09 Nov 2023

ГОҲШУМОРИИ ПОРИСЁН АЗ НАЗАРИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

Submitted by Admin
272

Ҳаким Абурайҳон Берунӣ аз аввалин саромадони улуми фалсафа, риёзиёт, тақвим, ҷуғрофиё, таърих дар асрҳои миёна маҳсуб меёбад, зеро бар аксари илмҳои замонааш тасаллут дошт. Аз асарҳои Берунӣ – “Осор-ул-боқия”, “Мол-ул-Ҳинд”, “Китобу-т-тафҳим” дармеёбем, ки мавсуф ҳангоми баррасӣ ва ҳалли масъалаҳо аз улуми гузашта ва замони худ, аз илму фарҳанги миллии хеш ва ақвоми дигар огоҳӣ дошта, ҳангоми таҳқиқи онҳо ҳеҷ таассубе нишон намедод.

TJ
03 Nov 2023

ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ

Submitted by Admin
270

Қавли маъруфи файласуфи бузурги олмонитабори садаи бист Мартин Ҳайдеггер (1889-1976) дар бобати «бинои ҳастӣ» будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҷойи шакку тардид надорад. Воқеан, бинои пойдори ҳастии ҳар қавму миллат дар ҳамаи давру замон забони модарист, ки на танҳо таъриху фарҳанг, одобу русум, балки дар маҷмуъ асолату рисолати ҳастии он қавму миллатро дар ойинаи тамомнамояш мунъакис мекунад.

TJ
22 Sep 2023

УСТОД РӮДАКӢ – ПАДИДАИ НОДИРИ ЗАБОНӢ ВА АДАБИИ РӮЗГОРИ СОМОНИЁН

Submitted by Admin
389

Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд.

TJ
21 Sep 2023

ҚАСИДАИ «БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН»-И УСТОД РӮДАКӢ БАР МАБНОИ ТАҲЛИЛУ ИСТИҚБОЛОТИ ҲУНАРӢ ВА БАҲСҲОИ ИЛМИВУ ИДЕОЛОЖӢ

Submitted by Admin
354

Аз байни осори боқимондаи устод Рӯдакӣ қасидаи «Бӯйӣ Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» ягона асарест, ки аз замони эҷодаш ба баъд аз ҳама бештар диққати аҳли адабро ба худ кашида, мавриди тазмину истиқбол қарор гирифтааст ва дар атрофи он баҳсҳои мухталифе ба миён омадааст. Имрӯз маълум шудааст, ки ба қасидаи мазкур даҳҳо тан аз шоирони минтақаҳои гуногуни форсизабон дар имтидоди зиёда аз даҳ аср муроҷиат кардаву ҷавобия гуфтаанд.

TJ

Pages