12 May 2023
Submitted by Admin
179

12-май дар ҳавлии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмун таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” доир гардид. Дар озмуни мазкур бонувони тамоми Институтҳои АМИТ фаъолона ширкат намуданд. Дар ин озмун навъҳои гуногуни либосҳои минтақаҳои Тоҷикистон - Бадахшон, Хатлон, Зарафшон ва Қаротегин ба намоиш гузошта шуданд. Басо рамзист, ки озмун дар арафаи Рӯзи оила ва Рӯзи Шашмақом доир гардид, бинобар ин навъҳои созҳо, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд. Ҳайати ҳакамони озмун Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиро сазовори ҷойи аввал донистанд.