06 Dec 2022
Submitted by Admin
163

Санаи 06.12.2022 дар Осорхонаи адабию ёдгории Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба бузургдошти 135- солагии шоир ҳамоиш баргузор гардид.

Дар маҳфил устодону шогирдон аз Донишгоҳи омузгорӣ, ходимони илм аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, кормандони осорхонаҳои муттаҳида иштирок ва суханронӣ намуданд. Суханони устодон, назарсанҷиву андешарониҳо ва шеъру ғазалхонии шогирдон манзараи дилкашро ба вуҷуд овард.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷашни 135-солагии Абулқосим Лоҳутӣ.