31 Oct 2022

     АЗ ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ А. РӮДАКИИ АМИТ

     Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ аз умдатарин ва муҳимтарин маркази омӯзиш ва таҳқиқи забон ва адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ мероси фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад. Таъсиси Институт бо таъсиси бахши таъриху лингвистикаи базаи дар Тоҷикистон будаи АИ Иттиҳоди Шуравӣ марбут аст. Бинобар қарори Раёсати АИ Иттиҳоди Шуравӣ аз 17 марти соли 1932 дар ҳайати ин бунгоҳ бахши таъриху лингвистика таъсис дода шуд. Аммо ин бахш дар Тоҷикистон ба таври воқеӣ  аз моҳи ноябри соли 1933 бо сарварии яке аз ховаршиносони варзидаи рус Е.Э.Бертелс ба фаъолият оғоз намуд. 19 ноябри соли 1940 дар асоси бахши таъриху лингвистика Шуъбаи тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ таъсис дода шуд, ки қисмати филологияи он дорои ду бахш – забону адабиёт ва фолклор буд. Соли 1945 ба хотири танзим ва таҳияи фарҳангҳои дузабона, соҳавӣ ва тафсилӣ дар сохтори Институт бахши фарҳангнигорӣ таъсис гардид. Аз 4 марти соли 1948 сохтори Институти таърих, забон ва адабиёт бозсозӣ гардида, бахшҳои таҳқиқ ба шуъбаҳо табдил дода шуданд, ки мутобиқи он ҳар шуъба дорои бахшҳо ва ё гурӯҳҳои ҷудогонаи таҳқиқотӣ буд. Моҳи марти соли 1951 бо қарори Шурои Вазирони Тоҷикистон якҷо бо таъсиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар ҳайати он Институти забон ва адабиёт ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ ташкил гардида, сохтори он иборат аз чаҳор бахш буд: бахши забон, бахши адабиёти классикӣ, бахши адабиёти шуравӣ ва бахши луғатҳо. Ба таърихи 17 январи соли 1958 дар асоси бахши адабиёти классикии Институт Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Моҳи октябри соли 1958 ба муносибати 1100-солагии бузургдошти асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Институт ба номи ӯ гузошта шуд.

     Аввалин таҳқиқоти илмӣ оид ба забон ва адабиёти тоҷик дар замони шуравӣ солҳои 20-уми асри гузашта ба миён омаданд. Пажӯҳиши забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик дар ҷараёни баҳсҳои табдили алифбо ба лотинӣ ва забони адабии тоҷикӣ (1927–1930) сурат мегирифт. Омӯзиши масъалаҳои суханшиносӣ яке аз вазифаҳои Шурои илмии Тоҷикистон (1927), Институти тадқиқотии назди Нозироти (Комиссариати) маорифи Тоҷикистон, ба хусус бахши Тоҷикшиносии он будааст.

    То солҳои 50-уми асри гузашта қариб дар тамоми соҳаҳои филологияи тоҷик мутахассисони баландихтисос ба воя расидаанд. Омӯзиши таърихи забон ва қисматҳои грамматика, лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ва тартиб додани луғатҳои тафсирию дузабона, услубшиносӣ ва таҳқиқи назарияи лексикология ва лексикография, сохтани луғатҳои фразеологӣ ва таҳқиқи масъалаҳои поэтика, омӯзиши қиёсии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ҷамъоварӣ  ва нашри осори эҷодиёти халқ, таҳқиқи жанрҳои фолклор, ҷустуҷӯ ва ба чоп омода кардани  мероси адабӣ ва таҳқиқи эҷодиёти адибони ҷудогонаи давраҳои адабиёти классикӣ ва нави тоҷик ва масъалаҳои робитаҳои мутақобили адабиётҳо аз мавзуъҳое  буданд, ки ба барномаи асосии Институт дохил гардиданд. Ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмию ташкилии Институт барномарезии амиқ ва дахолат ба ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сохтмони маданӣ дар ҷумҳурӣ хос буд.

     Кормандони илмии Институт дар ҳалли мавзуъҳои  умумииттфоқии Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий, институтҳои  забоншиносӣ ва шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ, аз қабили “Таърихи адабиёти милали Шуравӣ”, дар шаш ҷилд (М., 1969–73), “Роман дар адабиёти милали Шуравӣ” (М., 1985), “Таҳқиқи типологии забони русӣ – забони дӯстӣ ва равобити қавмҳо ва миллатҳо” (М.,1984–1987) саҳм гузоштаанд. Ходимони илмии Институт дар ташкил ва гузаронидани Симпозиуми байналхалқии “Назми муосири форсизабонон”(1967) ва конфронсҳои умумииттифоқӣ ва минтақавии “Таъсирпазирӣ ва баҳамтаъсирии фолклори халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон”(1969), “Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар адабиёти муосири тоҷик” (1974), “Садриддин Айнӣ ва ҷараёнҳои адабии муосир” “Мирзо Турсунзода ва ҷараёнҳои муосири адабӣ”, “Масъалаҳои дузабонӣ ва такмили таълими  забони русӣ” (1984) фаъолона иштирок намудаанд. Ба   Институт ташкил ва гузаронидани сессияи ҳарсолаи “Солонаи Айнӣ” вогузор шудааст. То соли 2017 сессияҳои илмии “Солонаи Айнӣ” зиёда аз 40 маротиба баргузор шуда, дар онҳо беш аз 450 гузориши илмӣ, ахбор ва суханрониҳо шунида, баррасӣ шудаанд. Маводди сессияҳои мазкур дар силсилаи “Ҷашнномаи Айнӣ” мунтазам чоп мешаванд. Нашри асарҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, ба чоп расонидани дурдонаҳои мероси мадании гузашта ва намунаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум яке аз вазифаҳои асосии Институт маҳсуб меёбад. Институт соли 1941 3 китоб дар ҳаҷми 14 ҷузъи чопӣ нашр карда бошад, ҳоло соле 12-15 асар ба нашр мерасонад, ки ҳаҷми он 200-220 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад.

      Дар солҳои 1951-86  Институт дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ленинград 435 адад китоб ба табъ расонидааст. Муҳимтарин асарҳои Институт “Луғати русӣ–тоҷикӣ”, дар ду ҷилд (1933–1934) бо иштироки С.Айнӣ; “Намунаҳои адабиёти тоҷик”(1940, бо иштироки бевосита ва зери роҳбарии С.Айнӣ), “Луғати русӣ-тоҷикӣ” (1949, 1985) “Луғати русӣ-тоҷикӣ”(1954), “Ҷамъбасти илмии шеваҳои ҷанубии тоҷикӣ”, дар 5 ҷилд (1979-85), “Грамматикаи забони тоҷикӣ” барои мактабҳои олӣ, Морфология ва синтаксис (қ. 1, соли 1956; қ. 2, соли 1963 ва нашри дуюми ҳарду китоб– солҳои 1984-85); “Фарҳанги забони тоҷикӣ” аз асри  X то ибтидои асри XX, дар ду ҷилд (1969); “Очерки таърихи адабиёти шуравии тоҷик”, дар ду ҷилд (солҳои 1956-57), нашри русии он дар як ҷилд–М., 1961); “Очеркҳо оид ба адабиёти тоҷики асри X то ибтидои асри XX”, дар 12 китоб (1976–87); “Таърихи адабиёти советии тоҷик”, дар шаш ҷилд (ҷилдҳои 1–2,4,6 1976–87); “Куллиёти фолклори тоҷик”, дар 35 ҷилд (ҷилди 1, 1981); “Нашри академии асарҳои Абулқосим Лоҳутӣ”, дар шаш ҷилд (1987–90) ва ғ. мебошанд. Институт нашри нави Куллиёти Лоҳутиро дар 7 ҷилд ва Куллиёти устод Айниро дар 22 ҷилд ба чоп расонид.

    Барои омӯзиши мероси адабии шоирону нависандагони муосир, нашри интиқодӣ ва илмии чеҳраҳои шинохтаи адабиёт, ҳамчунин ҷовидон сохтани хотираи бузургони адабиёт дар солҳои гуногун дар назди  Институт осорхонаҳои адабии Садриддин Айнӣ (1955), осорхонаи М.Раҳимӣ (1968), осорхонаи адабии М.Аминзода дар шаҳри Хуҷанд (1976), осорхонаи адабии М.Турсунзода (1978), осорхонаи А.Лоҳутӣ (1980) таъсис дода шуданд.

    Дар заминаи ду муассисаи илмӣ-академӣ – Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ 4 феврали соли 2011 Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки пас аз шаш соли фаъолият бо ин ном дар соли 2017 боз бо номи собиқи худ – Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ имрӯз фаъолият менамояд. Институти мазкур аз муҳимтарин маркази тадқиқу таҳқиқи забон ва адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дар маҷмуъ, муассисаи умдаи омӯзиши фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Масъулияти нигаҳбонӣ ва ҳифзи  тамоми мероси фарҳангии гузашта ва муосир бар дӯши ин муассисаи бонуфузи илмӣ вогузор шудааст. 

    Аз замони таъсиси Институти таърих, забон ва адабиёт дар солҳои гуногун ба ин муассисаи илмӣ донишмандони зерин сарварӣ кардаанд: узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор Б.Н.Ниёзмуҳаммадов (1941-1944), профессор Ш.Ҳусейнзода (1944-1947), узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор А.Мирзоев (1947-1952), узви пайвастаи АМИТ М.Фозилов (1952-1958), доктори илми филология, профессор Х.Мирзозода (1958-1959), узви вобастаи АМИТ Н.А.Маъсумӣ (1959-1972), узви вобастаи АМИТ, профессор А.Маниёзов (1972-2000), узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология Д. Саймиддинов (2000-2005), доктори илми филология С.Назарзода (2006-2011), узви пайвастаи АМИТ, доктори илми фалсафа А.Турсунов (2011-2015), узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология С. Раҳматуллозода (2015-2019),  узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология Н.Салимӣ ( 2019- 2019), номзади илми филология Б. Шарифзода (2020-2022). Феълан директори Институт доктори илми филология Фарангис Шарифзода (13 июли 2022 ) мебошад.

    Институт дар даврони Истиқлол аз рӯйи мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии гуногун кору фаъолият дорад. Дар Институт   шаш шуъба – тарихи адабиёт, адабиёти муосир, забони тоҷикӣ, забонҳои бостон ва ориёӣ, фарҳангнигорӣ ва истилоҳот, шуъбаи фолклор ба кору фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ машғуланд. Инчунин дар Институт панҷ ганҷина – ганҷинаи луғат ва истилоҳот, ганҷинаи мероси адабӣ, ганҷинаи сабти овозӣ, ганҷинаи фолклор, ганҷинаи шевашиносӣ нигаҳдорӣ ва ҳифз мешавад.