17 Oct 2022

ШУЪБАИ ЗАБОНҲОИ БОСТОН ВА ОРИЁӢ

    Шуъбаи забонҳои бостон ва ориёӣ бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 29 августи соли 2022 таъсис ёфта, гурӯҳҳои таҳқиқотии соҳаи таърихи забон, забонҳои бостон ва ориёии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ-ро муттаҳид менамояд. Дар шуъба мутахассисони бахшҳои забонҳои бостонӣ ва муосири ориёӣ, ба хусус таърихи забони тоҷикӣ ва таҳлили синхронию диахронии забонҳои шохаи эронии шарқӣ,  фаъолият менамоянд, ки ба таҳқиқи масъалаҳои пажуҳиши сохторӣ (структурӣ) ва корбурдӣ (функсионалӣ)-и ин забонҳо машғуланд. Мудирии шуъбаро номзади илмҳои филологӣ Мирбобоев А. бар уҳда дошта, феълан дар шуъба номзадҳои илми филология С.Мирзоев (ходими пешбари илмӣ), З.Маҳмадаминова (ходими калони илмӣ), мутахассиси маъруфи забонҳои бостонӣ Б.Бобохонов (ходими калони илмӣ), С. Латифов (ходими илмӣ), З. Хоҷаниёзова (ходими хурди илмӣ), Умарова Ф. (лаборант) фаъолият доранд. Кормандони илмии шуъба дар солҳои охир  беш аз 60 кори илмӣ дар нашрияҳои байналмилалӣ ва ватанӣ оид ба масъалаҳои мубрами забоншиносии эронӣ ба табъ расонда, дар соли соли гузашта 1 нафар диссертатсияи номзадӣ дифоъ намудааст.

    Забонҳои ориёӣ яке аз гурӯҳҳои густурдатарини хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, таърихи беш аз панҷҳазорсола доранд. Аз оғози ҳазорсолаи III пеш аз мелод бо маскун гардидани мардумони ориёии аврупоинажод дар Осиёи Миёна ин забонҳо дар минтақаи мазкур паҳн гашта, сипас дар қораи Ҳинд низ густариш ёфта, ҳоло дар қитъаи Осиё ягона гурӯҳи забонҳои  хонаводаи ҳиндуаврупоӣ ба шумор мераванд. Шароити таърихӣ ба он мусоидат намуд, ки забонҳои ориёӣ вобаста ба минтақаи амалкардашон ба шохаи забонҳои ҳиндӣ ва эронӣ тақсим шаванд. Нахустзабони шохаи эронӣ маҳз дар Осиёи Миёна ташаккул ёфта, дар даврони баъдӣ аз он забонҳои гуногуне пайдо шуда, дар сарзаминҳои шарқию ғарбии Эрони таърихӣ густариш пайдо карданд, ки боиси пайдоиши ду шохаи забонҳои эронӣ – шарқӣ ва ғарбӣ гардиданд.

    Мақсад ва вазифаи шуъба  аз  таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалии самти "Таҳқиқи диахронию синхронии забонҳои ориёӣ " мебошад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик як силсила таҳқиқот доир ба масоили грамматикаи таърихии забонҳои эронӣ (таҳқиқи морфонологии овозҳои вижаи койнеи тоҷикӣ, таҳқиқи морфонологии консонантизми забонҳои ғарбии эронӣ, таҳқиқи кластерҳо дар забонҳои ғарбии эронӣ,таҳлили забони оғозин ва фарҳанги оғозини ориёнӣ), таҳқиқи сохторию корбурдӣ ва лексикологию лексикографии забонҳои эронии шарқӣ, линво-фолклористика ва нашри илмии осори шифоҳии забонҳои эронии шарқӣ анҷом дода шаванд. 

    Мавод ва матолиби илмие, ки аз пажуҳишҳо дар самти мазкур ба даст меояд, барои равшан сохтани манзараи умумии инкишофи таърихии забонҳои ориёӣ, бахусус шохаи эронии он, муайян кардани ҷойгоҳи таърихии ин забонҳо дар низоми таърихии забонҳои ҳиндуаврупоӣ мусоидат хоҳад кард. Таҳқиқи монографии таърихи ин забонҳо, пажуҳиши ҳамаҷониба ва амиқи сохтори савтӣ (фонетикӣ), луғавӣ ва дастурии забонҳои бостонӣ ва муосири ин гурӯҳ яке аз вазифаҳои мубрами шарқшиносии муосир маҳсуб меёбад.