25 Jun 2023
Submitted by Admin
118

Имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ конференсия дар мавзуи “Тоҷикистон макони ваҳдати мост” ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар конференсия мувофиқи барнома нахуст Суруди миллӣ садо дода, сипас муовини директор н.и.ф. Муҳаммадиев Шамсиддин чорабиниро ифтитоҳ намуд.

Дар чорабинӣ тибқи барнома ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосир н.и.п. Ҷамолиддин Саидзода дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрор ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва бозтоби он дар осори адибон” ва раиси Шурои олимони ҷавони ИЗА Каримова Ҳилола дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва рушди ҷавонон” баромад намуданд.

Сипас шоири халқии Тоҷикистон, сарходими шуъбаи адабиёти муосири ИЗА Аскар Ҳаким, дар бораи он замони таърихсози миллати тоҷик сухан намуда, ба конференсия ҳусни анҷом бахшиданд.