20 Jun 2023
Submitted by Admin
137

Дар таърихи 20.06.2023 дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, семинари илмӣ дар мавзуи “Тоҷик: сарзамин, миллат ва забон” баргузор гардид. Дар семинар забоншиносони маъруф: раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ- д.и.ф. Муҳаммадҷонзода О., муовини раиси Кумитаи мазкур узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.- Раҳматуллозода С., декани факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, н.и.ф. Шодиев Р. ва дигарон ширкат ва суханронӣ намуданд. Семинарро директори Институт д.и.ф.- Шарифзода Ф.Х. ифтитоҳ намуд. Сипас узви вобастаи АМИТ д.и.ф., мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА АМИТ- Назарзода С. дар мавзуи “Тоҷик: сарзамин, миллат ва забон” ва оид ба ҷойгоҳ ва нақши китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, суханронии пурмуҳтаво намуд.