29 Dec 2022
Submitted by Admin
185

23-уми декабр паёми солонаи Пешвои тоҷикон ба миллати шарафманди Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар саросари мамлакат мардум ҳама; хурду калон, пиру ҷавон ва зану мард гӯши ҷон ба садои Пешвои худ супурда буданд.

Дар паём муҳимтарин дастовардҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистони азиз дар як соли сипаришуда мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, самтҳои муҳиммии рушду тараққиёти ҷомеаи мо барои соли оянда муайяну мушаххас шуданд. Камбудиҳову камкориҳо ошкор ва ба дастоварду комёбиҳо ишораи дақиқ карда шуд.

Бо ин васф, ҳангоми таҳлили фаъолияти солонаи вазорату идораҳои масъули давлатӣ, Пешвои миллат ба масъалаҳои муҳимме дахлу ишора кард, ки ояндаи миллати мо ба ҳалли ин проблемаҳои муҳим вобастагии амиқ дорад. Дувум, ҳаллу фасли чунин масъалаҳо вазифаи як ниҳоди давлатӣ ва хусусӣ нест, балки басеҷи умумимилиро тақозо мекунад.

Пешвои муаззам пеш аз ҳама таваҷҷуҳи ҷомеаро ба самти соҳаи маориф ҷалб кард. Ин ҷумлаи ҳакимонаи ӯ, ки “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад” маънии амиқ ва решадор дорад. Ҳанӯз аз ибтидои асри ХХ таваҷҷуҳи равшанфикрони тоҷик ба самти маориф ҷалб шуда буд. Барои таъсиси макотиби типи нав чи қадар ҷонфишониҳо сурат гирифт. Яъне ҷабҳаи мубориза барои эҳёи маориф дар кишвари мо таърихи беш аз 100 сола дорад. Нигоҳе ба осори устодон С. Айнӣ, А. Мунзим, Т. Асирӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода ва дигарон ошкор менамояд, ки барои равнақи илму маориф фарзандони ин сарзамин чигуна мубориза ва ҷаҳду талош кардаанд. Мо дар ин замина, марҳалаҳои аввалияро гузаштем ва акнун дар марҳалаи дигаре аз мароҳили аз худ кардани илму дониш қарор гирифтаем. Роҳбари давлат таъкид кард, ки “дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд”. Ин як дастоварди бузургест, аммо Пешвои миллат акнун диққати аҳли ҷомеаро ба кайфияти таълим ҷалб мекунад. Бидуни шак, дар зарфи 30 соли гузашта дар кишвари мо мактаб ва гимназияву литсейҳои замонавӣ бунёд ва бо имконоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Акнун бояд сифати таълиму тарбия низ дар мамлакат бо имконоти фароҳамшуда баробар карда шавад зеро “Агар миллат босавод бошад, Ватанашро обод карда метавонад”. Акнун фурсати он фарорасидааст, ки таваҷҷуҳи умум ба самти беҳтар кардани шароити муаллимон, мутобиқ кардани системаи таълим бо барномаҳои ҷаҳонӣ ва тарбияи мутахассисони донову кордон ҷалб гардад. Насли наве, ки ояндаи кишварро ба дасти худ мегирад. Ин насл аз ҳар ҷиҳат бояд аз наслҳои гузаштаи хеш фарқ дошта бошад. Тарбияи насли муваффақу пешрафта аз хонавода шурӯъ гардида, дар макотиби ҳамагонӣ такмил ёфта ва дар донишгоҳҳо бояд ба авҷи худ бирасад.

Маориф ва амният

Маориф бо амният робитаи ногусастанӣ доранд. Дар ҳар ҷомеае, ки сатҳи саводнокӣ болотар бошад, амнияти он ҳам мустаҳкамтар аст. Пешвои муаззам дар Паёми хеш ба ин масъала ба хубӣ равшанӣ андохт ва бар нақши маориф дар таҳкими амнияти миллӣ таъкид кард. Мактабу маъориф бояд насли ҷавонро аз офати хурофот ва идеологияҳои вайронгар эмин нигоҳ доранд. Таваҷҷуҳи онҳоро ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб намоянд. Амнияти босубот роҳро барои сармоягузорӣ боз хоҳад кард ва иқтисоди шукуфо барои равнақи маориф мусоидат мекунад. Ин бахшҳо ҳама бо якдигар иртиботи ногусастанӣ доранд. Агар ба саломатии як узви бадан бетаваҷҷуҳӣ шавад, метавонад дигар узвҳоро олудаву бемор кунад. Сохторҳои иҷтимоӣ ҳам шабеҳи узви бадани инсон буда, бо якдигар иртиботи қавӣ доранд. Ҳамчунон, ки Саъдӣ фармуда:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор!

Пайвастагӣ ва робитаи ниҳодҳои иҷтимоӣ аз қадим барои аҳли хирад маълум ва ошкор будааст. Имрӯз ҳам ҳамин иртибот дар ҷомеаҳои башарӣ барқарор буда, вобастагии онҳо ба якдигар аз гузаштаҳои дур мустаҳкамтар гардидааст. Сухан имрӯз аз аҷзои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ меравад ва насли ояндаи мо низ дар ҳамин сатҳ бояд андешаронӣ кунад. Яке аз пешгомони ин равия дар замони истиқлол Пешвои миллати тоҷик аст, ки пешниҳодҳои созандаи ӯ мураттаб аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди қабули ҳамагон қарор мегирад. Тасвиби пешниҳоди «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, намунаи ошкори нақшофарии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалиро ба намоиш мегузорд. Миллати тоҷик аз ин фурсатҳо бояд барои бозофаринии қудрати сиёсию иҷтимоии хеш истифода кунад. Миллат бояд дар ин заминаҳо бо давлат ҳамфикру ҳамовоз бошад.

Ваҳдат ва амнияти миллӣ

Нуктаи муҳимми дигаре, ки дар Паёми имсола ба он ишора гардид, хатару таҳдидҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Дунё дар остонаи чандқутбӣ шудан қарор дорад ва тақсимоти нави геополитикии ҷаҳон башиддат оғоз шудааст. Дар ин раванди бошитоб имкони аз байн рафтани давлатҳо, миллиятҳо ва фарҳангҳои ҷудогона вуҷуд дорад. Пешвои тоҷикон ба дурустӣ баён кард, ки дар чунин шароит он чи миллатҳоро наҷот медиҳад ваҳдати миллӣ аст на яроқи ядроӣ. Қудрати ваҳдати миллӣ ба маротиб бештар аз силоҳи атомӣ аст. Силоҳи атомӣ натавонист пеши роҳи фурупошии Шуравиро бигирад. Ё истифодаи ҳамин силоҳ натавонист аз пешрафту тараққиёти мардуми Жопон ҷилавгирӣ кунад. Ин намунаҳо баёнгари ин нукта аст, ки қудрати ваҳдати миллӣ бештар аз силоҳи атомӣ аст. Ин нуктаро шоири ватансаро Давлат Сафар билофосила чунин ба риштаи назм кашидааст:

Дар ҳарфи ПАЁМИ нав, ки аз дил бархост,

Маънои шукӯҳи ТОҶИКИСТОН барҷост.

Бо номи ватан алайҳи ҳар таҳдиде

Сарҷамъии мо яроқи ядроии мост!

Дар ин марҳала ваҳдати миллӣ ва якдилии халқу давлат барои дигаргун кардани сарнавишти ҳамагонӣ нақши асосӣ мебозанд. Пешвои миллат ҳам ба ҳамин нуктаи муҳим ишора кард ва шарти ягонаи расидан ба ҳадафҳои калони миллиро дар ҳамкории халқу давлат арзёбӣ кард: “Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд”.

Ҳаёт ва шуҷоати миллӣ

Авҷи Паёми солонаи Пешво даъвати мардум ба шуҷоату ҷавонмардӣ буд. Имрӯзҳо, ки аз чор тараф ҳастии миллии мо дар маърази таҳдиду фишор қарор дорад, танҳо роҳи наҷот шуҷоат ва азхудгузаштагии афроди миллат аст. Файласуфону ҷомеашиносони барҷастаи ҷаҳонӣ ҳастии миллатҳоро ба мизони қудрати онҳо вобаста донистаанд. Дар адабиёти классикӣ ва муосири мо низ роҷеъ ба ин мавзуъ ишораҳои фаровоне шудааст, аз ҷумла:

Бирав қавӣ шав, агар роҳати ҷаҳон талабӣ,

Ки дар низоми табиат заиф помол аст.

Фирдавсӣ, ки рамзи қудратофари миллии мо ба шумор меравад, дар “Шоҳнома”-и хеш ҳамеша аз фазилати қудрати миллӣ ёдоварӣ мекунад. Ӯ қудратро асли ҳастӣ медонад, аммо тавоноие, ки мавриди ситоиши Фирдавсӣ аст аз дониш маншаъ мегирад:

Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,

Ки солор бошам кунам бандагӣ.

Калими Кошонӣ ҳам, ки аз парокандагии миллии мо дар ранҷу озор будааст, қудрат ва тавоноиро барои тараққии фард ва миллат амри бениҳоят зарурӣ арзёбӣ кардааст. Калим ҷоннисорӣ барои Ватанро сад бо беҳтар аз ғуломию асорат донистааст:

Қудрат чу нест мурдан аз зиндагонӣ хуштар,

Сад бор сарбурида, беҳтар зи парбурида.

Дар боло ишора шуд, ки манзур аз қудрат дар назди бузургон танҳо силоҳу муҳиммот ва бару дӯши ғулпайкар нест, балки дониш ва руҳи озодаи миллӣ будааст. Малик-уш-шуаро Баҳор аз шоирони муосир низ, ки дар асри ХХ замони бархурдҳои шадиди идеологӣ ва ҷангҳои ҷаҳонӣ зиндагӣ кардааст, мефармояд:

Ҷаҳон сар ба сар ҷойи зӯр асту бас,

Мукофоти безӯр гӯр асту бас!

Хулоса, ҳастии миллатҳо ба мизони қудрати онҳо вобастагӣ дорад ва дар дунёи муосир низ қудрати миллатҳо аз донишу тавоноиҳои зеҳнии онҳо маншаъ мегирад. Дониш ва тасаллут бар илм ҳам бо шарофати мактабу маориф ҳосил мегардад. Аз ин рӯ, таъкиди роҳбари давлат барои тақвияти системаи маориф ҳам барои тақвияти ваҳдат ва ҳам барои тармими заъфҳои руҳию равоние, ки дар тӯли садсолаҳо дар зеҳни мо шакл гирифтааст, мусоидат хоҳад кард. Ибораи маъруфи Пешво “Аз чӣ метарсед, натарсед!” барои ҳалли ҳамин мушкил баён шудааст ва таҳаввули шигарфе дар вуҷуди ҳар яки мо бар ҷо хоҳад гузошт. Чунки тарс мисли як вирусе ҳаст, ки қудрати амал карданро дар вуҷуди як фард ва ё як миллат нобуд мекунад. Дар илми тиби муосир ба ин гуна беморӣ “Синдроми тарс” мегӯянд, ки он шуморо аз баҳодиҳии оқилонаи худ ва дастовардҳои худ бозмедорад, одамро пайваста асабӣ карда ва аз фош шудан метарсонад. Ин тарс барои шахсияти инсон вайронгар буда, монеи пешрафти ҳаёти ӯ мегардад.

Бинобар ин, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешво миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми инсонсоз ва илҳомбахши миллӣ буд, ки дар баробари мусоидат ба равнақи иқтисоду саноати мамлакат дигаргуниҳои тозаи руҳию равонӣ низ ба бор хоҳад овард.

Беҳрӯзи Забеҳулло,

мудири шуъбаи адабиёти муосири

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ