11 Jan 2023

   ШУЪБАИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТ​

    Шуъбаи таърихи адабиёт яке аз сохторҳои аввалин ва асосии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотиашро аз солҳои 30 ва 40 асри гузашта оғоз намудааст. Дар ибтидо он дар дохили сохторҳои муштарак, аз ҷумла бахши сектори таърих ва забоншиносӣ (ноябри 1933), сектори адабиёт ва фолклор (ноябри 1040) ва баъд ба сифати шуъбаи мустақили «Адабиёти классикӣ» (марти 1951) амал мекард. Аз соли 2012 шуъбаи «Таърихи адабиёт» ном дорад.

    Дар ин фосила вазифаи мудирии шуъбаи мазкурро академик Абдулғанӣ Мирзоев, д.и.ф., профессор Расул Ҳодизода, д.и.ф., узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад, н.и.ф. Ғиёсиддин Қодиров ва д.и.ф. Ҳоким Қаландариён ба уҳда доштанд. Феълан ба он д.и.ф., профессор Абдунабӣ Сатторзода роҳбарӣ мекунад.

   Шуъбаи «Таърихи адабиёт» дар оғози таъсис ва солҳои баъдина бо ташаббуси академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдулғанӣ Мирзоев бо таҳқиқи адабиёти форсии тоҷикӣ, хоса адабиёти асрҳои XVI ва ибтидои асри XX, осори намояндагони он, ки кам омӯхта шуда буд, машғул буд.

   Абдулғанӣ Мирзоев, ки пас аз Ҷанги бузурги ватанӣ фаъолияти илмии худро ба Институти таърих, забон ва адабиёт пайваста буд, дар соли 1944 Девони Сайидои Насафиро чоп намуд ва таваҷҷӯҳи адабиётшиносонро ба адабиёти асрҳои XVI-XIX тоҷик ҷалб кард.

   Ӯ соли 1945 ба сифати мудири шуъбаи адабиёти Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикии АИ СССР ба кор шуруъ намуда, дар соли 1947 директори институти мазкур таин мешавад.

  Абдулғанӣ Мирзоев робитаи Институтро бо марказҳои дигари илмӣ ва ховаршиносони маъруф Е.Э.Бертелс, И.С.Брагинский, А.Н.Болдирев ва монанди онҳо бештар мекунад ва онҳоро ба ҳамкорӣ ва тарбияи мутахассисон ҷалб месозад. Ӯ дар ин солҳо дар таҳқиқи адабиёти форсии тоҷикӣ пурсамар фаъолият мекунад. Мақолаҳои ӯ «Камол ва як шарти муҳимми омӯхтани ӯ», «Ҷомӣ ва таҳсили илму ҳунар», «Дастнависҳои тозаи як маснавии Ҳилолӣ» ва ғ. ба масъалаҳои умдаи адабиётшиносӣ бахшида шудаанд.

  Бо вуҷуди ин таваҷҷуҳи Абдулғанӣ Мирзоев бештар адабиёти асрҳои XVI-XIX буд. То он замон муҳаққиқони адабиёти форсизабон махсусан, ховаршиносон ба адабиёти асрҳои мазкур беэътиноёна назар карда, арзишҳои он давраро нодида мегирифтанд. Абдулғанӣ Мирзоев ба таври ҷиддӣ ба омӯзиши адабиёти асрҳои XVI-XIX машғул шуда, муҳаққиқони дигарро низ ба ин масъала ҷалб намуд ва ин масъала минбаъд аз мавзуъҳои асосии бахши адабиёти Институти забон ва адабиёт гардид.

   Пас аз таълифи асари Абдулғанӣ Мирзоев «Сайидои Насафӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» марҳалаи муҳиме дар таҳқиқи адабиёти давраи мазкур оғоз гардид. Бо таълифи ин асари худ Абдулғанӣ Мирзоев на танҳо як симои барҷастаи адабиёти асри XVII тоҷикро кашф намуд ва аҳволу осор, андешаву афкор, сабку ҳунари эҷодӣ ва мақоми ӯро дар адабиёти ин давра ошкор сохт, балки чанде аз масъалаҳои умдаи назариро низ матраҳ намуда, хусусиятҳои махсуси раванди адабиро дар он қарнҳо муайян намуд. Бо овардани далелҳои фаровон аз осори Сайидо муҳаққиқ аз ҷумла собит кард, ки адабиёти форсии тоҷикӣ дар ин давра ба ҳаёти мардуми заҳматкаш хеле наздик шуда, орзуву омоли мардум, рӯзгору андешаҳои косибону ҳунармандонро хеле барҷаста баён намудааст. Ин асар аз ҷониби донишмандон писандида шуда, бо таҳриру такмил ду маротиба ба забони русӣ нашр гардид.

   Дар асари дигари худ «Мулҳами Бухороӣ» Абдулғанӣ Мирзоев аҳволу осори шоири ҳамасри Сайидоро, ки ӯ ҳам аз аҳли ҳунар буд, мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Ташаббуси Абдулғанӣ Мирзоевро дар омӯзиши адабиёти асрҳои XVI-XIX адабиётшиносони дигар, ки бештари онҳо дар солҳои гуногун дар бахши адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кардаанд, идома додаанд. Минбаъд Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Расул Ҳодизода, Камол Айнӣ, Мирзо Аҳмадов, Амирбек Абибов, Абубакр Зуҳуриддинов, Садрӣ Саъдиев, Усмон Назиров ва дигарон дар таҳқиқи адабиёти ин давра ва намояндагони барҷастаи он таҳқиқоти назаррас анҷом доданд.

  Дар тадқиқи адабиёти давраи мазкур, махсусан хидмати Р. Ҳодизода, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарии бахши адабиёти пешинро дар Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ ва Институти шарқшиносӣ ва осори хаттӣ ба ӯҳда дошт, хеле назаррас аст. Ӯ на танҳо ба таълифи очеркҳои таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои XI-XIX роҳбариву роҳнамоӣ карда, таҳрири 12 ҷилди онро ба ӯҳда доштааст, балки дар таҳқиқи адабиёти асри XIX ва аҳволу осори намояндагони барҷастаи он, бахусус маърифатпарвари бузург Аҳмади Дониш саҳми бузург гузошта, дар ин самт чандин таълифот, аз қабили «Сарчашмаҳо оид ба омӯхтани таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX», «Шамсуддин Шоҳин», «Гулчини осори Аҳмад-махдуми Дониш»-ро ба чоп расондааст.

   Солҳои 50-уми асри XX аз давраҳои хеле пурбори фаъолияти адабиётшиносии Абдулғанӣ Мирзоев дар Институти забон ва адабиёт буд. Рисолаи боарзиши ӯ «Биноӣ», ки муаллиф дар он аҳволу осори намояндаи барҷастаи адабиёти ин давра Камолиддини Биноиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, андешаҳои ғайриилмӣ ва бебунёди як гурӯҳ муаллифони ӯзбекро дар бораи муносибати Биноӣ бо Навоӣ ва адабиёту фарҳанги халқи ӯзбек фош кард ва ҳақиқиати таърихро бо далелҳои муътамад нишон дод. Бесабаб нест, ки барои ин асар ба Абдулғанӣ Мирзоев унвони доктори илми филология дода шуд ва он ба забони русӣ ҳам дар Москва нашр гардид.

   Бо сарварии Абдулғанӣ Мирзоев бахши адабиёти классикӣ ба як маркази муҳими адабиётшиносӣ табдил ёфта ва дар он як гурӯҳ муҳаққиқони варзида таҳқиқот анҷом медоданд. Баъдан ин бахш моҳи январи соли 1958 бунёди шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон гардид. Ҳарчанд маркази тадқиқи адабиёти форсии тоҷикӣ ба Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ, ки баъдтар ба Институти шарқшиносӣ ва осори хаттӣ табдил дода шуд, интиқол ёфта буд, вале дар Институти забон ва адабиёт низ омӯзиши адабиёти пешина қатъ нагардид.

   Соли 1967 дар Институти забон ва адабиёт сектори адабиёти классикӣ таъсис ёфт ва баъдан бахши таърихи адабиёти Институти шарқшиносӣ ва осори хаттӣ дубора ба Институти забон ва адабиёт интиқол шуд.

   Яке аз муҳимтарин мавзуъҳои таҳқиқотӣ, ки бахши адабиёти пешина ба нақша гирифта буд, таълифи очеркҳои таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ аз замонҳои қадим то ибтидои асри XX буд.

  Тавре ки зикр шуд, роҳбарии ин кори муҳими дастаҷамъӣ ба ӯҳдаи Расул Ҳодизода вогузор шуда буд. Азбаски таълифи таърихи адабиёти форсу тоҷик аз замонҳои қадим то асри XI-ро ховаршиноси маъруф Е.Э.Бертелс ба анҷом расонида буд ва он соли 1960 чун ҷилди аввали «Осори мунтахаб»-и ӯ чоп гардид, адабиётшиносони тоҷик ба ин натиҷа расиданд, ки онро ба ҳамон усул идома диҳанд. Бо саъю кӯшиш ва роҳбарии Р. Ҳодизода ва иштироки адабиётшиносони варзидаву ҷавони тоҷик ва қисман ширкати ховаршиносони маъруф А.Н.Болдирев, И.С.Брагинский, А.Бертелс ва Муҳаммаднурӣ Усмонов силсилаи очеркҳои таърихи адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XI-XIX дар 12 китоб ба анҷом расонда шуд.

   Очеркҳои мазкур барои таълифи илмии таърихи адабиёти форсу тоҷик замина муҳаё намуд. Бинобар ин, шуъбаи адабиёти классикии Институти забон ва адабиёт ҳамроҳи шуъбаи адабиёти муосир таълифи «Таърихи адабиёти тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз»-ро дар 10 ҷилд ба нақша гирифтанд. Бо саъю кӯшиш ва заҳмати кормандони Шуъбаи адабиёти классикӣ 4 ҷилди «Таърихи адабиёти форсу тоҷик аз аҳди бостон то асри XV» навишта шуд. Вале ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки ин таҳқиқоти муҳим ба анҷом расонда шавад.

   Бахши адабиёти классикии Институти забон ва адабиёт маркази ҳамоҳангсози мавзуъҳои таҳқиқотии соҳаи адабиёти классикӣ буда, дар тарбияи мутахассисони варзида саҳми калон гузоштааст. Ҳар сол даҳҳо рисолаҳои илмии адабиётшиносони ҷавону варзидаи ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои чоп ва ё дарёфти унвонҳои илмӣ тавсия мегарданд.

    Дар солҳои гуногун адабиётшиносони зиёде дар ин марказ кор карда, ба камол расидаанд ва имрӯз дар муассисаҳои гуногуни илмиву таълимии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ кору фаъолият доранд. Докторҳои илми филология, профессорҳо Усмон Каримов, Наҷмӣ Сайфиев, Аҳмад Адуллоев, номзадҳои илми филология Ҷумъабой Азизқулов, Исматулло Ҳидоятов, Саидумар Султонов, Абдурашид Самадов, Қамчин Чиллаев, Назира Кароматуллоева, Тӯҳфа Бойматова, Зулфия Ҳасанова, Асрор Бобоев инчунин Хосият Валихӯҷаева, Ҳомид Самадов аз ҳамин зумраанд. Ҳамчунин дар солҳои гуногун адабиётшиносон Абдуманнон Насриддинов, Юсуфҷон Салимов, С. Мирсаидов, Аскар Акрамов, Амина Соҳибова ва дигарон дар ин бахш кор кардаанд.

   Бахши адабиёти классикӣ бо марказҳои гуногуни илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҳамкориву робита дорад. Кормандони бахш Расул Ҳодизода, Ансор Афсаҳов, Наврӯз Саркоров, Муаззам Диловаров солҳои зиёд бо Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Шуравӣ ҳамкорӣ намуда, дар таҳияву нашри матни илмиву интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва таҳияи «Луғатнома»-и «Шоҳнома» ширкат варзиданд. Ҳоло бахш бо «Бунёди эроншиносӣ», «Донишномаи адаби форсӣ», «Доиратулмаорифи бузурги исломӣ» дар Теҳрон, «Маркази фирдавсишиносӣ» дар Машҳад робитаву ҳамкорӣ дорад.

   Робитаҳои байналмилалии бахши адабиёти классикӣ солҳои охир самараи хуб медиҳад. Китоби Расул Ҳодизода «Ҳаллоҷи ишқ», ки ба зиндагиву андешаи Мансури Ҳаллоҷ бахшида шудааст, дар Машҳад ба табъ расид. Тазкираи «Ёди ёри меҳрубон» (мураттиб М. Муллоаҳмадов, Теҳрон, 2001, 860 саҳ.) дар адабиётшиносии Эрон хуб пазируфта шуд. Дар маҷаллаҳои илмии «Эроншинохт», «Ошно», «Номаи порсӣ», «Хуросонпажуҳӣ» чандин мақолаи кормандони илмии бахш Расул Ҳодизода, Мирзо Муллоаҳмадов, Фаридун Ҳодизода ба табъ расиданд. Дар «Донишномаи адаби форсӣ» (Теҳрон, веросати дувум, 2002) даҳҳо мақолаҳои кормандони бахш нашр гардиданд.

   Кормандони илмии бахш Расул Ҳодизода, Мирзо Муллоаҳмадов, Фаридун Ҳодизода, Музаффар Муҳаммадиев дар ҳамоишҳои байналмилалии илмие, ки солҳои охир дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Машҳад, Нишопур, Арок ва амсоли инҳо баргузор гардиданд, суханрониҳои илмӣ карданд. Танҳо дар соли 2003 онҳо дар чаҳор ҳамоиши илмӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни Эрон баргузор шуда буданд, ширкат ва суханронӣ карданд. Ин ҳама аз вусъати ҳамешагии ҳамкориҳои байналмилалии кормандони бахши адабиёти пешин шаҳодат медиҳанд.

     Дарки зарурати ба таври усулӣ ва илмӣ, бо биниши нав ва назари нав таҳқиқи ва таълиф намудани таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ва таълими он дар доираҳои илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон дар нимаи аввали солҳои 80-уми садаи ХХ оғоз гардида, дар даврони Бозсозӣ ва Ошкорбаёнӣ ошкортар ва умумитар шуд. Маҳз дар ҳамин давра шуъба таълиф ва нашри силсилаи очеркҳо оид ба адабиёти форсии тоҷикиро дар 12 ҷилд ба уҳда гирифта буд. Аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90 ва кӯч бастани баъзе аз ходимон имкон надод, ки ин тарҳ амалӣ гардад.

    Бо дарки зарурати фавқулодаи навиштани таърихи мукаммали илмӣ ва усулии адабиёти форсии тоҷикӣ аз даврони бостон то замони Истиқлоли давлатӣ Президенти муҳтарами ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри 210 аз ҷумла ба Академияи илмҳои ҶТ супориш доданд, ки «китоби таърихи адабиёти тоҷик таҳия ва нашр карда шавад».

    Ходимони шуъба бо ҷалби донишмандон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ аз ҷумла академикҳо Носирҷон Салимӣ, Кароматулло Олимов, узвҳои вобастаи АИ ҶТ – Мирзо Муллоаҳмадов ва Низомиддин Зоҳидӣ, докторони илми филология Субҳон Амирқулов, Шарифмурод Исрофилниё, Бадриддин Мақсудов, Садрӣ Саъдиев, Ҳоким Қаландариён, Матлубаи Мирзоюнус, номзадҳои илм Валӣ Самад, Шамсиддин Муҳаммадиев, Алии Хуросонӣ, Анзурати Маликзод, Бобек Раҳимӣ, Боймурод Шарифзода, Мубашшири Акбарзод ва дигарон ба таҳия ва таълифи «Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (аз замони бостон то ибтидои садаи XX)»-ро дар шаш ҷилд бо роҳбарии д.и.ф., профессор Абдунабӣ Сатторзода навиштанд. Ҷилди аввали он «Адабиёти давраҳои бостон, арабизабон ва асрҳои VIII ва IX» соли 2019 дар нашриёти «Дониш» дар ҳаҷми 629 саҳифа ба нашр расид. Ҷилдҳои дигар омода ба чоп мебошанд.

   Шуъбаи таърихи адабиёт аз соли 2021 мувофиқи Лоиҳаи «Донишномаи адаби форсии тоҷикӣ» фаъолият дорад. Донишномаи мазкур дар 5 ҷилд ба табъ хоҳад расид.

  Дар назди шуъба се маҳфили илмӣ: «Бедилхонӣ», «Сухансанҷ» ва «Сексияи адабиётшиносӣ» фаъолият доранд, ки муттасил баргузор гашта, масъалаҳои мубрами илмиро матраҳ менамоянд.