15 Apr 2023
Submitted by Admin
198
    Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Самарқанд барои ширкат дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия доир ба масоили марбут ба Афғонистон аз Хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ дидан кард.
    Дар доираи ташриф ба хотираи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда ва шоири бузург Садриддин Айнӣ эҳтиром ба ҷо овард.
    Сарвари Хона-музейи Устод Айнӣ Амриддин Пӯлодов ба меҳмонон дар бораи таърихи ташкили осорхона, фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд маълумот дод.
Инчунин, дар дафтари хотироти осорхона андешаҳои худро навишт.