансур А.Дониш 32/2 х48

Тел.: 93-564-81-28

2-27-04-47 (к)

e-mail: majnunov-1001@mail. ru

Роҳбари иҷрокунанда

2

Раҳмонов Равшан

28.11.1954

Доктори  илмҳои филологӣ,

 

ш.Душанбе, ноҳияи Сино

А. Навоӣ 10/ 3х 8,9

Тел.:919890208

e-mail: rramoni 54@inbuk. ru

Иҷрокунанда

 

Оймаҳмадов Рустам

25.03.1983

 

Доктор Phd

ш. Душанбе, ноҳияи Сино, Борбади 2, ҳ.57

Тел: 931.09.39.99

Иҷрокунанда

 

4

Азизова Муҳаррам

28.22.1957

 Ходими хурди илмӣ

ш. Душанбе, кӯчаи Фирдвасӣ. Тел.: 2-21-32-23 (к)

Иҷрокунанда

 5

Ғуломшоева Зебогул

20.03.1986

 Ходими илмӣ

ш. Душанбе, кӯчаи Фирдвасӣ, х. 68, ҳуҷраи 49. Тел.: 93

 

 

Иҷрокунанда

7

Оймаҳмадов Рустам

25.03.1983

 

Доктор Phd

ш. Душанбе, ноҳияи Сино, Борбади 2, ҳ.57

Тел: 931.09.39.99

Иҷрокунанда

8

Бухориев Олим

 2.11.1962

 

 Ходими    илмӣ

ш. Душанбе, ноҳияи Сино, Ҳувайдуллоев 2, ҳ.12.

Тел: 938631962, e-mail. Olim.bukori@bk.ru

Иҷрокунанда

 9

Исмоилов Фаредун

 

 

Ходими илмӣ

 

 

 

 

Маяковский 70/2,  ҳуҷра,161  ноҳияи Сино.Тел:934026244

Тел:919890208

Иҷрокунанда

 

 

 

5. Мушкилоти асосӣ.

       Аз аввали солҳои 1950-ум Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба таври мунтазам экспедитсияҳои фолклорӣ созмон дода, фолклоршиносон аз мардумони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва тоҷикони Ӯзбекистон миқдори зиёди асарҳои халқиро гирдоварӣ намудаанд.

6. АРЗИШИ ИЛМИИ ЛОИҲА

Халқи тоҷик дорои фолклор ва фарҳанги ғании суннатӣ мебошад, ки як қисми онҳо тавассути олимони шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ гирдоварӣ гашта, то ба имрӯз дар бойгонии  ин шуъба нигаҳдорӣ мешавад.

7. ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ЛОИҲА

Истифодабарандагони натиҷаҳои лоиҳа, аз як тараф, олимону мутахассисони соҳаи фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ, таърих, забоншиносӣ ва илмҳои дигари гуманитарӣ буда, аз ҷониби дигар, кормандони соҳаи фарҳанг, муассисаҳои илмию таълимӣ, донишҷӯёну омӯзгорон ва рӯзноманигорон ба шумор мераванд. Илова бар ин аз натиҷаҳои лоиҳа, ки дар шакли Маҷмуаҳои фолклорӣ ба табъ мерасанд, кулли дӯстдорони фарҳанги мардум ва адабиёти шифоҳӣ метавонанд аз онҳо баҳравар гарданд.

Заминаҳои илмии таҳқиқот

Маъхаз ва манобеи асосии таҳқиқу тартиб додани силсилаМаҷмуаи илмӣ мавод аз Ганҷинаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ мебошад. Кормандони шуъбаи фолклор ҷиҳати таҳқиқи мавзӯи мазкур заминаи ғании илмию методологӣ доранд.

8. ИНТИЗОРӢ АЗ НАТИҶАҲО

Иҷрои лоиҳа, аз як тараф, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ буда, аз ҷониби дигар, ҷанбаи васеи амалӣ дорад. Бо мақсади дастраси кулли хонандагон гардонидани беҳтарин дурдонаҳои фолклори тоҷик дар шакли чопӣ вазифаҳо мушаххас шудаанд. Натиҷаҳои мунтазира аз лоиҳа ба таври зайл мебошанд:

Барои иҷрои вазифҳои мазкур кормандони шуъба дар масъалаҳои методологӣ ва назария дорои донишу малака ва таҷрибаҳои кофӣ буда, заминаҳои таҳқиқотӣ дар ин самт анҷом дода шудаанд.

Ҳоло дар Институт сиёҳнависи ҷилдҳои дигари Куллиёт мавҷуданд, ки бо мошинка ҳуруфчинӣ шудаанд. Аммо бояд гуфт, ки ин ҷилдҳои Куллиёт сирф илмии назарӣ буда, барои доираи маҳдуди олимон таҳия гаштаанд ва аз он оммаи хонандагон баҳрае гирифта наметавонанд.

Мақсади асосии лоиҳа:

Интхоби мавод аз бойгонии шуъбаи фолклор, омӯзиш, тартиб додан ва чопи онҳо мебошад.

Вазифаҳои лоиҳа:

Коркарди меъёрҳо ва дастгоҳи илмии силсилаи Маҷмуаҳои фолклорӣ таҳти унвони «Гирдоварӣ тасниф ва ба чоп омода кардани Куллиёти фолклори тоҷик»». Интихоби мавод вобаста тартиби жанрҳо аз Ганҷинаи фолклори тоҷик, бойгониҳои шахсии олимон ва қисман аз китобҳои чопшуда.Таҳрир, тасҳеҳ ва чопи силсила ҷилдҳои «Куллиёти фолклори тоҷик». Гирдоварии маводи иловагӣ тавассути созмон додани экспедитсияҳои фолклорӣ.