07 Mar 2023
Submitted by Admin
107

Табрикоти Раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба муносибати рӯзи Модар

Зан набошад зебу зинат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.

Зан набошад нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,

Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.

Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли занон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Нақши бонувон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Тавре Сарвари давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.»

Боиси тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар баланд бардоштани мақому манзалати зан ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз дар қаламрави кишвар барои фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Аммо, дар ин роҳ пеш аз ҳама азму талош ва кӯшишҳои паёпаи бонувони мо нақши ҳалкунандаро мебозад.

Итминони комил дорам, ки занону модарони арҷмандамон рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сӯи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон намоянд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо модарону хоҳарони мушфиқу арҷманду гиромиқадрро ба ифтихори Рӯзи модар сидқан муборакбод намуда, ба хонадони якояки Шумо нуру сафо, ваҳдату ҳамдилӣ, хайру саховат ва пирӯзиву баракати зиндагониро таманно дорем.

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Ҷашни Модар муборак, модарону хоҳарони гиромӣ ва бонувони азиз!