12 Feb 2023

ШУЪБАИ МАГИСТРАТУРАИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

 

Шуъбаи магистратура ҷузъи таркибии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, фаъолияти батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба татбиқи барномаҳои магистрӣ дар самтҳои филология тайёр кардани магистрантон, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар магистратура, таъмини рақобатпазирии дохилӣ ва байналмилалии магистратураи ИЗА амалӣ месозад. 

Шуъба бо фармоиши директори Институт дар заминаи шуъбаи омоданамои кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ИЗА таъсис ёфтааст. Шуъба дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, ҳамчунин, муқаррароти Низомномаи шуъбаро ба роҳбарӣ дар бар мегирад.

Шуъба дорои вазифа ва барномаи зерин мебошад: роҳнамоии барномаҳои магистрӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбии мутахассисон, такмили сифатҳои кори онҳо баҳри иҷрои вазифаҳои нави меҳнатӣ; ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ, ташкилӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ҷиҳати таъмини ягонагии низоми талабот ба ташкил, шартҳои татбиқ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои тайёр кардани магистрантон; банақшагирӣ ва ташкили раванди таълими магистрантон; ташкил ва баҳисобгирии ҳайати магистрантон.

 

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛ БА ЗИНАИ МАГИСРАТУРА

 

Қоидаҳои қабули довталабон ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои гирифтани зинаи таҳсилоти магистратура

 

1. Қабул ба магистратураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи самт ва ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки вобаста ба омода намудани магистрантон дар ин самт Институт соҳиби иҷозатномаи намунаи давлатӣ мебошад.

2. Барои қабул шудан ба магистратура шахсоне ҳуқуқ доранд, ки яке аз барномаҳои таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонида, дорои диплом (бакалавр ё мутахассис) бошанд.

3. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯйи барномаи бакалавр ё мутахассис хатм карда, бо қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои таҳсил ба магистратура тавсия шудаанд, аз рӯйи ихтисоси 1М-020301-Забон ва адабиёти точик мувофиқ (барномаи магистрӣ) бо таълифи реферат ва гузаштан аз суҳбат-озмун ҳуқуқи ба магистратура ҳуҷҷат супориданро доранд.

4. Шахсони дорои дипломи таҳсилоти олӣ аз рӯйи барномаи бакалаврӣ ва ё мутахассис, ки ихтисосашон бо равияи интихобнамудаашон дар зинаи магистратура мувофиқат намекунад, дар доираи талабот ба имтиҳон роҳ ёфта наметавонанд.

5. Агар дохилшавӣ ба зинаи магистратура дар соли хатми довталаб ба вуқуъ пайвандад, натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ аз рӯйи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос «аъло» бошад). Дар мавриди «хуб» ва «қаноатбахш» будани имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ довталаб имтиҳони дохилшавӣ месупорад. Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як сол ва зиёда аз он сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи «аъло» довталаб аз нав имтиҳон месупорад.

6. Дар гурӯҳҳои буҷавии зинаи магистратура то 15-нафар довталабон дохил шуда метавонанд зиёда аз 15-нафар дар шакли озмун ба тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

7.Қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар зинаи магистратура аз 10.08.2023 то 25.08.2023 сурат гирифта, баъди ба анҷом расидани давраи қабул, суҳбат-озмун ва имтиҳонҳо ҷиҳати қабул ба зинаи магистратура аз 28.08.2023 то 31.08.2023 давом хоҳад кард.

Макони супоридани ҳуҷҷатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, 734025 хиёбони Рӯдакӣ, 33. Тел:

 

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА МАГИСТРАТУРА

 

1. Диплом ва замимаи он (асл).

2. Нусхаи шиноснома.

3. Нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ (барои писарон).

4. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.

5. Расми андозааш 3х4 – 6 дона.

6. Ариза ба номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (дар комиссяи қабули АМИТ дода мешавад).

7. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули АМИТ дода мешавад) – барои магистроне, ки ба гурӯҳи шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

7. Реферат (дар мавзӯе, ки ба ихтисоси интихобкарда мувофиқ бошад).