Забони ҳар қавму миллат на танҳо ойинаи таҷаллии рӯзгору афкор, балки шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сарвату дороии мояи ифтихори ҳамон қавму миллат дар тамоми тули таърихи мавҷудияти он ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он бастагии ногусастанӣ дорад.