05 Oct 2022

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПЕШРАФТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Submitted by Admin
317

Забони ҳар қавму миллат бидуни шак ойинаи рӯзгори гузаштаву имрӯзаи ҳамон қавму миллат аст, ки дар худ таъриху фарҳанг, донишу хирад ва тафаккуру андешаи онро инъикос мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ойинаи ҳақиқатнамои забони модарии мо таърихи пурифтихор, фарҳанги оламгир ва донишу хиради азалии мардуми мо бо ҳама шукӯҳу шаҳомат ва қудрату азамати худ дар қолаби назму наср мунъакис гардидааст.

TJ
03 Oct 2022

Таъсири омилҳои фарозабонӣ ба забон

Submitted by Admin
326
Забони тоҷикӣ дар тули мавҷудияти худ зери таъсири омилҳои фарозабонӣ қарор дошта, унсурҳои фарозабонӣ дар баробари омилҳои дохилизабонӣ ба таркиби вожагонӣ ва ҳатто ба бархе аз бахшҳои дастурии забон, вожагон, овошиносӣ, наҳв таъсири зиёде доштааст.
TJ
29 Sep 2022

ҶИЛВАИ ҶАМОЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО

Submitted by Admin
297
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад.
TJ
28 Sep 2022

АВЗОНИ ҒАЙРИМАЪМУЛ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ МАВЛАВӢ

Submitted by Admin
269

Девони шеър, чунонки маълум аст, тибқи суннатҳои устувори адаби порсӣ, аз рӯи ҳарфи охири қофия тартиб дода мешавад. Ғолибан, дар девонҳои ғазалиёти шоирони гузаштаи мо ин қоида риоят шудааст.

TJ

Pages