28 Nov 2022

ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ ГАНҶИНАИ ЛУҒАТ ВА ИСТИЛОҲОТ МАВОДИ ДАСТНАВИСИ БАРГА-МИСОЛҲОИ ОН

Ганҷинаи маводи дастнависи барга-мисолҳои Шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии шуъба (соли 1943-1944) ташкил карда шудааст, ки онро баргаҳои дастнависи Ганҷи­на собит мекунанд. Нахустин феҳристи осори адабӣ, таърихӣ ва илмие, ки ба ҳайси манбаъ истифода мешуданд, соли 1953 таҳия ва тасдиқ карда шуд. Захираи барга-мисолҳои Ганҷина аз адабиёти классикии тоҷику форс ва осори бадеии адибони муосири тоҷику форс, асарҳои сиёсиву иҷтимоӣ, илмӣ, китобхои дарсӣ, матбуоти даврӣ, тарҷумаи асарҳои адибони бузурги ҷаҳон ва ғайра таркиб ёфта, имрӯз ба зиёда аз 4 миллион мерасад. Дар таҳияи маводи Ганҷина онҳое саҳм гирифта буданд, ки дар хатти арабӣ савод доштанд, вале дар интихоби калимаҳо аз адабиёти гуногуни муосир ва бо мисолхо ба варақахо кӯчондани онхо кор ранги оммавӣ гирифта буд. Ба ин кор ҳатто як муддат донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгохи давлатии Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаомӯз ҷалб гардида буданд. Ба интихобкунандагон дастурамали оид ба интихоби калимаҳо бо мисолхо дар шуъба тартиб дода шуда буд. Ба воситаи ин дастурамал интихобкунандагон бо максад ва тарики интихоби калимаҳо, чигуна­гии шарҳу эзоҳи маъно, пуррагии ҷумлахои чун мисол иқтибосшаванда аз назму наср, тартиби зикри номи муаллиф, унвони асар, маҳал ва соли чоп, рақами ҷилд ё шумораи маҷаллаву рӯзнома ва сахифа ба таври муфассал ошно мешуданд. Ҳамин тариқ, Ганҷина сол ба сол такмил дода мешуд.

      Низоми ташкил ва истифодаи Ганҷина ба ин шакл аст: маводи Ганҷина дар ҷевонҳо ҷойгир карда шудааст. Ҳар як ҷевон аз 56 қуттӣ иборат буда, баргаҳо ба теъдоди 2-2,5-ҳазорӣ дар қуттиҳо ҷойгир шудааст. Ҷойгиркунонӣ ба тартиби алифбои берунӣ ва дохилии кириллӣ анҷом дода шудааст. То имрӯз аз Ганҷина кормандони шуъба ё хонандагони беруна маводи заруриашонро аз рӯйи тартиби алифбои кириллӣ бо мутолиаи барга-мисолҳо дастӣ пайдо намуда, дар компютерҳо ҳуруфчинӣ мекунанд. Барга-мисолҳои нав ба шакли дастнавис иншо шуда, бо тартиби алифбоӣ дар қуттиҳо гузошта мешаванд. Азбаски ҳамаи ин корҳо дастӣ сурат мегирад, таҳияи ин ё он фарҳанг солҳо тӯл мекашад. Дар сурати рақамӣ ва электронӣ шудани маводи дастнависи Ганҷина ва мутамарказ кардани вожаҳои он кори ходимони Шуъба садчанд осон хоҳад гашт, таҳияи силсилафарҳангҳои гуногуни оммавию соҳавӣ суръат хоҳад гирифт.