09 May 2023
Submitted by Admin
94

РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК!

Дар таърихи халқу Ватани мо санаҳои муҳимми таърихӣ вуҷуд доранд, ки бо хотираи мардумони ин сарзамин гиреҳ хӯрдааст. Ҷашни ғалаба бар фашизм, ки тамоми инсонияти сулҳдӯсти сайёра онро ҳамасола 9 май қайд менамоянд, барои аҳли кишвари азизи мо ҳам аз рӯзҳои фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад. Қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои ҳамватанони мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо унвони баланди – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадр карда шудаанд. 78–умин солгарди ин ғалабаи бузургро ба кулли ҳамватанони гиромӣ сидқан табрик намуда, хостори он ҳастем, ки дар таҳаққуқи сулҳи кул дар ҷомеа, ҷаҳон ва кишварамон кӯшо бошем, зеро сулҳу амният аз ниёзҳои муҳимми фитрии башар аст.

Бо эҳтиром

Раёсати Институт