11 Jan 2023
Submitted by Admin
208

ПАЁМИ РАҲНАМО

    Умриддин Юсуфӣ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Ба андешаи ман, ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимми сиёсии кишвари мо дар соли гузашта мебошад. Бад-ин далел, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро дар доираи як барномаи мукаммал тарҳрезӣ карданд.

          Агар ин маъниро ба таъбири дигар баён созем, дар ин ҳуҷҷати асосии сол муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҷамъбасту арзёбӣ ва дар навбати худ вазифаҳои оянда муайян ва мушаххас гардидааст.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Президент дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба рушди илму маориф низ аҳаммияти хосса дода шудааст.

Пешвои миллат ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро аз ҷумлаи самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои муассир андешиданд.

Чунонки шумо дар хотир доред, соли гузашта Пешвои миллат барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Тоҷикистонро имзо карда буданд. Ин нуктаро Роҳбари давлат бори дигар, дар Паёми навбатии худ таъкид карда, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла кормандони Академияи миллии илмҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар баробари дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба Вазорати молия супориш доданд, ки: «аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд».

         Албатта, ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат ба мо кормандони илмӣ зарур аст, ки фаъолияти илмии худро сифатан беҳтар намоем.

         Нуктаи дигари муҳим, ки Пешвои миллат ба он ишора карданд, «ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ мебошад». Бешак, рушди нерӯи инсонӣ ба таълиму тарбия иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми худ махсус таъкид карданд, ки «бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад». Агар мо ин сухани Роҳбари давлатро, бо забони илм баён кунем, чунин маънӣ ба ҳусул ояд, ки маориф омӯхтан аст ва ҳар қадар омӯзиш зиёд гардад, он яқин аст, ки ба илм табдил шавад.

Гузаштагони мо ҳамеша фазилат ва моҳияти илмро ситудаанд. Аз ҷумла, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ дар рисолаи «Ахлоқи Муҳташамӣ» дар ситоиши илму олим чунин мулоҳизаи арзишманд дорад: «Илм рӯшании чашму дил бувад ва ҷаҳл ҳайрати ҳангом. Оқил саъй дар он кунад, ки ҷамолаш бо ӯ бимонад ва вуболаш аз ӯ бибарад».

Бешак, пояи ҳар дониш, хусусан илмҳои филологӣ ба василаи сухан анҷом мепазирад. Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ яке аз поягузорони фанни балоғат илмро наҷобату шарофати инсонӣ баршумурда ва дар муқаддимаи рисолаи «Асрору-л-балоға» менависад: «Бидон, ки ин сухан аст, ки донишҳоро дар ҷойгоҳи худ қарор медиҳад ва маротибу дараҷоти онро равшан месозад, аз рухсори улум парда мебардорад ва меваҳои гуногунашро мечинад ва моро бар асрори улум раҳнамоӣ карда, ботину замири онҳоро ошкор месозад», ки ҳақ ба ҷониби ӯст.

Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба рушди бонизоми соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид, бунёди мактабҳои типи нав, синфхонаҳои иловагӣ, таҷдиду таъмири биноҳои макотиб, харидории лавозимоти хониш, чопи китобҳои дарсӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим, тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй ва баланд бардоштани мақому манзилати омӯзгор эътибори ҷиддӣ дода, корҳои муайянеро дар ин самт анҷом дод. Чунонки Президент дар Паём таъкид доштанд, «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад». Шоире бисёр бамаврид гуфтааст:

Ба адл аст ҳар салтанатро субот,

Ба илм аст ҳар мамлакатро мадор.

Яъне, мадори ҳар мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистонро илм ташкил медиҳад ва тамоми пешрафти соҳаҳо, бидуни шубҳа, ба рушди илм вобаста мебошад.

Пешвои миллат дар идома мефармоянд: «Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».

Ба назари ман, ин нукта дар байтҳои зери Саноӣ нуҳуфта:

Кори беилм бору бар надҳад,

Тухми бемағз бас самар надҳад.

Дарди беилм тухми дар шӯра-ст,

Илми бедард санги дар кӯра-ст.

 Олим он кас бувад, ки маънии бикр,

Оварад ӯ бурун зи андуҳу фикр.

Нуктаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, маҳз ба кормандони илмӣ иртибот дорад: «Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд».

Агар ба ҷумлаи боло бо диққат таваҷҷуҳ фармоед, Пешвои миллат маҳз муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олиро вазифадор карда истодаанд, ки 1) ба василаи анҷом додани кашфиёту ихтироот, 2) ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва 3) истифодаи техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ бояд саҳми худро гузоранд.

Ин чунин маъно дорад, ки мо – кормандони илмӣ аз ҳарвақта бештар ба корҳои таҳқиқиву пажуҳишӣ, ки ба манфиати илм ва дар маҷмӯъ ба суди кишвар аст, машғул бошем. Зеро вазъи кунунии илми кишвар, аз олимони соҳаҳои мухталифи илм тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ пешниҳодҳои мушаххас дошта бошанд, ки ба рушди самтҳои гуногуни илм такон бахшад.

Нуктаи охире, ки дар Паёми Пешвои миллат омада, «пайванди илм ва истеҳсолот» мебошад, ки он яке аз ҳадафҳои асосӣ ва бунёдии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ман боз ба андешаҳои Хоҷа Насируддини Тӯсӣ такя мекунам ва ҷонибдори ақидаи ӯ ҳастам, ки иртиботи илм ва амалро бисёр зарифона баён кардааст: «Амали андак бо илм бисёр бувад. Ва амали бисёр бо ҷаҳл андак бувад. Ҳар ки илмаш ӯро суд надорад, ҷаҳлаш зиён дорад». Ҳамин мутафаккир дар ҷойи дигар менависад: «Ақл ёд гирифтани таҷрибаҳост. Таҷрибаҳо ақли муктасаб бувад. Оқил касе бувад, ки ботил фурӯ гузорад».

Мусаллам аст, ки донишмандони муҳимтарин ниҳоди илмии кишвар, яъне Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ пажуҳишҳои илмии худро идома дода, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат ҳиссаи арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Ва сухани худро бо ин абёти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки андар фазилати илм гуфта шудааст, ҳусни ихтитом мебахшам:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост, илм,

Қуфлкушои ҳама дарҳост, илм.

Дар талаби илм камар чуст кун!

Даст аз ашғоли дигар суст кун!