02 Jun 2023
Submitted by Admin
114

Мулоқоти ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо мавлавипажуҳи маъруфу муътабар ҷаноби Карим Замонӣ (бонуи муҳтарами устод Шукуҳсодот Хонсоринажод, оқои Муртазо Раҷоӣ ва оқои Алии Некрой).

Устод Замонӣ муаллифи “Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ” дар 7 муҷаллад мебошанд, ки 47 бор бо такмилу тасҳеҳи ҷадид бознашр гардидааст. Инчунин ба қалами мавсуф “Шарҳи комили “Фиҳи мо фиҳи””, шарҳи “Девони шамс”, “Бар лаби дарёи “Маснавии Маънавӣ” тааллуқ дорад. Китоби “Миногари ишқ”-и устод Замонӣ шарҳи мавзуии маснавии маънавӣ аст, ки шомили беш аз 100 мавзуъоти маснавии Мавлоно, монанди зебоишиносӣ, ҳастишиносӣ, равоншиносӣ, ишқ, ваҳй мебошад.

Устоди арҷманд Мавлоноро чунин тавсиф мекунанд: “Суханони Мавлоно чунон самимӣ ва ҷаззоб аст, ки аз ҳар нажоду хат ва хиттаву ойине аз зулоли ҳаётангези он ҷоне нав меёбанд ва диле ба шуру шаъаф мерасонанд. Ва турфа он ки ин маҳбубияти фазоянда ба ҳеҷ навъ таблиғи сохтагӣ ва имконоти муқтадиронае такя надорад, балки чун сухани Мавлоно бар ҳақиқату садоқат устувор аст, лоҷарам ҷаҳонгир низ шудааст”.